Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳоли зорро бинед." Зиндагӣ дар даруни об ва дар канори қурбоққаҳо. ВИДЕО


Баъзе аз сокинон гуфтанд, сандуқҳоро чун кати хоб истифода мекунанд
Баъзе аз сокинон гуфтанд, сандуқҳоро чун кати хоб истифода мекунанд

Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шикоят доранд, ки дар даруни об ва дар канори қурбоққаҳо зиндагӣ мекунанд, аммо касе ба додашон намерасад. Масъулони ҳукумат мегӯянд, ин ҳолат мавсимист ва дар фикри ҳалли мушкил ҳастанд.

Хонаҳои “зери об” дар деҳаи Ҳаёти нав ва дар наздикии канале ҷойгир аст, ки обаш аз дарёи Панҷ ҷорӣ мешавад. Мардум обро баҳору тобистон барои киштукор ба инҷо меоранд, аммо дар ин муддат хонаҳояшон низ “сероб” мешавад.

“Се сол аст, ки ҳар баҳору тобистон дар даруни об мемонем. Фармон медиҳанд, мегӯянд, ки дастгирӣ кунед, аммо дар амал иҷро намешавад. На раиси ҷамоат дастгирӣ мекунад, на раиси идораи об,” – гуфт Савринисо Сафарова, сокини деҳаи Ҳаёти нав.

Дар ин хонаҳо селаи қурбоққаҳоро низ мебинед. Чунин вазъ сокинонро маҷбур кардааст, ки дар дохили хонаву рӯйи ҳавлӣ бештар бо мӯза гарданд.

Ороста Каримова, сокини деҳаи Ҳаёти нав, мегӯяд, барои гирифтани орд ба анбор мӯза пӯшида меравад, чун чораи дигар надорад. Вай нақл кард, ки се сол боз танҳо дар вақти хоб ё ҳангоми ба ҷое рафтан мӯзаашро мекашад.

“Ҳама чиз дар даруни об мондааст, ҳоли зорро бинед. Гандум ҳам дар даруни об монд,” – гуфт ӯ.

Кӯдакон ҳар рӯз бо сатил оби дохили хонаҳоро ба берун мекашанд, вале ба пурра хушк кардани он зӯрашон намерасад. Намии зиёд баъзе аз мардумро маҷбур кардааст, сандуқҳои хонаашонро ҳамчун кати хоб истифода баранд.

“Мо мехоҳем, ки намояндагони мақомот омада, ҷойи моро бинанд. Ба доди мо бирасанд. Як кор кунанд, ки об ба хонаҳои мардум надарояд,” – гуфт Сафаргул Хоҷаева.

Дар ҳукумати ноҳияи Фархор гуфтанд, аз мушкили мардуми Ҳаёти нав хабар доранд ва дар фикри рафъи мушкил ҳастанд, аммо нагуфтанд, кай ва бо кадом роҳ. Сокинон мегӯянд, тайи се сол аз мақомоти маҳаллӣ гирифта, то дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нома фиристодаанд, вале ба ҷуз аз ваъда чизи дигаре надиданд.

Наворро дар инҷо бинед:

Зиндагӣ дар хонаи намнок ва дар канори қурбоққаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00
XS
SM
MD
LG