Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мардумӣ аз рафтори милисаҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шикоят кардааст


Хушмуродов мегӯяд, намедонад, барои чӣ ӯро дастгир карданд.

Як вакили маҷлиси ноҳияи Шаҳринав ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдааст, ки маъмурони милиса ӯро ғайриқонунӣ ва бесабаб дастгир кардаанд.

Муродхӯҷа Хушмуродов рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун ба ӯ нагуфтаанд, ки чаро дастгир шуд ва чӣ кӯтоҳӣ карда буд, ки даҳ нафарӣ омаданду бурданд ва 6 соат дар шӯъбаи милиса нигаҳ доштанд. Хушмуродов моҳи март дар интихоботи парлумонӣ номзадии худро мустақилона ба маҷлиси маҳаллӣ пешниҳод кард, ҳарчанд узви ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон аст.

Муродхуҷа Хушмуродов мегӯяд, рӯзи 20-уми май тақрибан даҳ нафар кормандони милиса ҳамроҳ бо сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва нозири минтақавӣ ба хонааш омаданд ва ӯро бидуни ҳеҷ даъвати пешакӣ ба идораи милиса бурданд.

Зимни боздошт ба гуфтаи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав ба ӯ беэҳтиромӣ низ кардаанд: “Даҳ нафар ба хона омада, маро бо мошинам ба шуъбаи милисаи ноҳия бурданд. Сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ, сардори шуъбачаи кофтукоби ҷиноӣ, сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ бо ду кормандаш, ду милиса ва ду нозири минтақавӣ буданд. Вақте сабаб пурсидам, дашном доданд ва аз гиребонам гирифта бурданд”.

Азбаски ҳарорати бадани Хушмуродов аз 37 дараҷа боло будааст, иҷоза надодаанд ба назди сардори шӯъба Фахриддин Сафарзода ворид шавад, ӯро 6 соат дар саҳни идораи милиса нигоҳ доштанд. Дар шӯъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ҳодисаро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд, нозири минтақавӣ гуфт, бе иҷозаи раҳбар чизе гуфта наметавонад.

Муродхӯҷа Хушмуродов ба суолҳои пай дар пайи ӯ доир ба сабабҳои боздошт кормандони милиса гуфтанд, “супориши раҳбар аст ва бояд бо ӯ суҳбат кунад: “Бегоҳ шуд ва онҳо маро гуфтанд, ки барои риоят накардани қоидаҳои роҳ ба зидди ман санад тартиб медиҳанд. Ҳамин корро ҳам карданд, аммо маълум набуд, барои кадом қоидавайронкунӣ”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳануз ҳеч далелу сабаби бозошташро шарҳ надодаанд ва гуфтаанд, ки ба хона баргардад. Вакили маҳаллӣ мегӯяд, баъди ҷавоб шудан аз идораи милиса ба маҳалле дар назди шӯъбаи милиса рафт, ки онҷо яке аз кормандони милиса гиребони ӯро гирифта зӯргуӣ мекард ва хост наворҳои камераҳои назоратиро ба ӯ ҳам бидиҳанд. Ӯ афзуд: “Дар онҷо ҷойи шустушӯи мошинҳо ва дорухона ҳаст ки ҳамаашон камераҳои назоратӣ доранд. Вале он руз гӯё чизеро сабт накардаанд. Талоши ба такрори ман барои вохурӣ бо Фахриддин Сафарзода сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бенатиҷа буд, чун маро қабул намекард”.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, тамоми масъулони ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳия уҳдадоранд, ба муроҷиати вакили маҳаллӣ расман посух бигӯянд. Хушмуродов мегӯяд, ҳануз ҳам намедонад, чаро мақомоти интизомӣ бо ӯ чунин рафтор кардаанд. Ӯ гуфт, рӯзи 23-юми май ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шикоят бурд.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии Шаҳринав гуфтанд, раҳбарият дар ҳеҷ мавзуе суҳбат намекунад ва бояд ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунем. Мирзоватан Сафарализода сардори шуъбачаи кофтукоби ҷиноӣ, ки дар бурдани ӯ ба идораи милиса ҳузур доштааст, дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ин ҳодиса хабар надорам. Ман се моҳ шуд инҷо кор мекунам, мардумро ҳатто хуб намешиносам. Ин гапҳо ҳамааш дуруғ аст”.

Муродхуҷа Хушмуродов сокини деҳаи Чузӣ дар Ҷамоати деҳоти Чуст аст. Ӯ гуфт, ки нозири митақавӣ ҳам аз ҳодиса хабар дорад, вале ин нозир Шамсиддин Исмоилзода рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “бидуни дастуру супоришҳои раҳбарият ҳеҷ маълумотеро дода наметавонад”.

Боздошти вакили ноҳия дар ҳолест, ки бар асоси қонун парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба зидди вакили маҳаллӣ аз тарафи додситон оғоз карда мешаванд. Бар асоси қонун, вакилон дар шаҳру ноҳияҳо дахлнопазирӣ ва масуният доранд. Шокирҷон Ҳакимов доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, рафтори кормандони милисаро худсарӣ ва бесалоҳиятӣ номид.

Вай гуфт, бо ин шева ба шуъбаи милиса бурдани вакили маҳаллӣ на танҳо мухолифи қонунгузорӣ доир ба вазъи ҳуқуқии вакил, балки Кодекси мурофиаи шаҳрвандӣ ҳам ҳаст: “Дар ин ҳолат вой бар ҳоли сокинони оддии ин ноҳия, ки агар бо як вакил чунин муносибат мешавад. Маълум аст, ки сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав хоҳарзодаи президент аст ва ин боис шудааст, ки кормандони дигари ин мақомот аз ин сӯистифода карда, фикр кардаанд, ҳамин гуна амали ғайриқонунияшон дастрасӣ матбуот намегардад ва вакил ҳам кӯшиши аз худ ҳимоя карданро намекунад.”

Шикояти як вакили ноҳиявӣ аз боздошти худсарона ва таҳдид шунидан аз кормандони милиса бисёр кам расонаӣ мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (22)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG