Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари сел дар Хуросонро наздики 7 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд


Эътирози сокинони ноҳияи Хуросон дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе. 17-уми майи 2020

Зарари сел ва лағжиши кӯҳ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили зиёда аз 600 ҳазор доллар) ҳисоб шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, хулосаи кумисюни вижа дар бораи зарари офати табииро ба ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ фиристоданд.

Сел ва лағжиши кӯҳ дар рӯзҳои 14 ва 15-уми майи имсол дар ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ду нафарро кушт ва ба садҳо хона зарар расонд. Бар асари ҳодиса даҳҳо гектар кишти мардум хароб шуда, наздик ба 100 чорво талаф ёфтааст.

Баъд аз омадани сел ва лағжиши кӯҳ сокинони ҷамоати ба номи Садридин Айнӣ чанд шабро дар берун рӯз карда, 17-уми май, ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба мушкили худ шоҳроҳи Бохтар-Душанберо бастанд. Онҳо шикоят карданд, ки бо гузашти ду-се рӯз аз вуқӯи ҳодиса мақомот натанҳо ба онҳо кумак нарасонданд, балки барои аҳволпурсӣ наомаданд.

Эътироз дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе аз тарафи нирӯҳои милиса пароканда карда шуд ва рӯзи дигараш муовини сарвазири Тоҷикистон бо раиси вилояти Хатлон барои мулоқот бо мардум ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Ба ин ҷаласа хабарнигоронро роҳ надоданд.

Дертар бархе аз сокинон шикоят карданд, ки чанде аз эътирозгарон бозпурсӣ шудаанд, вале раиси ноҳияи Хуросон мегӯяд, касе боздошт нашуд ва танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.

Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода, мегӯяд, ҳоло ба мардум хӯроку хайма додаанд ва барои пешгирӣ аз сирояти бемории короновируси нав тамизкорӣ ё корҳои зиддиуфунӣ ҷараён дорад.

Анвар, сокини деҳаи "Партсъезд", ки хонааш пурра зери кӯҳ мондааст, рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳи аъзои оилааш дар як хайма зиндагӣ доранд.

"Ваъда доданд, ки хона месозем, даромада зиндагӣ мекунед. Ҳоло мунтазир ҳастем", - гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан яке норозигии сокинони ноҳияи Хуросон ин буд, ки дар солҳои гузашта низ сел хонаву роҳи онҳоро вайрон кард, вале мақомот ваъдаи худро дар бораи расондани кумаку дастрас намудани сӯзишворӣ иҷро накарданд.

Сокинони минтақаҳои осебдида бо гузашти ду ҳафта аз ҳодиса ошкоро дар бораи вазъи худ суҳбат намекунанд. Бархе аз онҳо бо шарти фош нашудани номашон мегӯянд, бояд сохтмони хонаҳо то фасли тирамоҳ анҷом шавад, вагарна дар ҳавои сард бе сарпаноҳ хоҳанд монд.

Мақомот мегӯянд, дар ҳодисаи рӯзҳои 14 ва 15-уми май дар ноҳияи Хуросон 35 хона пурра вайрон шуда, 300 хона қисман зарар дидааст.

Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, мегӯяд, барои 35 нафаре, ки хонаҳояшон пурра вайрон шуд, бо дастури мақомот, қитъаи замин ҷудо мекунанд.

"Ҳоло тахта, бомпӯшу семент овардаанд, бояд ба онҳо замин диҳем. Машварати ҷудо кардани замин аз макони бехавф ҷараён дорад. Ба мардуме, ки хонаҳояшонро аз даст доданд, хона месозем", - таъкид кард ӯ.

Вале ҳанӯз маълум нест, оё ҳукумати ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ барои ин кор чӣ қадар пул ҷудо кардаанд. Ва оё ин кор аз ҳисоби пулҳои буҷа сурат мегирад, аз ҳисоби кумакҳои хайрия.

Дар вилояти Хатлон тақрибан 400 минтақаи хавфнок вуҷуд доштааст, ки ҳар сол хатари омадани селу лағжиши кӯҳ таҳдид мекунад. Дар моҳи марти имсол дар деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон низ сел хонаву роҳи мардумро хароб кард ва мақомот зиёни расидаро беш аз як миллион сомонӣ ҳисоб карданд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG