Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Нуриддин Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ моҳи июл дар марзи Сурия дар пайи рейди ходимони амниятии Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Ягона духтаре дар миёни панҷсад довталаби Коллеҷи милисаи шаҳри Кӯлоб аз имтиҳон нагузашт, аммо мегӯяд, рӯҳафтода нест ва соли оянда бори дигар нерӯяшро хоҳад озмуд.
Наздик ба дуним ҳазор сокини ноҳияи Фархор, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданд, ба хотири ифротӣ нашудан бо даъвати мақомот ба Ватан баргаштаанд.
Дар Русия ба тундгароӣ гаравидану ба Сурия ва Ироқ рафтани донишҷӯён падару модаронро дар Тоҷикистон водор кардааст, ки ба таҳсили фарзандони худ дар Русия мухолифат кунанд.
Раиси ноҳияи Шӯрообод аз сокинони «Мумирак» дар ҳамсоягии тамрингоҳи пойгоҳи 201-и Русия даъват кард, ки рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа аз хонаҳояшон набароянд.
Масъулони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бар асоси натиҷаҳои як пурсиши махфӣ миёни донишомӯзон даҳ муаллими ин муассисаро ба гумони "ришвахорӣ" ва "камсаводӣ" аз кор рондаанд.
Додситонии Кӯлоб парвандаи се афсари қисмҳои низомиро бо иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон таҳқиқ ва ба додгоҳ фиристодааст.
Дар хонае, ки Нигинаро додгоҳи Кӯлоб маскун карда буд, ба ҷуз аз ду фарзанд дигар ҳама собиқ шуда буд. Хусури собиқ, хушдомани собиқ, шавҳари собиқ ва наздикони шавҳари собиқ.
Даҳҳо наврас дар шаҳр ва атрофи Кӯлоб таътили тобистонаи худро бо хиштрезӣ мегузаронанд, то дар оғози соли хониш сарбории падару модар нашаванд ва ҳади ақал либосҳои мактабиро худашон харидорӣ кунанд.
Аз 32 сокини минтақаи Кӯлоб, ки ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб шудаанд, гурӯҳе мухлисони дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб будаанд.
То кунун 30 ҳазор афсари эҳтиётӣ дар қисмҳои низомӣ ва размоишгоҳҳои воқеъ дар вилояти Хатлон тамрин дидаанд. Ин машқҳо нақшавӣ буда, марҳила ба марҳила дар тамоми Тоҷикистон гузаронда мешаванд.
Як сокини ноҳияи Восеъ баъди 35 соли зиндагӣ ниҳоят тасмим гирифт, ки ҷинси худро аз зан ба мард табдил кунад.
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Брест нигаҳдорӣ мешавад, аз мақомоти Ҷумҳурии Беларус хост, барояш ҳақи паноҳандагӣ диҳанд.
Бархе аз сокинони деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Восеъ субҳи 26 июн бо Озодӣ дар тамос шуда гуфтанд, ки баъд аз нашри матлаб дар бораи ҳабдаҳ тобистони бебарқии онҳо мақомот мушкилашонро ҳал кардаанд.
Пас аз гузориши Радиои Озодӣ ва шикоятҳои зиёди сокинони деҳаҳои наздик ба размоишгоҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Шӯрообод, сарбозони ин пойгоҳ самти тирандозиҳои тамринии худро иваз кардаанд.
Дар Осорхонаи шаҳри Кӯлоб гӯшае боз шуд, ки ҳадафаш ҳифзи ном ва шуғлҳои хоси гузарҳои қадимии ин шаҳр аст.
Дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо фавворае сохта шудааст, шаҳрвандон ёд надоранд, кай бори охир аз онҳо об ба фазо печида буд.
Дар шаҳри Кӯлоб, пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ фаввораи бузурге бунёд шудааст, аммо мутаассифона, об надорад.
Хонаводаи як афсари нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, ки дар ҳифзи Ватан ҷон додааст, бесарпаноҳ ва овора буда, коҳиши ҷубронпулии ҷони афсару сарбозон ҳомиёни ҳуқуқи онҳоро нигарон кардааст.
Ёфтҳои бештар