Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар ҷануби Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз дар баъзе минтақаҳо ба ҳамдигар тухм ҳадя медиҳанд. Мехоҳед, маъниашро бидонед? Пас ин видеои ҷолибро тамошо кунед.
Сорбон Салимов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 19-уми марти имсол духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт. Вай ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул ва ҳамсараш Боғигулро низ сахт маҷрӯҳ кард.
Сорбон Салимов рӯзи 19-уми март ду фарзанду занашро бо бел зад ва кудаки 3-солаашро кушт. Зани 58-солаи ҳамсояро ҳам бо зарби бел кушт. Волидонаш иддао доранд, ки сабаби ин рафтор бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд.
Ҷашни имсолаи Наврӯз дар Кӯлоб рӯзи 21-уми март дар “Амфитеатр”-и шаҳр шурӯъ шуд ва дар он ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф ҳузур доштанд.
Табаралӣ Шарифов, муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004”-и шаҳри Кӯлоб, ки моҳи январи имсол дар пайи заҳролудшавии ду хонавода ва марги Умаралӣ Давлатов боздошт шуда буд, се сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Як сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тақрибан як ҳафта пеш аз тӯяш сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Нуралӣ Раҷабови 34-сола рӯзи 11-уми март бояд арӯсӣ мекард, аммо ба ҷойи хурсандӣ хонаводаро дар мотам нишонд. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш дафн карданд.
Ду бародар дар шаҳри Кӯлоб расмеро ҷорӣ кардаанд, ки дар тамоми кишварҳои пешрафта ва бахусус кишварҳои маҳбуб барои сайёҳон, дида мешавад. Ин ҳам наққошӣ дар хиёбон аст.
Дар Кӯлоб бори аввал наққошони хиёбонӣ пайдо шуданд. Ду наққошӣ ҳирфаӣ, ки дар коллеҷ санъат дарс мегӯянд, дар ин рӯзҳои баҳорӣ дар майдони марказии Кӯлоб мешинанду наққошӣ мекунанд.
Сокинони деҳаи Осмонбика дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз мақомот талаб карданд, ки масҷиди собиқро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Мардум мегӯянд, ин биноро мувофиқ ба хости худ ба боғчаи бачагонаву варзишгоҳ ва хонаи истироҳати пирон табдил хоҳанд дод.
Сокинони деҳоте дар ноҳияи Восеъ аз мақомот хостанд, масҷиди собиқро дар ихтиёри онҳо гузоранд, то мувофиқ ба талаботи худ онро ба боғчаву варзишгоҳ ва хонаи истироҳати мӯйсафедон табдил диҳанд. Ин масҷид бо пули хайрияи сокинон сохта шудааст.
Як сокини деҳаи Сайф Раҳим Афардии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми "салафигарӣ", боздошт шудааст. Мақомот ин сокини Фархорро ҳудуди як моҳ қабл боздошт карда буданд. Наздикон ва ҳамдеҳаҳои Карим Абдуллоев мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ робитае ба "салафият" надорад.
Аз садамаи нақлиётие бо ширкати капитан Саидмуъмин Исломов, як муфаттиши садамаҳои нақлиётии Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб 15 рӯз сипарӣ мешавад, аммо то ҳол мақомоти тафтишотӣ ба ин ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ надода, аз ҷумла, нисбати ин корманди милиса парванда бош нашудааст.
Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад. Рӯзи 26-уми феврал Вазорати фарҳанг чанд намунаи либоси миллиро нашр кард, ки пӯшиданашон ба занҳои тоҷик машварат дода мешавад.
Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад.
Пайвандони Азизмад Юсупов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб, ба фарзияи худкушии ӯ бовар надоранд ва аз мақомот хостаанд, ки ин қазияро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд. Онҳо мегӯянд, ҷое, ки фарзандашон гӯё худкушӣ кардааст, чандон баланд нест ва пойҳояш ба замин мерасиданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи худкушии Саидамир Сӯфиев, сокини ноҳияи Восеъро аз нав баррасӣ хоҳад кард.
Дар шаҳри Кӯлоб таҳқиқи марги афсари 35-сола ва сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода идома дорад. Ҷасади Азизмат Юсупови 35-соларо 19-уми феврал аз банди доре пайдо карданд.
Тақдири як хонавода дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон баъд аз таваллуди кӯдакашон пурмоҷаро шуд. Ба иддаои Шералӣ Ғуломов, сокини деҳаи Узнохури ноҳияи Балҷувон, рӯзи 9-уми феврали имсол соҳиби духтар шуданд, вале пизишкон баъди панҷ рӯз ҷасади писареро ба онҳо супурданд.
Ёфтҳои бештар