Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Антонина Ястребова дар соли 1942 ҷанг алайҳи Олмони фашистиро дар шаҳри қаҳрамони Ленинград, Санкт-Петербурги феълӣ оғоз кард. Хонум Ястребова он замон дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, ҳоло у 100-сола ва сокини шаҳри Кулоб аст.
Нӯҳ узви як хонавода аз ноҳияи Восеъ ду моҳи пеш аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаанд ва мақомот нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Баъди 10 сол нимпайкараи навозандаи маъруф Рустами Абдураҳим дубора дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб гузошта шуд.
Даҳҳо занони солдида дар шаҳри Кӯлоб хона ба хона гашта, духтарони ҷавонро дарси оиладорӣ меомӯзонанд, то дар зиндагӣ ба мушкилӣ гирифтор нашаванд.
Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб 21 нафарро барои шикори ғайриқонунии гург, хуки ваҳшӣ ва кабк ҷарима бастаанд.
Як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки баъд аз ду моҳи саргардонияш "Тоҷиксодиротбонк" аз тақрибан 15 ҳазор доллари супурдаи ӯ 1900 долларашро баргардонда, бақияашро "ба вақти дигар" мондааст.
Бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб маҷбур шудаанд, ки ба далели сохта будани шаҳодатномаи таваллудашон дар синни 18 ё 19 дубора ин санадро дастрас кунанд.
Дар робита ба марги Фаррухҷон Ҳайталиев се афсару сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешаванд.
Боғи фарҳангии Кулоб, яке аз марказҳои ангуштшумори истироҳат барои ҷавонону пиронсолон аст ва сол ба сол барои онҳо танг мешавад.
Дар Кӯлоб як соҳибкорзан бо таъсиси як корхонаи консервабарои занҳои муҳоҷирро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд бо кор ҷалб кардааст. Ин корхона мавсимӣ буда, то 10 зан дар инҷо фаъолият мекунад.
Як соҳибкори маҳаллӣ дар Кӯлоб бо таъсиси як корхонаи консервабарорӣ, занҳои муҳоҷири ихроҷшуда аз Русияро, ба кор ҷалб кардааст.
Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб мегӯянд, ки ҳафт бинои масҷиди, ба қавли онҳо, ғайриқонуниро барои зиндагӣ ба сокинони бехона додаанд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб аз аввали соли ҷорӣ 7 ҷои намозгузории сокинонро, ки ба қавли онҳо сохтмонаш ғайриқонунӣ будааст, барои зиндагӣ ба аҳолии бехона супурдаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар маҷмӯъ дар Кӯлоб 54 масҷиди ғайриқонунӣ сабт шуда, баъзеашон алакай ба ҷойҳои фароғатӣ табдил ёфтаанд.
Ҷасади як сарбози Вазорати дифоъ ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи хидмат ба наздиконаш супурда шудааст. Онҳо мегӯянд, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, аз сактаи қалб.
Ҷасади Бахтиёр Қурбонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, баъд аз панҷ рӯзи хидмати сарбозӣ ба хонаашон оварданд. Ӯ дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз кардаст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаи ғоратгарона ба "Агроинвестбонк"-и Данғара як маъмури пулис бо 17 захми корд дар бемористон бистарӣ шудааст.
Хуршед Муҳаммадиев мегӯяд, ки "вақте шартномаро қатъ кардам, даҳ ҳазор долларро гирифтам ва масъулини ин бонк ваъда доданд, ки 7-уми март пули боқимондаро бармегардонанд, аммо ҳудуди ду моҳ мешавад, онҳо маро имрӯз биё фардо биё гуфта, фиреб доранд ва пули маро барнамегардонанд,
Як сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки аз ду моҳ ба ин тараф наметавонад 15 ҳазор доллари худ аз "Тоҷиксодиротбонк" бигирад.
Дорандаи шоҳҷоизаи "Маликаи хушхиром" аз баҳри саҳнаву рақс гузашт ва мехоҳад рӯ ба таълими насли наврас оварад. Ӯ ҳоло ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб супурдааст.
Ёфтҳои бештар