Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бино бар маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи ҷумъаи 20 август шуморе аз низомиёни Туркия дар чанд ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Мақомоти тоҷик ба унвони як кишвари ҳамсояи Афғонистон ва як кишвари транзитӣ ба низомиёни Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, ҷануби Тоҷикистон иҷозаи мустақар шудан доданд.
Дар шаҳри Кӯлоб як занро бо чаҳор кӯдакаш аз хонае рондаанд, ки ба нақли наздикони ӯ, аз шавҳараш, Мурод Кавгаков, ба мерос монда, даҳ сол боз ягона сарпаноҳаш буд.
Ҷанҷолу кашокаш миёни раис ва кормандони ҳукумати ноҳияи Ховалинг сабаби истеъфои раиси дастгоҳ ва баъзе кормандони он шуда, ин баҳс нишасти хабарии раисро баҳам зад.
Омӯзгорони мактабҳои миёна дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маоши тобистонаро нагирифтаанд. Ҳоло мақомот аз онҳо зиёда аз якуним миллион сомонӣ қарздоранд. Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, барои ҳалли масъала ба Вазорати молия муроҷиат шуд, вале то ба ҳол посухе нест.
Пайвандони Тоҷиддин Холов, сарбозе, ки ҳангоми муҳофизат аз бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳалокат расид, ба фарзияи расмии марги ӯ бовар надоранд. Ба иттилои мақомот, ӯ худкушӣ кардааст. Аъзои оилааш дар деҳаи Андароби Кӯлоб мегӯянд, ҳақиқатро донистанд мехоҳанд.
Дар чаҳорчӯби таҳкими дидбонии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ба марзбонҳои тоҷик дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) 18 асп дода шуд ва дар ин ҷо бунёди дидбонгоҳи нав идома дорад.
Дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи президент Эмомалӣ Раҳмон ва бисёре аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон, чанд сол ба ин сӯ бинокорӣ дар авҷ аст. Қарор аст, акнун Данғара мақоми шаҳр ва маркази вилоятро соҳиб шавад. Гуё масъала ниҳоӣ шудааст, вале кай эълон шуданаш маълум нест.
Сурайё Қосимова, овозхони шинохтаи тоҷик, 15 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан якуним ҳазор доллар, ҷаримаеро, ки Оҷонси зиддифасод муайян карда буд, пардохтааст. Масъулони Раёсати фарҳанги Кӯлоб гуфтанд, пас аз ин воқеа овозхони маъруф, мумкин аст, дигар дар маъракаҳои расмии минтақа ширкат накунад.
Имомхатиби масҷиди маҳаллаи "Нонвойи поён"-и шаҳри Кӯлобро ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд. М
Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳ ё урдугоҳи махсус барои паноҳандаҳоро бунёд кунанд.
Як корхонаи тавлиди намак дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба даҳҳо занон ҷойи кор фароҳам кардааст.
Дар гармои тобистон сокинони Кулоб ба вижа сокинони баландошиёна бо камбуди об рӯ ба рӯянд. Сокинони баландошиёнаҳо маҷбуранд аз дигар маҳаллаҳо бо зарф об кашонанд.
Аксари сокинон дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш ҳамчун мӯд дандони тило насб карда буданд, ҳоло дандонҳои худро иваз мекунанд.
Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки иттиҳоми эълоншуда ба зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини боздоштшудаи шаҳрдори Кӯлоб, исбот шудаву парвандааш рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.
Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Русия зиёд шудааст. Акнун талабгорони сафар аз гӯшаҳои гуногуни кишвар дар ҷустуҷӯйи ин шаҳр афтодаанд. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели набудани кор ё дарёфти шиносномаи русӣ ҳамроҳ бо зану фарзандони худ ба Русия мераванд.
Фарзандони як корманди собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб пас аз фавти ӯ, барои соҳиб шудани мерос, миёни ҳам баҳси додгоҳӣ оғоз кардаанд.
Дар аксар деҳоти камоби Тоҷикистон як нафар дар хонавода вазифаи обрасониро иҷро мекунанд.
Дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон тирпарронӣ дар рӯз нисбат ба рӯзҳои пеш камтар шунида мешавад, вале ҳанӯз ҳам садои тир дар шаб ба гӯш мерасад.
Ёфтҳои бештар