Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархор мегӯянд, чанд сол боз дар даруни об зиндагӣ доранд. Дар ҳавлӣ фақат мӯза мепӯшанд ва хонаҳо пур аз қурбоққа аст. Муроҷиати пайвастаи сокинон ба мақомот бенатиҷа будааст.
Кӯдаке, ки бо вазни рекордӣ дар Кӯлоб таваллуд шуда буд, 5-сола мешавад. Ӯ ҳангоми ба дунё омадан ҳашт кило вазн дошт ва ба гуфтаи пизишкон, ҳеҷ гоҳ дар кишвар бо чунин вазн тифле ба дунё наёмада буд.
Тифле, ки бо гаронтарин вазн дар Тоҷикистон таваллуд шуда буд, панҷсола шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як гӯшаи хатарноку осебпазири роҳи Душанбе-Бадахшонро бо сохтани нақб бехатар мекунанд. Қитъаи роҳ дар ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст ва ҳар сол зери об мемонаду рафтуомад имконнопазир мешавад. Қарор аст, нақб то охири имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Панҷ зодаи Тоҷикистонро дар Олмон (Германия) бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ва нақшаи ҳамлаи террористӣ дар ин кишвари аврупоӣ ба зиндон маҳкум карданд. Ҳукм 31-уми май эълон шуд.
Пас аз чандин шикоят дар бораи инки нозирони роҳ асосан ронандагони мошинҳои "назарногир"-еро ба монанди "Опел"-у "Мерседес"-и фарсуда тафтиш мекунанд, вале айни замон ба мошинҳои гаронарзиш коре надоранд, хабарнигори Радиои Озодӣ рафтори онҳоро дар Кӯлоб санҷид.
Мақомоти Кӯлоб 7 сол боз ваъда медиҳанд, ки барои сокинони минтақа китобхонаи электронӣ таъсис медиҳанд. Хабарнигорон ҳангоми як нишасти хабарӣ ин масъаларо аз шаҳрдор пурсиданд. Посухи раис чӣ буд? Дар навор бинед.
Дастаи як замон сермухлис ва овозадори "Ҳосилот"-и Фархор талош дорад, мавқеъеро, ки солҳои пеш дошт, барқарор кунад. "Ҳосилот" дар панҷ бозии мавсими имсолаи футбол дар лигаи аввал бохт надорад ва пешрафташро дар пайдо намудани сарпараст ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ медонад.
Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст.
Сокинони Кӯлоб аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбати боғу гулгаштҳо дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷойи гулҳоро алаф гирифтаст. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, то ҳадди имкон гулгаштҳоро нигоҳубин мекунанд.
Ҳазорон нафар дар Кӯлоб дар дохили мошинҳои сайёр бадани худро ташхис кардаанд.
Мушкили сокинони деҳоти дурдасти минтақаи Қулоб, ки аз набуди бемористони муҷаҳҳаз ва хизматрасониҳои тиббӣ азият мекашиданд, барои муддате ҳал шуд. Дармонгоҳи Сайёре дар ин минтақа сокинонро ройгон ташхис мекунад.
Мақомоти расмӣ ва сарони донишгоҳҳо дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо ситоиш ва қаноатмандӣ хабар медиҳанд, ки шумори зиёди донишҷӯён “ихтиёрӣ” ба хидмати ҳарбӣ мераванд. Айни замон баъзе аз донишҷӯён мегӯянд, онҳоро маҷбурӣ мефиристанд.
Як духтари 14-сола аз ноҳияи Восеъ барандаи озмуне аз Тоҷикистон дар донишгоҳи "Брунел"-и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир шудааст.
Мулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз руҳониёни шинохта ва баҳсбарангез дар Тоҷикистон дар мавъизааш пеш аз намози иди Рамазон аз боло рафтани нарху наво дар арафаи ид гила кард.
Як гурӯҳ ронандагон дар Кӯлоб, ки рӯз ба мусофиркашӣ машғуланд, шабона бел мегиранд ва роҳсозӣ мекунанд.
Кӯлоб сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон, бо 230 ҳазор аҳолӣ як сол боз идораи роҳсозӣ надорад. Набуди ниҳоде, ки роҳҳоро нигоҳубин мекунад, бархе аз ронандаҳоро маҷбур кардааст, мошинро як сӯ гузоранду роҳҳоро таъмиру ҳамвор кунанд.
Мадина Рустамии 13-сола панҷ сол боз бо писарон гуштӣ мегирад ва дар ин муддат ба хона 50 медали тилову нуқра овардааст. Дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Модараш дар оғоз мухолифи варзишкории ӯ буд. Падараш ҳамеша ҳимоят кардааст.
Ёфтҳои бештар