Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе гуфт, бозорҳои либос баъди 10-уми май боз намешаванд


Ҳукумати шаҳри Душанбе дастур додааст, ки бозорҳои фурӯши либос аз ҷумла бузургтарин бозори Тоҷикистон то охири моҳи май баста бимонанд. Шаҳрдорӣ рӯзи 8-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, мақсад аз ин дастур “ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 аст.”

Ҳукумати Душанбе қабл аз эълони расмӣ дар бораи сирояти коронавируси нав ба 15 нафар дар Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳамаи бозорҳои либосфурӯширо аз рӯзи 30-уми апрел то 10-уми май қатъ мекунад.

Дар қарори нави шаҳрдории Душанбе омадааст, дари ин бозорҳо бояд то рӯзи 31-уми май баста бимонанд ва “сохторҳои шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.”

Пойтахти Тоҷикистон то кунун яке аз шаҳрҳои бештар осебдида аз коронавируси нав ба ҳисоб меравад ва ба гуфтаи вазорати тандурустӣ, то рӯзи 8 май дар Душанбе 223 мавриди сирояти COVID-19 сабт шудааст.

Дастури бастани бозорҳои либосфурӯшӣ ва дигар ашё ва лавозимоти рӯзғор дар Душанбе, ки маҳалли кору тиҷорати ҳазорон нафар аст, қарори дардноке ба ҳисоб меравад, чун мардуми зиёдеро аз кор ва манбаи даромад маҳрум мекунад.

Танҳо дар бозори “Корвон”, ки дар масоҳати 27 гектар доман паҳн кардааст ва бузургтарин дар Тоҷикистон аст, тақрибан 8 ҳазор нафар кор мекунанд. Бозори мазкур ҳамчунин маҳалли аслии хариди ҳазорон тоҷири дигарест, ки аз инҷо ба ноҳияҳои атроф ва дигар манотиқи Тоҷикистон мол бурда мефурӯшанд.

Баста мондани бозорҳо, тоҷиронеро, ки аз бонкҳо барои пешбурди тиҷорат қарз гирифтаанд, дар вазъи баде қарор медиҳад, чун маҷбуранд, ҳар моҳ қарзу баҳраи онро баргардонанд.

Яке аз ин тоҷирон баъди эълони бастани бозорҳо дар рӯзи 29 апрел аз тариқи Вайбер ба Радиои Озодӣ навишт: “Ман соҳибкорам ва фикр мекунам, бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон бо бонкҳо кор мекунанд. Ман яке аз онҳо мебошам ва ба ҳамаи мо маълум аст, ки аз пагоҳ 30-04-2020 бозорҳоро мебанданд ва ман мехостам, ба бонкҳо муроҷиат кунам, то ин ки мӯҳлати пардохти қарзҳои моро ба вақти дигар гузаронанд.”

Соҳибкори дигаре аз Хуҷанд, ки худро Сабрина муаррифӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ навишт, ки "Тоҷикистон ҳамаҷоро карантин кардааст ва қарзҳои бонкии ин мардум чӣ мешавад?"

Бонки миллии Тоҷикистон чанде пеш аз бонкҳои тиҷоратӣ хост, ки ин масъаларо баррасӣ кунад, вале ҳоло маълум нест, то куҷо онҳо қодиранд, пардохти қарзи соҳибкоронро ба таъхир андозанд ва ё ба онҳо сабукӣ бидиҳанд.

Бисёриҳо ҳукумати Тоҷикистонро, ки то рӯзи 30 апрел мегуфт, дар кишвар касе ба бемории COVID-19 гирифтор нашудааст, барои таъхир дар андешидани чораҳои ҷилавгирӣ аз беморӣ танқид кардаанд. Дар кишвар то кунун ба гуфтаи вазорати тандурустӣ, 522 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд ва аз ин миён 14 нафар фавтидаанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG