Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси "Мармарӣ". Мардум гуфтанд, ҳукумату порлумон хомӯшанд


Ҳангоми кушодани корхонаи "Мармарӣ" дар Данғара
Ҳангоми кушодани корхонаи "Мармарӣ" дар Данғара

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол "Мармарӣ", як ширкати азими чорво ва парандапарвариро барои овардани 140 номгӯй молу маҳсулот аз хориҷа аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) озод кард. Намояндагони ҳукумат сабаби тасмимро нагуфтанд. Баъзе аз намояндагони порлумон низ нахостанд, дар бораи "Мармарӣ" ва имтиёзҳояш муфассал гап зананд. Хабар дар бештар аз як моҳи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде ба вуҷуд овард.

Гуруҳе онро пуштибонӣ аз ширкатҳои ба истилоҳ ватанӣ номида, дигарон дастгирии корхонаҳои вобаста ба мансабдорони баландпоя донистаанд. Ҳомиддин Наҷмуддинов дар Фейсбук эътироз кардааст, ки "ҳеч пешравии корхонаҳои ватаниро дида натавонистед." Абдуҷалил Мирҷамолов ҳам бовар дорад, ки "ин ба тезтар рушд кардани иқтисод ёрӣ мекунад. Боз тезтар таъмин намудани аҳолӣ бо хӯрокворӣ."

Аммо сафи мухолифони тақдими сабукӣ ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон кам нест. Ин гуруҳ далелҳои худро доранд. Муҳаммад Солеҳ дар Фейсбук навиштааст, "то вақте ин ширкатҳо набуданд, гӯшти парандаю чорво ва тухм арзонтар буд... Баъд аз имтиёз гирифтани чунин ширкатҳо, нарх ба осмон расид... Пас, фоидаашон чист?" Корбаре ба номи Анӯша муътақид аст, ки "онҳо барои кисаи худ ҷон мекананд, на барои пешравии ҷомеа."

Дар як соли охир бори дувум аст, ки ширкати "Мармарӣ" аз ҳукумат имтиёз мегирад. Соли гузашта ширкатро барои ҳафт сол аз пардохти андозҳо пурра озод карда буданд. Кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкатро шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид ҳеч ишорае намекунанд.

Як сол пеш ҳам баҳс шуд, вале...

Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба баъзе аз ширкатҳо пайиҳам сабукӣ медиҳад. Айни масъала соли гузашта дар Маҷлиси Намояндагон матраҳ шуда буд. Он вақт раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон хоста буд, имтиёзи баъзе аз ширкатҳоеро, ки ба пойи худ рост шудаанд, бекор кунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 3-юми ноябри соли 2021 дар ҷаласаи порлумон дақиқ аз корхонае ном набурда, аммо чунин гуфта буд: "Дар солҳои пеш якчанд корхонаву ширкатҳоро аз пардохтҳои андоз озод кардем. Пеш бемории COVID-19 набуд ва давлат иқтидор дошт, як лутфу марҳамате нисбати ширкатҳо кунад. Имрӯз хуб мешуд, ки Вазорати молия ҳамон рӯйхатро баррасӣ мекард, ки имкон дорад баъзе аз ин имтиёзҳоро бекор кунем."

Дар он ҷаласа вазири молия ва раиси Кумитаи андози Тоҷикистон низ буданд, аммо посухи дақиқ нагуфтанд. Дертар вазири молия гуфт, ҳадаф аз тақдими имтиёз ба ширкатҳо "таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст ва бекор карданаш зараровар".

Ҳудуди 70 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохти андоз пур мешавад. Аз ин рӯ, додани ҳар имтиёз ба ширкатҳо ба буҷа таъсир мегузорад.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир ба далели, ба гуфтаашон, “ҷалби сармоя” ба чандин корхонаву ширкатҳо имтиёзҳои калони молӣ доданд. Ин тасмим танқидҳои зиёдро ба миён овард ва бархе ҳам эътироз карданд. Аз ҷумла, роҳбарони 17 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ соли 2021 аз додани имтиёзи алоҳида ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ норозӣ буданд.

Пайвандӣ ба раҳбарон?

Ин назар ҳам вуҷуд дорад, ки пайвандӣ ба шахсони баландмақом ба гирифтани имтиёз аз давлат нақши муҳим дорад. Мақомот чунин иддаоро намепазиранд. Солҳои охир баъзе ширкатҳое аз пардохти андоз озод шуданд, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур ва мансабдорони дигари баландпоя тааллуқ доранд.

"Барои мисол, сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", ки ба Ҳасан Асадуллозода мутааллиқ аст, 16-17 сол боз аз андоз озод мешавад. Ё ширкати "Авесто гурӯҳ", ки гуфта мешавад, ба дӯстони шаҳрдори Душанбе мутааллиқ аст, дар муддати кӯтоҳ чанд бор аз пардохтҳои гумрукиву андозӣ озод шуд. Ё ширкати қаннодии "Амирӣ", ки ба Зарифбек Давлатов мутааллиқ аст, барои даҳ сол аз пардохти андоз озод гардидааст," – қаблан шарҳ дода буд Абдуманнон Шералиев ба Радиои Озодӣ.

