Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролуд шудани 18 кас баъди хӯрдани консерва. Додситонӣ таҳқиқ дорад


Додситонии ноҳияи Темурмалик ба таҳқиқи заҳролудшавии 18 узви як хонавода оғоз кардаааст, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса нимашаби 1-уми октябр дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Темурмалик рух дода, танҳо ҳоло ҷузъиёти он ошкор гашт.

Як манбаъ дар додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиш мунтазири натиҷаи ниҳоии ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаи зоҳролудшавӣ чаҳор нафар, Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ба ҳалокат расидаанд.

“Тафтиши аввалия муайян кардааст, ки Дадаҷон Нурхонов, рӯзи 30-юми сентябр дар хонааш оши палов омода ва ҳамаи хонаводаро даъват мекунад. Дар вақти истеъмоли ош як бонкаи дулитраи хуриши иборат аз помидор, пиёз, сирпиёз ва қаланфури булғориро истеъмол мекунанд ва аз ҳамин заҳролуд мешаванд. Ҳоло тафтиш ҷараён дорад ва ташхис дақиқан аз чӣ заҳролуд шудани онҳоро дақиқ хоҳад кард,”- афзуд ҳамсуҳбати мо дар додситонии минтақаи Кӯлоб.

Чаҳор нафар аз заҳролудшудагон ҳоло дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистариянд ва пизишкон аҳволи онҳоро муътадил мегӯянд.

Абдукарим Шокиров, сартабиби ин бемористон рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаш нафаре, ки аввал ба бемористон оварда шуданд, тамоми узвҳои баданашон заҳролуд шуда буд, аз ин рӯ табибон натавонистанд чаҳор нафари онҳоро наҷот диҳанд.

“Мо барои наҷоти дигаронашон тамоми талошамонро кардем. Ҳоло чаҳор нафари дигараш мондааст, рӯзҳои наздик ҷавобашон медидем”,--гуфт сардухтур.

Ин бори аввал нест, ки дар вилояти Хатлон заҳролудшавии сокинон баъди истеъмоли хуришҳо ё консерва рух медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2019 бар асари заҳролудшавӣ аз "консерваи бодирингу помидор" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, яке аз онҳо фавтида буд.

Пеш аз он моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда буданд. Ҳамчунин соли 2016 низ 3 нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд. Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳам бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дода буд.

Табибон мегӯянд, дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ин мавод то андозае мушкили захиракунии ғизоро ҳал мекунад, вале хатар ҳам дорад.

XS
SM
MD
LG