Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ хостааст, масъалаи сабукӣ додан ба қарздорон баррасӣ шавад


Дар Тоҷикистон бештар аз ҳам соҳибкорони хурду миёна қарздоранд.
Дар Тоҷикистон бештар аз ҳам соҳибкорони хурду миёна қарздоранд.

Дар пайи нигаронии муштариён аз набуди имкон барои бозпас гардонии қарзҳои бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ба баъзе қарздороне, ки вазъи молиявии мушкил доранд, имтиёзҳо пешбинӣ мешавад.

Ин ниҳод шарҳ надодааст, киҳо ҳамчун муштарии дорои “вазъи молиявии мушкилдошта” ҳисобида мешаванд. Танҳо таъкид кардааст, ки сабукиҳое ба мисли тамдид дар пардохти қарзҳо ва мӯҳлати имтиёзнок дар назар аст. Бонки миллӣ рӯзи 1-уми май бо нашри баёнияе гуфт,, чунин имтиёз дар доираи нақшаи – чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири имконпазири пандемия COVID – 19 ба иқтисоди миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғурта сурат гирифтааст. Як манбаъ аз Бонки миллӣ гуфт, имтиёз ба маънии таътил додан дар пардохти қарз ба афроди қарздор нест.

Дар иттилоияе, Бонки миллӣ дар сомонаи худ нашр кардааст, гуфта шудааст, ки “бо назардошти аҳамияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ ва ғ. Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мактуби хеш №05.1-630/1591 аз 15.04.2020с. вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷроиши онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. ”

Дар баёнияи Бонки миллӣ гуфта мешавад, айни ҳол ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисме аз қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдиди назар намуда, барои бархе аз қарздороне, ки ҳолати молии мушкил доранд, мӯҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Пешниҳоди сабукиҳо ба муштариёни бонкҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки баъзе аз сокинон, аз ҷумла соҳибкорон ва хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, борҳо таъкид намудаанд, ки таъсири сирояти коронавирус ба вазъи молии онҳо сахт таъсир расонидааст ва наметавонанд аз бонк қарз бигиранд ё фоизи қарзҳои бонкиро бисупоранд. Ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд, айни вазъро доранд, Ҳоло маълум нест, бонкҳои Тоҷикистон, ки то чӣ ҳад қодиранд, ба мизоҷони худ сабукӣ бидиҳанд, чун чанд соли пеш мушкилоти иқтисодии фаровоне доштанд.

XS
SM
MD
LG