Шералиев мегӯяд, дар Тоҷикистон баъзе аз ширкатҳои чинӣ ҳам аз пардохти боҷу андоз озод мешаванд ва "ин гузашти иқтисодӣ барои манофеи сиёсист". Мақомот борҳо гуфтаанд, ки имкони додани имтиёз ба ҳамаи сармоягузорон мавҷуд аст.

Кӣ чӣ сабукӣ гирифт?

Кӯшишҳои мо барои гирифтани рӯйхати ширкатҳои соҳиби имтиёз аз Кумитаи андоз то ин дам бенатиҷа буд. Вале гирдоварии иттилоъ аз манобеи дастрас нишон дод, ки дар панҷ соли охир чандин ширкат аз давлат имтиёзҳои калон ва дарозмуддат гирифтаанд.

  • "Авесто гуруҳ" ҳадди ақал се бор аз чунин имтиёз баҳравар шудааст. Танҳо дар як дафъа порлумон ин ширкатро аз пардохти қариб 4,5 миллион сомонӣ андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард. Мақомот гуфтанд, имтиёз ба ин ширкат ба хотири ворид кардани таҷҳизот барои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт буд. Ду дафъаи дигар ҳам "Авесто гуруҳ" барои сохтани корхонаи оби "Сиёма" ва ҷорӣ кардани низоми биллингӣ дар Душанбе соҳиби имтиёз шуд.
  • "Амирӣ", корхонаи қаннодӣ, ҳам 10 сол аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шудааст. Тибқи аснод ин ширкат ба Зарифбек Давлатов, домоди раиси ҷумҳур тааллуқ дорад.
  • Ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2020 воридоти маҳсулоти сохтмониро барои осоишгоҳҳои "Шоҳамбарӣ" ва "Зумрад" аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард. Ин ду осоишгоҳ, тибқи маълумоти OCCRP, ба наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд.
  • "Агротехсервис"-и Ҳисор барои овардани қисмҳои эҳтиётӣ барои истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ аз пардохти андоз озод шудааст.
  • "Ғаюр Пак"-ро ҳам 5 сол аз пардохти молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда ё НДС озод кардаанд.
  • Таҷҳизот ва фанновариҳоеро, ки ширкати чинии TBEA барои истихроҷи тило дар конҳои "Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд меорад, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод шудаанд. Ин ширкат дар ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳии 2 дар Душанбе ба ин конҳо дастрасӣ пайдо намуд.
  • Инчунин, барои воридоти чанд навъи маҳсулот, аз ҷумла гандум барои корхонаҳо ва мазут барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе имтиёз муқаррар шудааст.
  • Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 Оҷонси захираҳои моддии давлатиро ҳангоми воридоти мол аз пардохти баъзе боҷу андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод кард. Вакилони порлумон тасмимро “муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ” номиданд, аммо соҳибкорони дигар онро хилофи рақобат дар бозор донистанд.
  • Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар охири соли 2021 ба "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, имтиёз доданд. Мақомот гуфтанд, ширкат дар Панҷакент коргоҳи нав месозад ва барои ҳамин аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Раванди шаффоф ё ғайришаффоф?

Мақомот раванди пешниҳоди имтиёзро ба ширкатҳо шаффоф ва натиҷаи онро дар рушди иқтисоди кишвар назаррас медонанд.

Як таҳлилгар дар Душанбе, ки ба сабаби баҳсӣ будани масъала нахост номаш зикр шавад, рӯзи 13-уми ноябр гуфт, “дар Тоҷикистон ҷараёни гирифтани имтиёзи андозиву гумрукӣ шаффоф нест. На ҳама ширкатҳо метавонанд, аз чунин имтиёз бархурдор шаванд. Маълум аст, дар инҷо мансабдорон манфиатдоранд ва мехоҳанд, ширкатҳои наздик ба онҳо аз пардохти андоз озод шаванд. Дар натиҷа, сарбории андоз ба ширкатҳои дигар бештар мешавад. Рақобати носолим ба миён меояд.”

Масъалаи додани имтиёз ба корхонаву ширкатҳо ва номгӯи баъзе молу маҳсулот, ки ҳангоми воридот аз боҷи гумрукӣ озоданд, ҳамасола дар тарҳи қонуни буҷаи Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, додани имтиёз бояд барои ҳамаи ширкатҳо яксон бошад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи онҳо, "як гуруҳ муфлис ва бозор зери инҳисор ё монополияи тарафи дигар қарор мегирад. Пайомаде, ки рақобатро дар бозор нест мекунад, сабаби гаронии нархҳо мешавад ва дар ниҳоят зарбаи он ба ҷайби мардуми одӣ мерасад."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG