Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтем, як бало кунед, аз ягон ҷой ёфта, хӯрдан гиред" ВИДЕО


Бино ба пешбиниҳо мумкин аст, теъдоди камбизоатон дар Тоҷикистон зиёдтар шавад.

Холбӣ Сафарова, сокини шаҳри Бохтар мисли модарони зиёде дар Тоҷикистон фарзанди муҳоҷир дорад. Имсол ният дошт, ки бо пули фиристодаи фарзанди калонӣ аз Русия ҷашни арӯсии писари хурдиашро баргузор кунад, вале коронавирус нақшаҳои ӯ ва фарзандонро баҳам зад.

Ҳоло интизори пули писари муҳоҷираш нест ва фақат аз маоши омӯзгорияш рӯз мегузаронад. Бо вуҷуди ин умедвор аст, ки вирус ба зудӣ нобуд мешавад ва онҳо нақшаҳои зиндагиашонро амалӣ мекунанд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Як фарзандам дар хизмати ҳарбӣ аст. Мехостам ӯро хонадор кунем. Ман кор мекунам, писарам кор мекунад, лекин дар буҷаи оила танқисӣ дорем. Умед аз фарзандам дорам, ки ин бӯҳрони ҷаҳонӣ зудтар мегузарад ва беморӣ тезтар аз байн меравад.”

Хуруҷи короновирус дар саросари ҷаҳон ва густариши он дар Русия барномаи бисёре аз хонаводаҳои тоҷикро баҳам зад, ки аксаран аз ҳисоби пуле зиндагӣ мекунанд, ки наздиконашон аз Русия мефиристанд. То рӯзи 13-уми апрел дар ин кишвар 18 328 нафар бемори КОВИД-19 шудаанд ва вирус дар 24 соати гузашта ба бештар аз 2500 нафар сироят кардааст.

Коронавирус нону қандчойро дигарбора хӯроки тоҷикон мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Баъди эълони маҳдудият дар гаштузор дар Русия аз охири моҳи март ва бастани корхонаву сохтмонҳо, даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик бекор мондаанд. Баъзе ҳатто ба пули оилаҳояшон дар Тоҷикистон мӯҳтоҷ шудаанд. Ҳафт нафар аз хонаводаи Муҳаббат Содиқова ҳам дар Русия дар карантин қарор доранд. Ӯ ба фарзандонаш, ки муваққатан аз кор маҳрум шудаанд, пул фиристоданист: “Мегӯянд, карантин аст, дар хона нишастем. Набераҳоям ҳам аз боғчаву мактаб дар карантин ҳастанд ва дар хона бо телефон дарс мехонанд.”

Фарзандони Хонзода Амонова, сокини Бохтар бо шароити нисбатан хуб ва даромади бештаре дар Дубай зиндагӣ мекунанд, вале ӯ низ ду моҳ боз аз манбаи даромад маҳрум шудааст, чун писаронаш бекор ва дар хона нишастаанд. Хонзода Амонова мегӯяд: “Ҳар моҳ 300 доллар равон мекарданд. Ба мактабу ба касалӣ ба ҳамааш мерасонид. Қариб ду моҳ мешавад, пул равон накардаанд. Наметавонанд берун бароянд.”

Захираҳои молии хонаводаҳои камбизоат зоҳиран ба поён мерасад, ки ҳамчунон ба фарзандони муҳоҷирашон дар Русия муроҷиат мекунанд, вале ин муҳоҷирон мегӯянд, ки ҳолашон дар муқоиса ба аҳли хонаводаҳо дар Тоҷикистон бадтар аст. Фаррух Зардакови 33-сола аз ноҳияи Данғара яке аз ин муҳоҷирон аст. Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман дар карантин ҳастам, кор нест ва пул надорем. Аз хона занг зада гуфтанд, ки пул равон кун, вале наметавонам. Як халта орд харидаанд, вале боз шояд аз касе қарз гиранд, инҷо ман худам бекорам ва дар як хона 18 нафар зиндагӣ дорем. Гуфтем, як бало кунед, аз ягон ҷой ёфта, хӯрдан гиред. Дигар чӣ бигӯем?"

Иқтисоди пойбанди пули муҳоҷирон

Тоҷикистон яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ мебошад. Бино ба оморҳои гуногун дар Русия андаке бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Солона онҳо ба кишвар миллиардҳо доллар мефиристанд, то оилаҳояшон рӯз гузаронанд ва зиндагии муносибтаре дошта бошанд. Соли 2019 муҳоҷирон ба Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар фиристодаанд, ки ба беш аз 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст. Ба гуфтаи ҷомеашиносон, ҳамин пули муҳоҷирони корӣ аст, ки то кунун шиддати иҷтимоиро дар Тоҷикистон фӯру нишонда, сатҳи камбизоатиро аз сатҳи болое, то ба камтар аз 30 дар поин овардааст.

Бо бештар шудани мавридҳои сирояти коронавируси нав дар Русия ва афзоиши беморон, маҳдудияти равуо сахттар мешавад ва кор дар корхонаву сохтмонҳои бештарро муттавақиф мекунанд. Ҳоло нигарониҳо аз он зиёд аст, ки камтар шудани пули муҳоҷирону маҷрои он ба Тоҷикистон мумкин аст, дигарбора теъдоди камбизоатонро бештар кунад ва ғизои дастурхони тоҷиконро мисли солҳои пешин ба қандчой ва нон табдил диҳад.

Муассисаҳои байналмилалии молӣ ва иқтисодшиносон дар гузоришҳо доир ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон ҳамвора ба ҳукумат ҳушдор додаанд, ки пойбандии иқтисод ба пули муҳоҷиронро камтар кунад ва ҷойҳои кории бештар офарад. Ҳушдоре, ки ин дафъа на созмону на коршинос ва иқтисоддоне, балки мавҷуди ноаёне ва он ҳам бо номи “коронавирус” ба ҳукумати Тоҷикистон дод.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG