Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Мақомоти ҳифзи табиат дар Тоҷикистон буридани дарахти чормағзи мевадиҳандаро манъ карда, барои онҳое, ки ин қарорро нодида мегиранд, то 1500 сомонӣ, муодили тақрибан 200 доллар ҷарима таъин намудаанд.
Мақомоти Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои хонаводаи як арӯсеро барои нақзи қонуни танзим мусодира карда, ба шифохонаи бемориҳои равонӣ бурдаанд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намуданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.
“Чанголи аҷал” паҳлӯҳои норӯшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, аз ҷумла дар артишро боз мекунад.
Кӯлоб, шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дорад. Аксар меҳмонони Кӯлоб шикоят мекунанд, ки набуди макони вижаи қазои ҳоҷат ба ҳаракати онҳо дар шаҳр мушкил эҷод мекунад.
Кӯлоб-шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дорад.
Насим Мирзоев, як ҷавон аз ноҳияи Мӯъминобод, баҳори имсол ҳангоми нигоҳубини чорвояш мори афъии тақрибан 3-метриро кушт ва наворашро дар Интернет гузошту ҳаёҳуеро барпо кард. Ӯ фикр намекард, ки барои ин рафтор ба дарди сар гирифтор мешавад.
Насим Мирзоев, як ҷавоне аз Муминободро мақомоти интизомӣ барои куштани як мори азиме бозпурсӣ кардаанд. Худаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тарси ҷонаш сари морро бо дос кӯфт ва гурехт. Видеои мори афъии олуда ба хун баҳори имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёҳуе барпо кард.
Бо афзоиши саршумори хуки ёбоӣ дар ҷангалзорҳои минтақаи Кӯлоб ҳамла ба киштзорҳои мардум ва худи онҳо зиёд шудааст. Чандин нафар аз захми дандонҳои ашки ҷонварони ваҳшӣ маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб баҳсу муҳокимаи тӯлонии куштори Миралӣ Ҳасанов – соҳибкори шинохтаи ин минтақаро анҷом дод. Додгоҳ рӯзи 12-уми сентябр Амирҷон Мӯсоев ва Муҳаммад Хоҷаевро барои даст доштан дар марги Миралӣ Ҳасанов айбдор кард ва аввалиро ба дувоздаҳуним ва дувумиро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.
Як сокини Данғара бародарашро ба мақомоти амниятӣ супурд, то нагузорад, ки ӯ ба Сурия биравад. Падару модараш бо ӯ қаҳрӣ карданд, вале Шоҳмурод мегӯяд, кораш дуруст буд.
Ҷавоне, ки мегӯяд баъди облава ба Русия фирор кард, барои худсарона тарк кардани қисми низомӣ ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.
Ҷасади Эмомалиҷони Хуршед – писари 16-солаи овозхони маъруф Сурайёи Қосим ва додари Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед, ки ба иллати саратони хун даргузашт, дар қабристони рақами 2-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд.
Додситонии низомии гарнизони Кӯлоб таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати Алишери Абдуқодир, прапоршики қисми марзбонии 0307, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги прапоршик Умедҷон Ҳасанов ба поён расонида парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст.
Се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданд.
Дар Тоҷикистон ҳам намунаҳои сармоягузории соҳибкорони муҳоҷир ба тарҳҳои иҷтимоии зодгоҳашон мушоҳида мешавад. Онҳо бештар барои барқарории роҳу пулҳо, сохтмони мактабу чойхона, ташкили хатнасури кӯдакони ятими маҳал ва сохтмони масҷидҳо пул медиҳанд.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба соҳибони 16 фурӯшгоҳи назди Терминали мусофиркашонӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, мӯҳлат додааст, ки мағозаҳоро холӣ ва биноро чаппа кунанд. Шаҳрдории Кӯлоб сабаби ин тасмимро "риоя нашудани қоидаҳои сохтмон" ва "ҷавобгӯ набудани бино ба талаботи меъморӣ" номиданд.
Ёфтҳои бештар