Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон роҳ надод, Толибон таҳдид карданд." Вазъи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим. ВИДЕО


Хаймаи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим
Хаймаи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим

"Толибон" ба садҳо паноҳҷӯе, ки мехостанд аз Афғонистон ба Ишкошими Тоҷикистон гузаранд, таҳдид кардаанд, ки ба макони худ баргарданд. Дар сурати барнагаштан ба онҳо бархӯрди шадид сурат мегирад. Инҳо гурезаҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон марзбонони тоҷик барояшон иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро надоданд.

Дар навори наве, ки ба Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, паноҳҷӯён хаймаҳои худро ҷамъ мекунанд, аммо намедонанд, ба куҷо раванд.

Блогери канали "Бадахшон Плюс", Абдулфаттоҳ Азизӣ, ки нахустин шуда, аз ҷойи воқеа навор пахш кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин қитъа тақрибан 400 хонаводаи гуреза ҷамъ омада будаанд. "Вазъият риққатбор аст. Қисме дар зери дарахт зиндагӣ мекунанд. Ҳеч чиз надоранд. Тифлҳоро мебинед, ки дар чӣ вазъият ҳастанд. Воқеан, дардовар аст", -- нақл кард Азизӣ.

Бештари ин хонаводаҳо паноҳҷуён аз вилоятҳои Панҷшер, Парвон, Самангон ва минтақаҳои дигари Афғонистон будаанд. Бо чунин умед онҳо зиёда аз 25 рӯз дар ин ҷо монда, аз камбуди обу хӯрок ва дору азият дидаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Баъзе аз паноҳҷӯён мегӯянд, шунидаанд, ки Тоҷикистон омодааст, онҳоро қабул кунад. Яке аз занон гуфт, баъд аз шунидани чунин хабар бо 12 узви оилааш то марзи Тоҷикистон расид, аммо дар нимароҳ монд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Акнун "Толибон" ба онҳо дастур додаанд, ки минтақаи марзиро тарк кунанд. Мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ба ин ҳолат вокуниш накардаанд. Аммо мансабдорони тоҷик чанд моҳ пеш эълон карда буданд, ки барои паноҳандагонии эҳтимолии афғон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон паноҳгоҳ месозанд.

Дар се моҳи охир мавзӯи паноҳандагони афғонистонӣ ба Тоҷикистон доғ шудааст. Дар моҳи июн ва июли имсол мақомот аз ақибнишинии низомиёни ҳукумати Афғонистон ба хоки Тоҷикистон расман хабар дода буданд, аммо пас аз тасарруфи ин кишвар аз ҷониби "Толибон" дар бораи вуруди паноҳандагон иттилои расмӣ нашр намешавад. Мақомот дар бораи ин мавзуъ суҳбат намекунанд ва макони будубоши паноҳандагони афғонро пинҳон медоранд.

Ин хаймаҳоро тобистони имсол дар наздикии шаҳри Хоруғ дуруст карда буданд
Ин хаймаҳоро тобистони имсол дар наздикии шаҳри Хоруғ дуруст карда буданд

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 14-уми сентябр дар хабарномае гуфт, дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор фирорӣ аз Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, "Толибон" фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст. Ҳазорон шаҳрванди Афғонистон бо тарс аз ҷонашон талош карданд, ки аз кишвар хориҷ шаванд.

XS
SM
MD
LG