Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо меояд? ВИДЕО


Бӯи бад дар Хуҷанд

Шамоли рӯди Сир дар Хуҷанд чанд вақти охир ба машоми сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳр бӯи бадро ба машом мерасонад.

Сокинон ҳудуди як сол боз аз пайдо шудани бӯи бад дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд ва талаби бартараф кардани он ҳастанд.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Бӯи бад Дар Хуҷанд аз куҷо меояд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:05 0:00

Дилором Каримова, сокини 70 солаи маҳаллаи 13‑ уми шаҳри Хуҷанд, ки бемории роҳи нафас дорад, аз ҳама бештар аз пайдо шудани бӯи бад нороҳат аст.

Табибон ба ӯ нафас кашидан аз ҳавои тозаро тавсия додаанд.

“Вақти вазидани шамол соати 2 ё 3‑и шаб ҳамингуна бӯйро эҳсос мекунам ва дарҳол хеста тирезаҳоро мепушам. Ман бемории диққи нафас (астма) дорам, ҳолатам бад мешавад ва дарҳол дору мехурам. Ин бӯй бештар ба ботлоқ, яъне пасмондаи ташноб монандӣ дорад.”‑мегӯяд ӯ.

Мисли ин зан садҳо сокини ҳафт маҳаллаи шаҳри Хуҷанд субҳу шом дару тирезаи хонаҳояшонро бо сабаби паҳншавии бӯи ғализ кушода наметавонанд.

Рауфҷон Валиев, сокини Хуҷанд мегӯяд, асосан субҳ буйи ғализро эҳсос мекунад ва давоми рӯз дарди сар мешавад.

Неъматҷон Ҳошимов, сокини дигари Хуҷанд мегӯяд, дар чунин шароит зистан сахт аст ва бояд мақомот роҳи ҳал пайдо кунанд.

Сокинон дар бораи сарчашмаи буй фикри гуногун доранд. Бархе мегӯянд, ин бӯй шояд аз оғилҳои чорво ё мурғхонаҳо меояд.

Дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ (Учбоғ) ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба Хуҷанд наздиканд, чанд корхонаи мурғпарварӣ ҳаст, ки сокинон бештар аз онҳо гумонбаранд.

Масъулони ҳукумати Хуҷанд ба ҳамин корхонаҳо ишора мекунанд, вале намояндагони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, таҳқиқи онҳо манбаи бӯйро дигар ҷо нишон додааст.

Ҷаъфар Ғафуров, сардори Идораи ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия гуфт, таҳқиқи онҳо бо Идораи беҳдоштӣ нишон дод, ки бӯй аз партовгоҳи фозилоб меояд.

Ин ҳавзи партовҳои Хуҷанд лоиҳаи бозмонда аз даврони Шуравист, ки дар масоҳати 50 гектар сохта шуда, дар ҳудуди деҳаи Сартуқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, вале масъулияти нигаҳдошти он ба души корхонаҳои тобеъ ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд аст. Масъулони КВДК “Хуҷандобуканал” мегӯянд, ҳавзҳои обпартоб таъмир шудаанд ва кормандони онҳо ҳеҷ бӯйро эҳсос намекунанд.

Умед Шодиев, сардори иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд гуфт, ки “бӯй мушоҳида намешавад, чунки ҳавзҳо дар ҷойи кушод ҷойгир шудаанд”.

Тибқи санади тартибдодаи масъулони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми гармшавии ҳаво протсесҳои биологӣ ба амал омада, бӯи ғализ аз мавзеи ахлотхушкгардонӣ пайдо шуда, дар ҳолати вазидани шамол ба ҳар тараф паҳн мешавад.

Умед Шодиев, сардори иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд андешаи дигар дорад: “Ҳавзи обтакшинкунӣ дар 45 дақиқа якбор давр мезанад ва ахлоти он тавассути ҳавокашҳо ба мавзеи поёнӣ кашида мешаванд. Хушк кардани ахлотҳо бо роҳи табиӣ ва дар фазои кушоду ҳавои нисбатан гарм бештар амалӣ мешаванд”.

Бо вуҷуди ин масъулони корхонаи “Хуҷандобуканал” иддаои масъулони идораҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи паҳншавии бӯи ғализ аз фаъолияти иншооти партовобтозакуниро бе асос мешуморанд ва мегӯянд, иншооти идораи онҳо дар ҷое бунёд шудааст, ки боиси олудагии ҳаво дар маҳалли аҳолинишин намегардад.

Ҳанӯз мақомот миёни худ дар мавриди пайдоиши бӯй ба як хулоса наомадаанд. Сокинон умедворанд, ки билохира ин мушкил роҳи ҳал пайдо мекунад ва ҳавои тоза нафас мекашанд.

XS
SM
MD
LG