Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як марзбони тоҷик, ки ба Афғонистон фирор карда буд, ҳоло ба убури ғайриқонунии марз ва қасди пайвастан ба ҷангҷӯёни Толибон айбдор мешавад.
Як иштибоҳ ва соддагии бародар тиҷорати пирожкифурӯшро барбод дод ва ӯ аз хонаи бо пули заҳмати худ харидааш маҳрум шуд.
Рустам Холов 20 сол пирожки фурӯхт ва тин ба тин маблағ ҷамъоварӣ карда, хона харид. Ин хона ягона сарпаноҳи ӯ ва шаш фарзандаш буд. Аммо ӯ мегӯяд, ки аз пушти як иштибоҳи бародараш хонаро аз даст дод ва аз фикри бисёр дигар наметавонад, ки ба кори пирожкифрӯшӣ идома диҳад ва зиндагияшро пеш барад.
Сечархаҳои дизелӣ, ки онро дар минтақа "моторолик" ном мебаранд, чанде пеш дар аксари бозорҳои Кулоб пайдо шуданд ва кори мардумро осонтар карданд, вале аробакашҳои оддӣ хурсанд нестанд.
Сечархаҳо ё ба қавли мардум "мотороликҳои чинӣ", кори аробакашони маъмулиро дар бозорҳои Кӯлоб танг мекунанд.
Бар асоси натиҷаҳои як пажӯҳиши созмони ғайридавлатии “Наҷоти кӯдакон”, сеяки толибилмони пурсидашуда дар Кӯлоб 30 фоизи паурсидашудаҳо ба "шариат" арҷ гузоштаанд.
Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод як ронандаи таксиро ба ҷурми расондани зарари вазнин ба саломатии пулиси роҳ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кардааст.
Як гурӯҳ аз коргарони идораи "Ободонӣ"-и шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки панҷ моҳ боз маошашонро нагирифтаанд ва маҷбур шуданд, ба додситонӣ ва ҳукумати шаҳр барои кумакхоҳӣ биёянд.
Як гурӯҳ аз коргарони идораи "Ободонӣ"-и шаҳри Кӯлоб, ки панҷ моҳ боз маош нагирифтаанд, бо талаби пули хизмати худ дар назди бинои додситонӣ ва ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.
Бар асари шилики тир як сокини ноҳияи Фархор дар соҳили рӯди Панҷ, дар марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон кушта шудааст.
Дар ноҳияи Фархор гӯристони масеҳиён, ки охирин нишони мавҷудияти рустаборони замони Шӯравӣ дар ин ноҳия дониста мешавад, аз байн меравад.
Додарбек Саидалиев, номзади илм ва коршинос дар минтақаи Кулоб мегуяд, ба Лоҳур кӯчонидани гарнизони пойгоҳи 201-уми Русия аз маркази Кулоб ба манфиати кор буд, ҳарчанд қисме аз аҳолӣ аз кору даромад маҳрум мешаванд.
Марзбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии як гурӯҳ қочоқчиён аз Афғонистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.
Дар пайи пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бар тими “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби бузурги 5-0, мавқеи ин даста дар ҷадвали мусобиқот устувор гардид.
Як рӯзномафурӯши дучархасавор дар Фархор ҳазорон сокини ин минтақаро рӯзномахон кардааст. Ин мард дар аввали солҳои 2000-ум ба фурӯши нашрияҳо пардохт, ки таваҷҷӯҳи мардум ба матбуот коста шуда буд.
Як зани 29-солаи сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки мудати чор моҳ мешавад, кормандони пулис ва доситонӣ ба шикояти ӯ расидагӣ накардаанд. Ӯ иддао дорад, ки аз сӯи хонаводаи шавҳари пешинаш мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Идораи «Кӯлобгаз» дар садади фаъол кардани «Чоҳи гази табиӣ» дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ буда, баробари аз санҷиш гузаштани лӯлаҳо интиқоли ин навъи энержиро ба хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоб оғоз мекунад.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб аз пардохти 500 ҳазор сомонӣ қарзаш ба Идораи “Обу корез”-и ин шаҳр сарпечӣ кардааст.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршоҳ, бародари Қурбон Чолов (Қурбони Чол), аз фармондеҳони пешини Фронти халқиро барои севуним сол равонаи зиндон кардааст.
Идораи ҷангали минтақаи Кӯлоб аз таъсиси панҷ дидбонгоҳи назоратӣ дар мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум» ба манзури ҳифзи олами ҳайвоноти нодири ин мавзеъ хабар дод.
Ёфтҳои бештар