Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҷасади Азизмад Юсупови 35-сола, сардори идора ё ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Кӯлобро субҳи рӯзи 19-уми феврал аз банди доре дар таҳхонаи манзили иҷорааш пайдо карданд. Пайвандонаш бовар доранд, ки Азизмад Юсупов даст ба худкушӣ задааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди гирифторон ба бемории гепатити гелиотропӣ дар ноҳияи Ишкошим аз марзи 40 нафар ҳам гузашт.
Дар пайи як садама дар шаҳри Кӯлоб писари 15-солае зери чархи худрави муфаттиши корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб монд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Додситонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки нисбати ин ҳодиса парванда боз карда ва таҳқиқи он идома дорад.
Садои тирпарронӣ ва задухӯрдҳои ахири Афғонистонро сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Аксар сокинони деҳоти наздимарзӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ фаҳмиданд, ки дар он сӯи марз нерӯҳои афғон бо кумаки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.
Як зану шавҳар аз шаҳри Кӯлоб ҳафтаи гузашта пайи ҳам даст ба худкушӣ заданд. Сабабҳои дақиқи худкушии ин ҷуфт ҳанӯз маълум нест, вале гуфта мешавад, ҳодиса дар пайи муноқишаи хонаводагӣ сар задааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дари чандин хонаводаи муҳоҷирони кориро кӯфтанд, то бубинад, ки зиндагиву хароҷоти онҳо дар Тоҷикистон то куҷо дигар шудааст.
Иқтисоди Тоҷикистон ба маблағҳои муҳоҷирон сахт вобаста аст ва коҳиши иқтисоди Русия мақолеро воқеӣ кард, ки “Маскав, ки атса зад, ба маъноест, Тоҷикистон ҳам шамол хӯрдааст”. Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо чанд оилаи муҳоҷирони корӣ сӯҳбат карданд, то бубинанд, ки сохтори харҷҳои иқтисодии онҳо дар
Бо сабаби тамдид нашудани муҷаввизи шаш корхонаи коркарди тилло дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг, 600 нафар бекор мондааст.
Даҳҳо аломати роҳ, ки самти ҳаракати мошину мардумро мушаххас мекард, дар минтақаи Кӯлоб рабуда шуда, ронандаҳову сокинонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Даҳҳо аломати роҳ, ки самти ҳаракати мошину мардумро мушаххас мекард, дар минтақаи Кӯлоб рабуда шуда, ронандаҳову сокинонро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Дар шаҳри Кӯлоб ҷасади як хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнае ошкор шуд, ки бовар меравад, худро ба дор овехтааст. Мақомот мегӯянд, зоҳиран духтари наврас даст ба худкушӣ задааст.
Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, ки чанд соли қабл яке аз тимҳои маъруф ва сертарафдори футбол дар Тоҷикистон буд, барои идомаи фаъолият ва ҳузур дар Лигаи якум маҷбур шудааст, автобуси ҳадякардаи президент Эмомалӣ Раҳмонро фурӯшад.
Тангем, ягона мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ест, ки барои як миллион сокини минтақаи Кӯлоб хидмат мерасонад. Ин мошини чиниро бемористони шаҳри Кӯлоб аз Маркази саломатӣ дар ҳолати зарурӣ ба орият мегирад.
Тангем ягона мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ест, ки барои як миллион сокини минтақаи Кӯлоб хидмат мерасонад. Ин мошини чиниро бемористони минтақавӣ ва ноҳияҳои атроф дар сурати зарурат аз бемористони шаҳри Кӯлоб "қарз" мегиранд.
Баъд аз гармои ғайримаъмулӣ дар фасли зимистон, билохира, сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос карданд, ки фасли сармо фаро расид. Аз рӯзи 28-уми январ дар минтақаи Кӯлоб беист барф меборад.
Волидайни як сокини 18-солаи шаҳри Кӯлоб аз мақомот хостаанд, фарзандашонро аз сафи ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳори Афғонистон ба ватан баргардонанд.
Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд.
Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кулоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд. Ӯ мегӯяд, бинандагони пайкараи ҷавоне, ки дили кӯҳро барои расидан ба висоли маъшуқ шикофт, зиёд хоҳад буд.
Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки дар робита ба заҳролудшавии нуҳ узви ду хонавода дар Кӯлобу Восеъ ва фавти Умаралӣ Давлатови сесола муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004” Табаралӣ Шарифов боздошт шудааст.
Ёфтҳои бештар