Бонки мардумии амонатгузории Қазоқистон эълон кард, ки бахши тоҷикистонияшро ба номи "Халиқ Бонк" ба Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон мефурӯшад. Шарти хариду фурӯш дақиқ нест. Як сол пеш "Халиқ Бонк" аз фоидаовар набудани бозори Тоҷикистон ва як намояндааш аз фишору тафтиши зиёд суҳбат карда буданд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол "Мармарӣ", як ширкати азими чорво ва парандапарвариро барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Намояндагони ҳукумат сабаби тасмимро нагуфтанд.
Чин додугирифти молро бо Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол 1 миллиарду 170 миллион доллар ҳисоб кардааст. Мақомоти Тоҷикистон гардиши молро бо ҳамсояи шарқии худ 670 миллион доллар мегӯянд. Ба ин тартиб, дар ним сол ним миллиард доллар ё ҳар рӯзе қариб се миллион доллар "гум" шудааст.
Аксар ширкатҳои вобаста ба "Фароз" ба таври гуё мустақилона ё бо номи дигар кори худро давом дода, масири даромадашон тағйир накардааст. Яке аз онҳо “Беҳдоштӣ” аст.
Корхонаи нуриҳои "Азот" (заводи пешини нуриҳои азотии Вахш) ба ихтиёри ширкате дода шуд, ки дар борааш ягон маълумот вуҷуд надорад. Соҳибаш маълум нест ва гуфта намешавад, ки ба чӣ маблағе ин коргоҳро харидааст.