Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои бечароғак ва хатарноки Кӯлоб. Мақомот мегӯянд, дуруст мекунем. ВИДЕО


Кор накардани чароғакҳои роҳ дар назди шаҳрдории Кӯлоб то кунун сабаби даҳҳо садамаҳои нақлиётиву фалокат дар шаҳр шудааст.

Агар инҷо бошед, рӯзҳои мактабӣ кӯдаконеро мебинед, ки назди чароғ ва канори роҳ тарсида мунтазири калонсолон мешаванд, то ҳамроҳи онҳо аз роҳ гузаранд. Танҳо метарсанд, чун кам ронандагоне ёфт мешаванд, ки ба онҳо эътибор диҳанду бигузоранд, ки аз роҳ гузаранду ба хона раванд.

На танҳо кӯдакон, балки калонсолон дар Кӯлоб низ мегӯянд, ҳар бор бо тарсу эҳтиёти зиёд аз роҳ мегузаранд. Шамсиддин Шарипов, сокини Кӯлоб, яке аз онҳост “Дар ҳолате, ки мо меойем чароғак кор намекунад, мошинҳо бисёр тамба мешаванд. Агар инҳо кор кунанд, ҳам барои ронандаҳо ва ҳам барои раҳгузарон фоидаи калон дорад.”

Роҳҳои бе чароғак ва хатарноки Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ҳоло дар ҳафт гузаргоҳи асосии шаҳр чароғак насб шудааст. Вале танҳо сетои он дуруст кор мекунад. Бақия чароғакҳо қисман, ё нодуруст кор мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ду чароғакеро дид, ки аслан рӯшан намешаванд.

Моҳи сентбяри соли 2020 шаҳрдори Кӯлоб ваъда дод, ки ҳамаи чароғакҳо фаъол мешаванд ва дар чанд ҷойи шаҳр чароғакҳои нав мегузоранд. Аз ин ваъда як сол гузашт, аммо чароғаки наве насб нашуд, балки будаҳо ҳам аз кор монданд. Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб: “Ба маълумоти Шумо расонданӣ ҳастам, ки ҳашт чароғаки роҳнамо, хат кашидани ҳамаи роҳҳо дар назар аст.”

Набуд, ё кор накардани чароғакҳо борҳо сабаби сар задани садамаҳо шудааст. Аз тарси ҳамин садамаву маъюбу ҳалок нашудан, ҳоло сокинон дар орзуи гузаргоҳҳои зеризаминӣ шудаанд. Саидумар Давронов, сокини Кӯлоб: “Агар илоҷаш бошад, ҳукумати шаҳр дар ҳамин чорроҳаҳо роҳи зеризаминӣ созад. Бисёр хуб мешавад, барои ҳама.”

Кӯлоб, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли 2016 барои ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳои шаҳр пешниҳод шуда буд, ки дар роҳҳои асосӣ дурбинҳои назоратӣ гузошта шавад. Харҷи он 10 миллион доллар тахмин зада мешуд. Ҳукумати шаҳр, ки алҳол дар мушкили чароғакҳо дармондааст, ин пешниҳодро аз сабаби набудани маблағ рад кард.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG