Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ин шифохона то чанд соли пеш, имконоти қабули беморони зиёдеро надошт ва набуди шароит сабаби вазнинтар ва ё ҳатто марги беморон мешуд. Ҳоло дигар чунин нест.
Дар бемористонҳои Кӯлоб то вақтҳои охир аз “Ёрии таъҷилӣ”-и чинӣ ё машҳур ба "Тангем" истифода мебурданд. Сокинон ҳам аз сифати пасти мошинҳо шикоят доштанд.
Дар вилояти Хатлон иштиёқи ҷавонон ба омӯхтани забони англисӣ меафзояд ва онҷо марказҳои нави омӯзиши ин забон боз мешаванд. Радиои Озодӣ ба яке аз ин марказҳо рафт ва бубинед, чӣ дид.
Пештар сокинон шикоят доштанд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, аммо фарзандони шахсони доро ва мансабдор ҷалб намешаванд.
"Толибон", ки акнун ба Афғонистон ҳукумат мекунад, як гуруҳи 130-нафариро дар вулусволии Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони ин кишвар ҷойгир кардааст, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин)-и Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон даҳҳо сокини яке аз рустоҳо аз қарори раиси ноҳия асабонӣ шудаанд, чун заминҳои чарогоҳи онҳоро ба ихтиёри каси дигаре додааст.
Бостоншиносони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон дар Ховалинг нишонаҳоеро пайдо кардаанд, ки осори зиндагӣ дар тақрибан як миллион сол пешро нишон медиҳад.
Додситонии ноҳияи Темурмалик ба таҳқиқи заҳролудшавии 18 узви як хонавода оғоз кардаааст, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса ду ҳафта дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Темурмалик рух дода, масъулин тоза ҷузъиёти онро шарҳ доданд.
Ба дари Идораи сохтмони асосии шаҳри Кӯлоб муҳр задаанд, чун барои таъмини равшанӣ дар кӯчаҳо аз хориҷа 300 қандил оварда, вале боҷи гумрукии онро напардохтааст. Шаҳрдории Кӯлоб пештар ваъда дода буд, ки боҷро медиҳад. Сухан дар бораи 707 ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан 70 ҳазор доллар, меравад.
Кор накардани чароғакҳои роҳ дар назди шаҳрдории Кӯлоб то кунун сабаби даҳҳо садамаҳои нақлиётиву фалокат дар шаҳр шудааст.
Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз таҳдидҳои "Толибон" хаймаҳояшонро канданд ва зери осмони бозу ҳавои сард зиндагӣ мекунанд.
Камбизоатӣ нагузошт, Орзу, ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб ба орзуяш, ки донишҷӯ шудан буд, бирасад. Достони зиндагии ӯро дар ин видео бинед.
"Толибон" ба садҳо паноҳҷӯе, ки мехостанд аз Афғонистон ба Ишкошими Тоҷикистон гузаранд, таҳдид кардаанд, ки ба макони худ баргарданд. Дар сурати барнагаштан ба онҳо бархӯрди шадид сурат мегирад. Инҳо гурезаҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон марзбонони тоҷик барояшон иҷозаи вурудро надоданд.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зоҳиран ором ба назар мерасад. Тағйироти зиёде дар он сӯи марз дида намешавад.
Як вакили маҷлиси Шаҳритус иддао дорад, ки ду корманди мақомот ӯро латукӯб кардаанд. Моҷаро шаби 9-уми сентбяр аз он ҷо сар задааст ки нозири роҳ ӯро дар рондани мошин дар ҳолати сархушб айбдор кардааст. Ҷузъиёти моҷаро дар ин гузориш
Мақомот дар Кӯлоб шифохонаи наве сохтаанд ва мехоҳанд, гирифторони бемориҳои равониро низ онҷо муолиҷа кунанд. Табибон мегӯянд, шифохонаи нав шароити муносиб барои нигаҳдории ингуна беморон надорад.
Ба зане, ки бо чаҳор кӯдак аз хонаи шавҳараш дар Кӯлоб ронда шуда, дар кӯча мезист, хонаи нав тақдим кардаанд.
Наздики ҳазор паноҳандаи афғонистониро барои интиқол ба кишвари сеюм дар як шаҳраки хаймаҳо дар фурудгоҳи Кӯлоб ҷой додаанд.
Ёфтҳои бештар