Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як ҷавони маълул дар Кӯлоб омӯзгориро пеша карда, ба маълулони дигар информатика дарс мегӯяд.
Нархи себ имсол дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод ва Ховалинг ба таври назаррас поин омадааст. Коҳиши арзиши себро тоҷирон ба серҳосил шудани себзорҳои ҷануби кишвар рабт медиданд, вале кишоварзон аз сардии ҳаво маҷбуранд ҳосили себро бифурӯшанд.
Даҳҳо хонавода дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб аз қатъ шудани интиқоли оби ошомиданӣ ба манзилҳояшон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд сабаб қарздории истиқоматкунандагон аст.
Сокинони деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор талош доранд ҳарчи зудтар дар остонаи зимистон хонаҳои худро таъмир карда, вориди сарпаноҳи нав шаванд, ҳарчанд мақомот ба ин офатзадаҳо ваъда дода буд, ки хонаҳои онҳоро пурра то моҳи сентябр сохта дар дасташон медиҳанд.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд. Ӯ ҳаждаҳ сол қабл, дар ҳоле ки барои Радиои Озодӣ кор мекард, дар манзили иҷорааш дар Маскав ба қатл расид.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд.
Майрамбӣ Назарова солҳо боз мехоҳад аз манзили тангу барои зиндагӣ номувофиқ, ба дигар ҷой кӯч бандад. Ваъдаи мақомоти шаҳри Кӯлоб барои додани қитъаи замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд, умедеро барои соҳиби манзили нав шудан дар дили Майрамбӣ бедор кардааст.
Cайиднодир Ҳайдаров, 30-cол дорад. Дувоздаҳ сол пеш ба сохтани созҳои мусиқӣ шавқ пайдо кард ва ба дар ин син ба устоди кораш табдил шуд.
лабчанг фармоиш медиҳанд. Сайиднодир Ҳайдаров бо як доирааш бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт ва бо доираи якуним метрӣ, ки онро дар 28 рӯз сохта ба итмом расонидааст. Меҳмонони хориҷӣ хостаанд, онро 16 ҳазор сомонӣ харида аз Тоҷикистон берун баранд, вале мақомот гуфтаанд, беҳтар аст дар кишвар бошад.
Баъди онки чаҳор корхонаи тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон натавонистанд дубора иҷозаи фаъолиятро ба даст биоранд, садҳо нафарро аз кор ҷавоб доданд.
Падари хонаводае дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки се моҳи пеш ду фарзандашро дафн карда буд, рузи 9-уми сентябр даргузашт.
Ба макони дигар кӯч додани мусофирбару таксиҳо аз терминали ноҳияи Восеъ сабаби норизоиятии ронандагон ва мусофирон шудааст.
Ба макони дигар кӯч додани мусофирбару таксиҳо аз терминали Восеъ сабаби норизоиятии ронандагон ва мусофирон шудааст.
Як зани нобино дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ҳамтоёни дигари худ тақдирашро ба дасти хонавода ваё маркази маъюбон насупорид, балки ба ташкили оила ва анҷоми корҳои ҳаррӯза пардохт.
Як зани нобино дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ҳамтоёни дигари худ тақдирашро ба дасти хонавода ваё маркази маъюбон насупорид, балки ба ташкили оила ва анҷоми корҳои ҳаррӯза пардохт. Сарварбӣ Ҳалимоваи 36-сола бе ёрии касе хӯрок мепазад, хона мерӯбад ва дар вақти холиаш бофандагӣ мекунад.
Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.
Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.
Алихон Саидов, писари Ҳамроҳхон Саидов, яке аз ҷангалбонҳои кушташудаи тоҷик дар наздикии марз бо Афғонистон мегӯяд, ба бадани падараш шаш тир задаанд.
Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон "шиками бузург" дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.
Ёфтҳои бештар