Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2009 корро дар радиои "Имрӯз" шуруъ карда, баъдан дар хабаргузории "Тоҷнюс", АМИТ "Ховар" ва радиои "Ховар" идома додааст.
Олимҷон Бобоев, вакили порлумони Тоҷикистон, дар остонаи интихоботи моҳи марти имсол аз раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба иддаои масъулонаш 30 ҳазор узв дорад, истеъфо дод. Ӯ гуфт, роҳро барои ҷавонҳо кушодааст ва худ акнун даврони пирӣ хоҳад ронд. Бобоев ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи президентии соли 2006 дар майдони сиёсати Тоҷикистон пайдо шуд ва ҳамон вақт раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро, ки коршиносон сохтаи мақомот медонистанд, ба уҳда гирифт. Ӯ ду дафъа номзад ба мақоми президентӣ ва як муддат вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Олимҷон Бобоев рӯзи 9-уми январ дар бораи фаъолияташ дар порлумон, ҳизбҳои "кисагӣ", андозу нафақа ва монополияи бозору масоили дигар бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вале гуфтугӯ аз баррасии истеъфои ӯ сар шуд.
Муовини аввали ёвари котиби давлатии Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Элис Уэллс, шоми 7-уми январ дар Душанбе дар як суҳбати ихтисосӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух гуфт.
Додгоҳи шаҳри Душанбе эълони ҳукми Нурулло Наимов, раиси пешини тарҳи “Манзили дастрас” ва панҷ ҳамроҳи ӯро ба таъхир гузошт. Мақомот онҳоро барои аз худ кардани пули муштариён муттаҳам мекунанд.
Бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма рӯзи 2-юми январ ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, қатъ шудааст. Садҳо мусофир бо мошинҳои худ дар ин масир дармондаанд ва ҳанӯз дақиқ нест, кай ба сафар идома хоҳанд дод.
Бурҳониддин Сафаралиев, раиси як маҳаллае дар Ҳисор ки бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати миллӣ" даҳ моҳи умрашро дар зиндон сипарӣ кард, озод шудааст. Сафаралиевро бар асоси Қонуни авф ҳафтаи гузашта аз зиндони шаҳри Душанбе раҳо карданд.
Ёфтҳои бештар