Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Видео аз яке аз ҳавзаҳо дар шаҳри Кӯлоб
Дар яке аз ҳавзаҳои шаҳри Кӯлоб масъули интихобот ба ҷои аҳли хонавода овоз додани як нафарро ҷоиз номид.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз як сокини минтақаи Кӯлоб, ки қасди раъйдиҳӣ дошт, пурсид, ба ҷои чанд кас овоз медиҳад. Дар ҷавоб ин сокини Кӯлоб гуфт: Ба ҷои се кас. Ва шарҳ дод, ки дигарон ба кор банд ҳастанду ӯ ба ҷои онҳо раъй медиҳад.
Видео аз яке аз қитъаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб
Падари се муҳоҷир, ки пайваста аз писаронаш пул дарёфт мекард, дар сабқати "Бонки Эсхата" пирӯз шуд ва 100 ҳазор сомониро бо худ бурд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳар зане, ки фарзанди аввалашро ба дунё меорад, 120 сомнӣ "ширпулӣ" хоҳанд дод. Аммо занон мегӯянд, ин пул кирои "коғазбозӣ"-ро надорад.
Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақа Кӯлоб барои муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштаанд ва ҷои кор надоранд, панҷ "мардикорбозор" таъсис додааст.
Тоқии гулбасти чакан аз навтарин мӯди Наврӯзии имсол аст, ки аз ҳоло дар Кӯлоб бозори фурӯшаш гарм шудааст.
Шумори донишҷӯёни мадрасаҳои хориҷӣ аз минтақаи Кӯлоб дар як соли охир қариб 4 маротиба афзуда, ба 26 нафар расидааст.
Дар як занозанӣ дар ҷараёни як сабқати бузкашӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 2 нафар ҷароҳат бардошта, як ҷавонро дастгир кардаанд.
Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.
Мақомоти Кӯлоб тасмим гирифтаанд, чанорҳои шаҳрро бо гулу буттаҳо иваз кунанд. Аммо кормандони муҳити зист аз паёмадҳои манфии ин ташаббус ҳушдор медиҳанд.
Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-ро ба иттиҳоми "ришваситонӣ" ва "ваъдаи додани замин ба сокинон" боздошт кардааст.
Мақомоти андози минтақаи Кӯлоб ба хотири рӯёндани андоз мехоҳанд ба тамоми аробаҳо дар бозорҳои минтақа рақамҳои махсус диҳанд.
Додситони гарнизони низомии Кӯлоб мегӯяд, дар соли 2014 алайҳи 11 афсари ниҳодҳои қудратии мустақар дар минтақаи Кӯлоб парванда боз кардааст ва 9 тани онҳо алакай маҳкум шудаанд.
Дар ноҳияи Ховалинг пули аҷибе вуҷуд дорад, ки мардумро савори мотосикл аз баландии тақрибан 50 метр ба ду соҳили рӯди Яхсу мекашонад.
Додситонии Кӯлоб боз шудани парванда алайҳи як афсари пойгоҳи низомии 201-и Русияро рад кард, аммо қазияи дуздидани автомати "Калашников" аз сӯи як сарбози ин пойгоҳро тасдиқ мекунад.
Пизишкони беморхонаи амрози рӯҳии Кӯлоб мегӯянд, танҳо дар моҳи декабри соли гузашта панҷ наварӯс аз тарси он ки гӯё ҷину аҷинаҳо ба онҳо "ёр" шудаанд, ба табибони равоншинос муроҷиат кардаанд.
Надежда Саидова 50 сол пеш бо як сокини Мӯъминобод издивоҷ ва як оилаи мустаҳками тоҷикӣ бунёд кардааст. Ӯ мегӯяд, вақте ба назди пайвандонаш ба Русия рафт, тақрибан ӯро нашиносанд.
Барои нухстин бор дар дар шаҳри Кӯлоб коллеҷи милиса ва полки низомии 3-40-83-и вазорати умури дохила таъсис ёфт, ки донишҷӯёну хизматчиҳояш асосан ятимон хоҳанд буд.
Ёфтҳои бештар