Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калонсолон дар Душанбе тавсияи хонашиниро нодида мегиранд. ВИДЕО


Яке аз дорухонаҳои Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба шахсони бузургтар аз 65-сола тавсия дод, ки бе зарурат аз хона дур нараванд, "ҳамроҳи оила бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд". Эмомалӣ Раҳмон ин гапҳоро охири ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси Миллӣ, ҳангоми нигарониҳояш аз густариши коронавирус дар ҷаҳон, ба забон овард.

Аммо дар хиёбонҳои Душанбе ҳузури бузургсолон зиёд мушоҳида мешавад. Бархе аз пиронсолон мегӯянд, ночор барои хариду кор аз хонаҳояшон ба берун мебароянд, чун писарон дар Русия ҳастанду саробонии хонавода бар уҳдаи онҳост.

Исматуллоҳ Сайвалиев, сокини 69-солаи Душанбе, мегӯяд, маҷбур аст, ҳар рӯз барои хариди хӯроквории нисбатан арзонтар аз хона ба берун барояд. Вай мегӯяд, аз таҳдидҳои коронавирус дар ҷаҳон огоҳ аст ва пайомади нохуши он махсусан барои афроди калонсолро медонад.

"Дар ин шароити қиматӣ ночор ба кӯча мебароем. Бояд барои худ ягон хӯроки арзонтар пайдо кунем. Нафақаам 248 сомонӣ аст, бо ин маблағ чӣ хел зиндагӣ кунем? Магар бо ин миқдор пул қувват гирифта, аз беморӣ эмин мемонем? Таваккал ба Худо, чизе, ки бошад, мебинем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми апрел.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мардуми солхӯрда машварати гӯшанишиниро нодида мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Дар хиёбонҳои пойтахт пиронсолонеро, ки ниқобҳои тиббӣ доранд, аҳёнан дидан мумкин аст.

Наталя Филлиповна, сокини солхӯрдаи Душанбе мегӯяд, ин шабу рӯз дар кӯча аз эҳтиёт кор мегирад: "Ба кӯча баромадам, ки лолаҳоро тамошо кунам. Набераам мегӯяд, дар хона шинед, ба кӯча набароед".

Бузургсолоне, ки таҳдидҳои короновирусро ҷиддӣ гирифтаанд, дар хиёбонҳои Душанбе зиёд нестанд. Махсусан, дар бозору нақлиёт мушоҳида мешавад, ки аксарият якдигарро ба оғӯш мекашанд ва бо даст салом мекунанд.

Ҳодимоҳ Ҳамадова, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, "Худованд касалро оварда бошад, дар куҷое биравем, мегирадамон. Аз он касал гурехта намешавад."

Табибони сироятшинос мегӯянд, бузургсолон дар баробари бемории COVID-19 гуруҳи "риск" ё осебпазир дониста мешаванд.

Мунира Каримова, сартабиби бемористони клиникии сироятии кӯдаконаи Душанбе гуфт: "Бештар ба ин беморӣ нафарони аз 60-сола боло гирифтор мешаванд. Ин амр ба бемориҳҳои ҳамрадифе, ки ин шахсон доранд, вобаста аст. Ин ҳамрадиф метавонад бемориии дилу гурда ё бемориҳои сироятии роҳҳои нафас бошад. Ҳангоми гирифтор шудан ба коронавирус ҳамаи бемориҳои ҳамрадиф хуруҷ мекунад. Ин ба вазниншавии ҳолати бемор оварда мерасонад".

Ҳарчанд дар Тоҷикистон расман гирифторӣ ба бемории ҳамагири COVID-19 сабт нашудааст, чораҳои пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он ва таблиғи эҳтиёткорӣ ҷиддӣ ба назар мерасад.

Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба такрор мегӯянд, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ошкор нашудааст ва чанд ҳолати марги беморон ба касалии илтиҳоби шуш ва сактаи қалб рабт дорад, на коронавирус. Аммо марги пайиҳами чанд нафар дар гӯшаҳои кишвар бар асари илтиҳоби шуш сокинонро нигарон кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG