Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як сокини ноҳияи Муъминобод ба додситонии вилояти Хатлон расман шикоят бурдааст, ки маъмурони милисаи ноҳия фарзанди ӯро лату кӯб ва сахт маҷрӯҳ кардаанд.
Деҳқонони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) аз гарм омадани зимистони имсола ғамгин буданд, ки аз киштзорҳои ғалладонаашон ҳосили хуб намегиранд. Барфи ду рӯзи ахир онҳоро ғамгинтар кард.
Деҳқонони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) аз гарм омадани зимистони имсола ғамгин буданд, ки аз киштзорҳои ғалладонаашон ҳосили хуб намегиранд.
Ташхис сабаби садама бо иштироки Саидмуъмин Исломов, муфаттиши БДА-и Кӯлобро, ки дар натиҷаи он наврас Фирдавс Ҳалимов ҷон бохт, “айби техника” гуфтааст.
Фазила Раҳимова ва Ёраҳмад Назаров – сокинони деҳаи Ламани ноҳияи Фархор – якбора чаҳор писарро “аз даст доданд”. Ду нафари онҳо дар Ироқу Сурия беному нишон ҳастанд ва дуи дигар дар зиндонҳои Тоҷикистон муҳлати ҷазоро паси сар мекунанд.
Дар ноҳияи Балҷувон ду ғор сол ба сол ба як мактабе наздик мешаванд, ки бештар аз 300 нафар онҷо дарс мехонанд. Бачаҳои ин мактаб солҳост орзуи мактаби нав доранд, вале мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои сохтани мактаби нав пул надоранд.
Дар ноҳияи Балҷувон ду ғор сол ба сол ба як мактабе наздик мешаванд, ки бештар аз 300 нафар онҷо дарс мехонанд. Бачаҳои ин мактаб солҳост орзуи мактаби нав доранд, вале мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои сохтани мактаби нав пул надоранд.
Меҳрӯз Тоиров -- сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми гирифтани беш аз 5 ҳазор сомонӣ ва барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин ноҳия боздошт шудааст.
Писари як вакили ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз таънаву маломати ҳамдеҳагон ба падараш ихтиёран ба хидмати артиш рафтааст.
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст.
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст. Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 7-и ин мактаб беҳуш шуданд.
Бар асари боронгариҳои зиёд ва боло рафтани мизони рудхонаи Даҳана дар охири моҳи март ҳашт гектар замини сокинони деҳаи Офтоблиқо хароб шудааст.
Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Хешовандони Назаров бовар доранд, ки ӯ дар паи шиканҷаи полис даргузашт.
Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист.
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯйи фарзандонаш рехтани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудааст. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт ва соли 2012 табобат гирифта буд.
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯи фарзандонаш пошидани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуд. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт, аммо соли 2012 табобат гирифта буд.
"Гӯштобак" бозие дар ҷануби Тоҷикистон аст ва ба қавли мардуми бумӣ, қаблан яке аз бозиҳои асосии наврӯзӣ буд.
Дар ҷануби Тоҷикистон русуме вуҷуд дорад,ки василаи санҷиши чолокӣ ва ҷасорати кӯдакон пиндошта мешавад.
Ёфтҳои бештар