Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷа. ВИДЕО


Ҳамза Солеҳов

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик оғоз кард, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Мурофиа рӯзи 8-уми август баргузор шуд.

Дар курсии айбдорӣ Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов – кормандони собиқи Раёсати умури дохилии Душанбе – нишастаанд. Ба зидди онҳо 17 нафар шикоят кардаанд. Вале вакилони маъмурони милиса ҳамагуна шиканҷаи боздоштшудаҳоро рад мекунанд.

Наргис Абдураҳмонова, вакили мудофеи Ҳамза Солеҳов, ҷабрдидаи асосӣ дар парванда, рӯзи 9-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "маъмурони милиса ба гирифтани "пора" ва сӯистифода аз мансаб низ муттаҳаманд."

Вакилони мудофеи кормандони пулис нахостанд дар бораи иттиҳомоте, ки нисбат ба зерҳимояҳояшон эълон шудааст, сӯҳбат кунанд. Танҳо адвокати Фарҳод Нурхонов дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, иттиҳомот нисбат ба зерҳимояаш беасос аст ва далелҳое дорад, ки "бегуноҳии ӯро исбот мекунад".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Додгоҳи чаҳор милисаи тоҷик барои шиканҷаи Ҳамза ва...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Парвандаи зидди чаҳор маъмури милиса бар асоси шикояти сокини Душанбе Ҳамза Солеҳов ва пас аз гузориши видеоии Радиои Озодӣ дар ним соли пеш оғоз шуда, дар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса 16 нафари дигар шикоят кардаанд. Солеҳов қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "маро ба нерӯи барқ монданд, то гуноҳро ба гардан гирам". Ӯро ба нигоҳ доштани маводи мухаддир муттаҳам мекарданд. Чизе, ки ба гуфтаи Ҳамза Солеҳов "ҳақиқат надошт ва сохта буд".

Муфаттишони додситонӣ ҳам дар хулосаи худ дар парванда навиштаанд, ки "нисбат ба Ҳамза Солеҳов бо истифода аз нерӯи барқ шиканҷаро раво дида, аз ӯ дар бораи эътирофи иттиҳом дар баёнот имзо гирифтаанд."

Видео. Нақлҳои Ҳамза Солеҳов аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

Ҳамза Солеҳов аксҳоеро ба Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар он осори ҷароҳат дар гӯш ва дигар аъзои баданаш дида мешуд. "Дастонам дар пушт баста буд, дар болоям одам баромада ва ба нерӯи барқ монданд. Ҳис кардам, ки нерӯи барқ мезанад, дод задам, ба даҳонам скотч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд", -- нақл кард ӯ.

Ҳамза Солеҳов гуфт, "ба ҳадде азоб доданд", ки розӣ шуд, зери ҳар санад имзо мегузорад ва имзо ҳам гузоштааст.

Ҳоло додрас назари ҷабрдидаҳоро мепурсад. Аскар Мирзоев ва Бадриддин Мирзоев, ду сокини Душанбе, рӯзи 8-уми август дар додгоҳ гуфтанд, ки маъмурони боздоштшудаи пулис онҳоро низ бо гумони истифодаи маводи мухаддир латту кӯб ва шиканҷа кардаанд, "ҳарчанд гуноҳ надоштанд".

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш зан аст.

Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи имсол барои иҷрои ин тавсия “нақшаи миллии амал барои соли 2019-2020”-ро тасвиб кард. Дар сурати иҷро, ин барнома роҳи вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба боздоштгоҳу зиндонҳо боз мекунад, аммо маълум нест, то куҷо ҳолатҳои шиканҷа коҳиш меёбад.

Бино ба қонунҳои Тоҷикистон, шиканҷа ҷиноят аст ва афроди муттаҳам ба шиканҷа бо хатари ҳукми тӯлонии зиндон рӯбарӯ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG