Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Товон"-и хонаҳоеро, ки ширкати чинӣ вайрон карду насохт, ҳукумат медиҳад. ВИДЕО


Тарҳи пуровозаи ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки иҷро нашуд
Тарҳи пуровозаи ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки иҷро нашуд

Шаҳрдории Хуҷанд эълом кард, барои 32 оила, ки зимни тарҳи пуровозаи "шаҳраки чинӣ" аз хонаҳояшон маҳрум шуданд, манзил хоҳад сохт. Ширкати чинии "Ҳусноро-1" соли 2015 ба иҷрои тарҳ оғоз кард, вале дертар аз он даст кашид.

32 оила, ки то ҳол дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, аз қарори шаҳрдорӣ ситоиш карданд, аммо на мақомот ва на ширкати чинӣ намегӯянд, талоши шитобкорона ва бештар таблиғотӣ чӣ қадар зиёни иқтисодӣ овард.

Хонаи Рафоат Ҳошимоваро панҷ сол пеш дар маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, дар канори дарёи Сир, вайрон карданд, то ҷойи сохтмони "шаҳраки чинӣ"-ро фароҳам биоранд.

Хонум Ҳошимова ва аъзои оилааш соли 2015 бо умеди он ки соҳиби манзилҳои наву замонавӣ мешаванд, ба хонаҳои иҷора кӯч бастанд. Тарҳ иҷро нашуд ва хонаҳои навро насохтанд. Дар панҷ соли гузашта чанд набераи ӯ дар хонаи иҷора ба дунё омада, раҳгардон шуданд.

"Ба мо хабар доданд, ки ҳоло ҳукумат хона сохта истодааст. Хоҳиши мо ҳамин аст, ки хонаро барвақттар пӯшида, ба мо диҳанд. Мо соҳиби хонаву дар шавем. Дигар ба ҳукумат пули иҷораро диҳед ё хона сохта диҳед нагӯем. Панҷ сол шуд, ки дар азобем", -- нақл кард ӯ.

"Товон"-и хонаҳоеро, ки ширкати чинӣ вайрон карду насохт, ҳукумат медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Ба гуфтаи Рафоат Ҳошимова, пули манзили иҷораи онҳоро ҳукумат медиҳад, аммо онро гоҳе бо таъхир дастрас мекунанд.

Ширкати чинии "Ҳусноро-1", ки моликонаш шаҳрвандони Чин ҳстанд, соли 2015 дар маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиев 32 хонаро вайрон кард, то силсилаи биноҳои бисёрошёна бисозад, вале дертар аз иҷрои тарҳ даст кашид.

Ҳоло бо гузашти панҷ сол раиси шаҳри Хуҷанд эълон кард, ки барои 32 оила аз ҳисоби пули буҷа хона месозанд. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Тасмим гирифтем, ки ба онҳо хона сохта диҳем. Соли 2019 кор сар шуд ва имсол 7 ошёнаи бино сохта шуд. Тасмим дорем, то охири сол онҳоро бо ҷойи зист таъмин кунем."

Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ширкати чинии "Ҳусноро-1" бо сабаби техникии "баланд будани сатҳи об" ва "масъалаҳои дигар" аз бунёди шаҳрак даст кашидааст. "Масъалаҳои дигар"-и байни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати чинӣ ва зараре, ки аз ин тарҳи иҷронашуда пеш омад, маълум нест.

Ҷониби Чин то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ширкати чинӣ қарордодро якҷониба бекор кардааст ва музокироти намояндагон дар Пекин ҳам ба ҷое нарасидааст. Ӯ гуфт, "намояндагони мақомот ва раиси маҳалла то Пекин ва шаҳрҳои дигари Чин рафтанд. Гуруҳи корӣ фиристодем. Мулоқот карданд, вале афсӯс кор нотамом монд."

Ҳоло дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои бисёрошёна барои 32 оилаи зиёндида аз оғози тарҳи сохтмони "шаҳраки чинӣ" идома дорад. Дар назар аст, сокинони бехонамондаро дар инҷо ҷобаҷо кунанд. Мақомот мегӯянд, ин биноро аз пули буҷаи шаҳр месозанд.

Бар асоси тарҳи ба истилоҳ "шаҳраки чинӣ" бояд 15 бинои бисёртабақа, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ месохтанд. Тарҳе, ки бо вайрон кардани беш аз сӣ хонаи мардум оғоз шуд, аммо амалӣ нашуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG