Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 аз тими “Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Ахиран пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Фарҳангистони улум ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, то дар барномаи таълимии мактабҳо дар манотиқе, ки яғнобиҳо онҷо зиндагӣ мекунанд, дарси забони яғнобӣ ворид карда шавад.
Бо пешниҳоди 2000 квотаи таҳсил дар донишгоҳҳо, Русия дар садри кишварҳое қарор гирифт, ки ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба донишгоҳҳо мехонанд.
Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё) бар "Sheikh Russel Krira Chakra"-и Бангладеш бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.
Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон.
Маросими видоъ бо вакили порлумон Сӯҳроб Шарифов рӯзи 20 январ дар масҷиди маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе баргузор ва ҷасади ӯ дар оромгоҳе дар наздикиҳои пойтахт ба хок супурда шуд.
Ширкати “Фароз” бо пахши изҳороте аз тамоми расонаҳо хостааст, Умаралӣ Қувватовро дигар ба ҳайси масъули собиқи ин ширкат муаррифӣ накунанд. Онҳо мегӯянд, Қувватов ҳеч вақт ҳамроҳи онҳо набуд.
Натиҷаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ба назари бисёриҳо, аз ҳоло маълум аст. Вале як интригаи боқимондаи ин маърака сарнавишти ҳизби наҳзати ислом аст, ки оё 2 курсиашро дар порлумони оянда ҳифз мекунад ё ..?
Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки бисёриҳо рӯзи интихоботи порлумонии Тоҷикистонро медонанд, вале номзадҳои матраҳ дар ин маъракаро намешиносанд.
Шифои гесукаманд аз раъйаш нагаштааст ва омодааст, ба хотири фарзандону беҳтар кардани вазъи зиндаги мӯйҳои дарозу зебояшро бифурӯшад.
Наздик шудани Соли нав ташвишу тараддуди мардум дар кӯчаҳои Душанберо зиёдтар кардааст. Аксари мардум бо харидани тӯҳфаҳои солинавӣ ва қанду ширинҳо дар пайи таҳияи дастурхони идонаанд.
Дар Тоҷикистон мардум ба таҷлили Соли нави милодӣ омодагӣ мегиранд. Рӯзи 31 декабр дар Душанбе фурӯши тӯҳфаҳову бозичаҳои солинавӣ ва қанду шириниҳо дар авҷ буд.
Дар анҷумани Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзадии 14 нафар ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардид ва аммо дар садри рӯйхат баъд аз раҳбари ҳизб Шоди Шабдолов ҷой гирифтани Исмоил Талбаков, боиси баҳси шадид гардид.
Аҳли хонаводаи Зеварбону Пирова, зани кӯчарӯбе, ки дар натиҷаи садама дар роҳ ба ҳалокат расид, мегӯянд, аз афв шудани ҷавобгари марги Зеварбону такон хӯрдаанд.
Донишмандони Шветсия бори аввал дар ҷаҳон таркиби носро таҳқиқ карда, дар ин навъи тамокуи роиҷ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маводи саратонзо ва моддаҳои заҳрдоре, чун арсен (марги муш), кадмий ва сурб пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон афроде, ки ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, аз намояндагони меҳнатӣ зеҳнӣ бештар маош мегиранд.
Аз тамоми ҳамсолони Душанбе, ки теъдодашон ба 84 мерасад, қадрдонӣ шудааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, барои 90-солаҳои пойтахт зиёфат ороста, барои ҳарк адоми онҳо 1000 сомонӣ ҳам додааст.
Як пиразани 70-солаи рус дар Душанбе мегӯяд, ба таронаоҳи тоҷикӣ завқи беандоза дорад ва гоҳ-гоҳе ба тоҷикӣ суруд мехонад.
Бузҳои парворӣ аз сершумортарин хели чорвои молбозоре буд, ки дар арафаи Иди Қурбон ё Ид-ал-Азҳо баргузор шуд.
Донистани забони тоҷикӣ то ҳол як меъёри муҳим барои пайдо кардани ҷои кори муносиб дар Тоҷикистон нашудааст.
Ёфтҳои бештар