Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Кормандони комиссариати низомӣ дар ноҳияи Данғара як духтаре аз Кулобро писар пиндошта хостаанд, ба артиш баранд, вале баъди онки фаҳмидаанд, духтар аст, аз ӯ узр хоста ва ҷавобаш додаанд.
Дар вилояти Хатлон мактаб-интернат барои кӯдакони маълул вуҷуд надорад ва волидоне, ки чунин фарзанд доранд, гирифтори мушкилоти зиёд шудаанд. Баъзеҳо кӯдаконро волидонашон дар назди бобову бибӣ гузошта рафтаанд.
Селзадагони деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор аз мақомот мехоҳанд, ки ба онҳо кӯмак намоянд, то соҳиби сарпаноҳе шаванд.
Додситонии ноҳияи Ховалинг нисбат ба марде, ки дар қатли келинаш гумонбар мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар ноҳияи Фархор садҳо нафар аз осебдидагони сел мунтазири кӯмак мондаанд. Мақомот мегӯянд, гурӯҳҳои наҷотбахшонро ба маҳалли ҳодиса фиристодаанд.
Тайи як ҳафтаи охир борону сел ба чанд рустои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар ва шаҳри Ваҳдат осеб расонда, даҳҳо нафарро бе хонаву дар ва замини кишт гузоштааст.
Борону сели як ҳафтаи охир дар деҳаи Сурхобу Қизилсуи ноҳияи Фархор даҳҳо манзили сокинон ва заминҳои киштро вайрону мардумро хона бар дӯш кардааст. Мақомот гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Хол Қулмуродови 25-сола низ ҳалок шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми май ба маҳалли ҳодиса рафт ва ин аксҳоро фиристод.
Пас аз борони сел дар шаби 16-уми май даҳҳо сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор хонаҳояшонро аз тарси фурӯравӣ тарк карда, дар ҷойи амнтар маскан гирифтаанд.
Саймуҳаммад Иброҳимов пас аз як моҳи издивоҷи дубора худкушӣ кард. Ҳамсари аввали ӯ ҳашт моҳ пеш аз неши занбӯр фавтид ва маросими соли ӯро надода рӯзи 1-уми апрел издивоҷ кард.
Дар ноҳияи Восеъ як падари чаҳор фарзанд ба сабаби мухолифати фарзандонаш барои издивоҷи дубора худкушӣ кардааст.
Дар ноҳияи Фархор ҳадди аққал ду деҳа - Сурхоб ва Қизилсӯ - дар паи боришоти зиёд осеб диданд. Оби гилолуде, ки сели зиёд ба ин ҷо овард, ҳамаи хонаву ҳавлиҳои мардум ва заминҳои киштро пур кард.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бунёди манзил дар қитъаи заминеро, ки сокинони маҳаллаи “Файзободи боло” онҷоро барои қабристон интихоб карда буданд, қатъ кардааст.
Баъди ҳафт соли танаффус роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав ба фаъолияти худ шурӯъ намуд. Дар нахустин сафар ҳудуди 400 сокини минтақаи Кӯлоб тавассути роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав озими Русия шуданд.
Баъди ҳафт соли танаффус роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо фаро расидани фасли гармо, бозори паррандапарварӣ ҳам гармтар шудааст ва аксари фурӯшандагон ҳам кӯдакон ҳастанд.
Бачаҳои деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ, ки лулитаборанд, тими футболи худро таъсис додаанд ва умедворанд, ки ба зинаҳои баландтар бирасанд. Аммо мегӯянд, ки дар ин росто мушкилоте, аз ҷумла надоштани майдон ва камбуди маблағ дар пешрӯи онҳо қарор дорад ва монеи ба ҳадаф расидани онҳо мешавад.
Ҷавонони деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ, ки лулитаборанд, дар тими худ якдигарро бо номи ситораҳои футбол садо мезананд. Бовар доранд бо ин номҳо садо задани якдигар, бозингаронро ба шӯр меорад.
Ёфтҳои бештар