Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бунёди боғи хуч дар ноҳияи Мӯъминобод баҳсбарангез шудааст. Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба ноҳия ба ҷангалбонҳо дастур дод, ки боғи хуч бунёд кунанд. Пас аз бунёди боғ раиси ноҳия дар пайи эътирози додситон онро ғайриқонунӣ дониста, қарорашро бекор кардааст.
Афроде, ки дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии писта машғуланд, имсолро соли фаровонии ин навъи мевагӣ медонанд.
Саҳми шаҳри саноатии Норак дар таҳияи буҷаи вилояти Хатлон кам карда шуд, зеро он натавонист, нақшаҳои пешинаро ба иҷро расонад.
Ёдгорие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба хотири эҳтиром ба сайёҳони кушташудаи хориҷӣ гузошта шуда буд, нопадид гаштааст.
Садҳо нафар дар Ховалинг, ки бо даст тило ҷустуҷӯ мекарданд, бо фишори соҳибони ширкатҳои заршӯӣ, кори худро тарк кардаанд.
Теппаи маъруф дар Бохтар, Қурғонтеппаи собиқ, ки макони тамошои сайёҳон ва сокинон аст, сӯрох шудааст ва бинои осорхонаи он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Дар деҳаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг натиҷаи ваъдаи ҳукумат ва соҳибкоронро метавон шоҳид шуд.
Майдони парчаме, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, даҳ моҳ пеш дар ноҳияи Мӯъминобод боз карда буд, ба партовгоҳ табдил ёфтааст.
Аслиддин Достиев, хабарнигори тоҷик, ки бо нашри мақолаҳои интиқодиаш дар матубот шинохта мешавад, шоми 8-уми август дар синни 64-солагӣ дар бемористони вилоятии Кӯлоб даргузашт.
Як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кадуҳое парвариш кардааст, ки як донааш то 50 кило вазн дорад.
Дар 10-километрии марзи Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон дувоздаҳ сар бузҳои морхӯр ва гӯсфандони бухороӣ парвариш меёбанд.
Чемпо - бузи кӯҳии морхӯр – як ифтихори мамнӯъгоҳи “Шоҳин” аст, ки дар 10-километрии сарҳади Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсидддини Шоҳин ҷойгир аст.
Мақомот пойгоҳи марзбониро аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) ба душворназораттарин қитаъи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон кӯчонданд.
Маҷиди Муҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинг ба хабарнигорон иҷоза надод, ки нишасти матуботиашро бо телефони мобилӣ навор гиранд.
Як сокини ноҳияи Восеъ иддао дорад, ки ӯро барои бо телефон ворид шудан ба бинои ШВКД-и ин ноҳия ва сабти ҳақорати маъмурони пулис шиканҷа кардаанд.
Пайвандони панҷ нафаре, ки дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб зери хок ҳалок шуданд, аз кори хадамоти ёрирасон норизоянд.
Полоишгоҳи нафти Данғара то ҳол сармоягузор наёфтааст. Масъулон шаш моҳ пеш ба густариши ҳамкориҳо бо Эрон умед баста буданд. Ҳоло мегӯянд, ки гуфтушунид бо сармоягузорони чинӣ ва араб ҳам сар шудааст. Мушкил сари чист? Дар навор бинед
Парвандаи Сайидмуъмин ва Сайфиддин Давроновҳо бар асоси қаллобӣ тафтиш мешуд. Додситонӣ гуфт, онҳо афв шуданд. Хонаводаи Давроноҳо аз оғоз парвандаашонро фармоишӣ медонистанд, аммо баъди раҳоӣ нахостанд, суҳбат кунанд.
Аксар ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки роҳашон ба кишварҳои дигар баста аст, ба кишварҳои Осиёи Миёна рӯ овардаанд. Ширкати “Уралские авиалинии” аз ҷумлаи онҳост, ки парвозҳоро ба Фурудгоҳи Кӯлоб дар Тоҷикистон бештар кардааст.
Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шикоят доранд, ки дар даруни об ва дар канори қурбоққаҳо зиндагӣ мекунанд, аммо касе ба додашон намерасад. Масъулони ҳукумат мегӯянд, ин ҳолат мавсимист ва дар фикри ҳалли мушкил ҳастанд.
Ёфтҳои бештар