Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бег Зуҳуров нахустин тими шамшерзанон дар Кӯлобро сарпарастӣ мекунад. Тамринҳои ин маҳфил дар Маҷмааи варзишии аз ҷониби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёдшуда пайваста ҷараён доранд.
Манижа Зардиева, мураббии дастаи шамшерзанони Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 30 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аввалин духтаре аз минтақа буд, ки шамшерзаниро омӯхт ва ба сатҳи устодӣ расид.
Додгоҳи миндақаи Кӯлоб Алиҷони Нуралиро ба ҷурми ҳамла бо корд ва захмӣ кардани корманди милисаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба 7 сол зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб як сокини маҳаллиро ба ҷурми ҳамла ба корманди милиса ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Дар маросими дафни Рустам Амакиев, ки рӯзи 17-уми сентябр баргузор шуд, фаъолони ноҳия, сарбозон ва рӯҳониёни тоҷик, аз ҷумла раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар рустои Навободи ноҳияи Восеъ маросими хоксупории фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии "Алфа" Рустам Амакиев баргузор шуд. Ӯ дар амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода рӯзи 15 сентябр кушта шуд.
Дар маросими дафни Рустам Амакиев, фармондеҳи воҳиди зиддитеррористии Кумитаи амнияти миллӣ садҳо нафар ширкат карданд. Полковники тоҷик рузи 15-уми сентябр ҳангоми даргирӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит кушта шуд. Рустам Амакиевро дар зодгоҳаш рустои Файзободи Восеъ дафн карданд.
Дар ноҳияи Восеъ маросими хоксупории фармондеҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ баргузор шуд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб ба муносибати "Соли оила" эълон шудани соли ҷорӣ -- 2015, муҷассамаи "Оилаи хушбахт" қомат афрохт.
Даҳҳо тан кӯдакон дар ноҳияи Фархор ду моҳи таътили тобистонаи худро бо ҷамъоварии таппӣ ё таппак - саргини чорво пушти сар намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи душанбе бо сафари корӣ ба Кӯлоб рафта, аввал оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф ба Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кардааст.
Як зани нонпаз аз шаҳри Кӯлоб бо ифтихор мегӯяд, дар 25 соли кораш шояд чанд миллион нон пухта бошад ва дар ин муддат ҳазорон нафар маззаи нони ӯро чашидаанд.
Ҳудуди сӣ коргари як корхонаи чинии хиштбарорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба далели пардохт нашудани маошашон корпартоӣ карда, аз шаҳрдорӣ барои ҳалли қазияашон ёрӣ хостаанд.
Имсол, ба фарқ аз маъракаҳои гузашта, барои ширкатдорони фаъоли маъракаҳои тантанавӣ дар Кӯлоб дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳаққи хизмат пардохт мешавад.
Дар Кӯлоб ҳудуди 100 ҷуфтро, ки тақрибан даҳ сол боз якҷоя зинда дошта, аз ин зиндагии муштарак соҳиби фарзанд будаанд, нав расман никоҳ кардаанд. Ин кор баъд аз талаби шаҳодтаномаи таваллуди фарзандони онҳо сурат гирифтааст.
Рӯзи 20 август бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд.
Як тарроҳ ё худ дизайнери хуҷандӣ тавассути насби муҷассама дар дохили як дарахти қадимии Кӯлоб маҳсули табиат ва дасти инсонро ба ҳама оварда, дарахтро аз буридан наҷот дод.
Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ҳавзи пӯшидаи оббозӣ дар ҳоли анҷомёбист, ки бо маблағи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд мешавад.
Манзили генерали собиқ Ғаффор Мирзоев дар Кӯлоб ба осоишгоҳ табдил дода шуд ва қарор аст то якуми сентябр, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр, мавриди истифода қарор гирад.
Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб аз сӯхтор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар медиҳад. Манбаи Озодӣ мегӯяд, иллати сӯхтор тирандозӣ дар он сӯи марз буд.
Ёфтҳои бештар