Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Сокинони деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чанд рӯз ба ин тараф бо мақомот бар сари нерӯи барқ кашмакаш доранд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот бидуни иттилои қаблӣ, дар ин мавсими сардиҳо онҳоро аз нерӯи барқ маҳрум кардаанд.
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муаллифи гумномеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бо мисраъҳои ҳаҷвии интиқодиаш сокинони маҳаллиро асабонӣ кардааст.
Сарчӯпони собиқи кооперативи тиҷоратии "Тебалай" ба ҷойи кораш баргашт, аммо на ба ҳайси сарчӯпон, балки ба ҳайси сохтмончӣ.
Ҷасади Зуҳуршоҳ Ҷалолови 28-сола, сокини деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ баъди панҷ рӯзи нопадид шуданаш рӯзи 30-юми декабр аз вулусволии Янги-Қалъаи вилояти Тахори Афғонистон ёфт шуд ва ӯро наздиконаш аз он сӯи марз ба зодгоҳаш оварданд.
Дар пайи як гузориши Радиои Озодӣ, шаҳрдории Кӯлоб ба хонаводаи бесарпаноҳе, ки дар холигоҳи лифт зиндагӣ мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр макони зист ҷудо кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2017 шоҳиди чандин фоҷеае буд, ки бо марги марзбонҳои тоҷик анҷомид.
Тасмими мақомот барои иҷозати бунёди манзил дар бахше аз як қабристони маҳалла боис ба нигаронӣ ва нороҳатии сокинони атроф шуд.
Директори мактаби таҳсилоти умумии №34 деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара баъди матраҳ кардани мушкили камбуди обу барқ аз кор сабукдӯш шудааст.
Шаҳрдори Кӯлоб дастур додааст, ки дар 20 гӯшаи ин шаҳр “Арчаҳои солинавӣ” гузошта шавад.
Додситони ноҳияи Восеъ пас аз нашри матбале дар сомонаи Радиои Озодӣ, нисбати муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия аз рӯи моддаи “ба худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишотро шурӯъ намуд.
Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Давлатов, раиси корхонаи «Суғдиён», бо иттиҳоми фиреби муштариҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.
Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”-ро, ки бо қарори додгоҳи Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд, шаби гузашта ба Тоҷикистон фиристодаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми декабр гуфтанд, ки Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид.
Додгоҳи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон баҳси як сарчӯпон бо раиси Кооперативи тиҷоратии "Тебалай"-ро ба нафъи аввалӣ ҳал кард.
Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Фархор 18 корманди навтаъиншуда ба вазифаҳои гуногуни ҳукумати маҳаллӣ дар ҳузури раиси ноҳия ва кулли мақомоти ҳукумат савганд ёд кардаанд.
Ин порае аз номаи ҳаштсаҳифагии Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ иншо кардааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми ноябр дар оғилхона ёфтанд. Сӯфиев дар шарҳи худкушиаш кормандони милисаро гунаҳкор кардааст.
Ин порае аз номаи ҳаштсаҳифагии Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ иншо кардааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми ноябр дар оғилхона ёфтанд.
Хонаводаи полковник Хайриддин Аҳтамов, ки дар ҳамлаи силоҳбадастон дар марз бо Афғонистон ҷон дод, мегӯянд, то охирин нафар дар фикри кору вазифаи хизматиаш буд.
Ёфтҳои бештар