Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СOVID-19 ва зиндонҳо. Дидорбинӣ манъ, суҳбатҳои телефонӣ озод. Оё барои ҳама?


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон ба он ақида ҳастанд, ки маҳбусон дар муқоиса бо одамони дар озодибуда дар шароити камхатар ба сар мебаранд. Аммо ҳуқуқдони тоҷик Шуҳрат Қудратов, ки худ чанд солро дар маҳбасҳои Тоҷикистон гузарондааст, мегӯяд, "ин фикр ва ақида комилан нодуруст мебошад".

"Муассисаи ислоҳӣ ҷойи истиқомати зичи маҳбусон аст. Онҳо ниқоб надоранд, дурӣ аз якдигар риоя карда намешавад, катҳои хоб ба ҳамдигар часпидаанд ё дар масофаи на кам аз 60 сантиметр аз якдигар ҷойгиранд," - навиштааст ӯ дар сафҳааш дар Фейсбук.

"Дар як рӯз се бор барои санҷиш ба майдони муассиса бароварда мешаванд, ки ин метавонад боиси паҳншавии СOVID-19 дар байни маҳбусон ва шояд кормандони муассисаи ислоҳӣ гардад", - менависад Қудратов.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи дигаргуниҳое, ки бо сирояти беморӣ дар зиндонҳои кишвар ҷорӣ карда шуд, маълумоти зиёд ва мушаххас намедиҳанд, вале гуфтаанд, барои маҳбусон шароити суҳбатҳои телефонӣ бо наздиконашонро фароҳам овардаанд. Бархе аз шаҳрвандон мегӯянд, аз ин имконият истифода мебаранд, зеро дидорбинӣ бо маҳбусон дар шароити пандемия манъ шудааст.

Вале, зоҳиран, на ҳама аз чунин имконият бархӯрдоранд. Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯянд, ки мақомот намегузоранд, бо ӯ телефонӣ тамос гиранд. Маҳмадалӣ Ҳайит ба ҳабси абад маҳкум шудааст, вале ӯву наздиконаш ҳукмро сиёсӣ медонанд.

Савриннисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз густариши коронавируси нав ва нашри хабарҳо дар бораи бемории чанде аз зиндониён аз вазъи саломати ҳамсараш нигарон аст.

"Инҷо СИЗО аст, зиндон нест"

"Аз расонаҳо суҳбати Мансурҷон Умаров, сардори муассисаҳои ислоҳиро хондам, ки гуфтааст зиндониён ҳақ доранд бо телефон бо наздиконашон суҳбат кунанд. Ба боздоштгоҳи рақами як рафтам. Дар онҷо мегӯянд, ин қоида ба маҳбасҳо дахл дорад, ба СИЗО на", - нақл кард ӯ.

Савриннисо Ҷӯрабекова
Савриннисо Ҷӯрабекова

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май гуфт, барои афроде, ки бо ҳукми додгоҳ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, шароити гуфтугӯи телефонӣ бо наздикон фароҳам шудааст. Дар мавриди онҳое, ки ҳукми додгоҳ нисбаташон эълон шудааст, вале ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд, чизе нагуфт ва гӯширо гузошт.

Сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар моҳи апрел ба муассисаҳои ислоҳӣ дастур дода буд, ки телефонҳои хизматиро фаъол кунанд, то маҳбусон бо хонаводаҳои худ имкони сӯҳбат карданро дошта бошанд. Мансурҷон Умаров моҳи апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ҳар маҳбас то 15-20 телефони хизматӣ насб кардаанд.

Пештар мақомот гуфта буданд, ба вакили дифои зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров имкон фароҳам кардаанд, то телефонӣ бо наздиконаш суҳбат кунад.

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит афзуд, дар як сол танҳо ду дафъа ҳақ дорад бо шавҳараш дидор дошта бошад ва бори охир 7-уми марти имсол дар зиндон аз пушти тиреза мулоқот дошт. Дар мавриди суҳбатҳои телефонӣ масъулони боздоштгоҳи муваққатӣ ба ӯ гуфтаанд, ин қоида ба онҳо рабт надорад.

Талоши тасдиқи дурустии ин иддао аз тарафи мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

"Дар суҳбати моҳи март гуфт, ки аз вазъи саломатиаш шикоят надорад, аммо аз рангу рӯяш маълум буд, ки аҳволаш хуб нест. Бо гӯшӣ баланд гап мезадам, дуруст намешунид. Баъд иқрор кард, ки пас аз латту кӯб шудан пардаи яке аз гӯшҳояш осеб дидааст", - гуфт Савриннисо Ҷӯрабекова.

Вале мақомот борҳо шикояти шиканҷа шудани Ҳайитро рад кардаанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит
Маҳмадалӣ Ҳайит

Савриннисо Ҷӯрабекова рӯзи 16-уми май ба Раёсати иҷрои ҷазо нома навишта, хостори мулоқот бо ҳамсараш шудааст: "Дар ҳолате ки ягон маълумот дар бораи вазъи саломатии каси наздикат надорӣ, имконияти одитарин суҳбат ҳам нест, албатта, шахси ошно бо вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро ба таҳлукаву воҳима меафтонад".

Мақомот ҳанӯз ба номаи хонум Ҷӯрабекова посух надодаанд.

Нигарониҳо пас аз фавти чаҳор бемори "илтиҳоби шуш"

Нигарониҳо аз вазъи зиндонҳои кишвар дар пасманзари паҳншавии коронавирус чанд ҳафта аст, ки идома дорад. Мақомот то имрӯз марги чаҳор зиндонӣ аз илтиҳоби шуш ё “пневмония”-ро тасдиқ карданд, ки ба бемории COVID-19 хеле наздикӣ дорад. Масъулини идораи зиндонҳо то ҳол мубтало шудани маҳбусонро ба коронавируси нав тасдиқ накардаанд.

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳо рӯзи 11-уми май ба “Спутник” гуфт, феълан ҳудуди 30 зиндонӣ зери назорати пизишкон ҳастанд ва вазъи чаҳор нафар вазнин аст. Аз он замон то кунун маълум нест, ин шумора кам ё зиёд шудааст.

Бо инки мақомот талош доранд, наздикони зиндониёнро аз хуб будани вазъият итминон диҳанд, пайвандони маҳбусони дигар ҳам аз вазъи саломатии зиндониён нигаронанд. Хешовандони маҳбусон талаб доранд, наздиконашон муваққатан ба ҳабси хонагӣ фиристода шаванд.

Дархости озодии Сайфуллозода

Лутфулло Сайфуллозода, писари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви дигари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфт, аз рӯзи аввали боздошт падараш аз бемории қалб ва фишорбаландӣ азият мекашид.

"Бори охир 12-уми май суҳбат доштем, гуфтанд, ки дарди дилашон авҷ гирифта, аҳволашон вазнин шудааст. Шунидем, ки аҳволи зиндониён хуб нест, баъзеҳо фавтиданд. Аз мақомот хоҳиш дорем, падарамро озод намоянд", - афзуд Лутфулло Сайфуллозода.

Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода

Писари Сайфуллозода гуфт, падараш 6 соли умрро дар зиндон сипарӣ кард ва ҳоло 70-сола аст.

Масъулини идораи зиндонҳо пештар аз ин дар посух ба ин суол гуфта буданд, ки масъалаи озод кардани бархе зиндониён дар шароити пандемияи коронавирус феълан дар баррасӣ нест.

Ҳабси хонагӣ ба ҷои зиндон?

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, дар шароити густариши вирус ҷони зиндониён дар хатар аст, чунки дар шароити зиндон табобат кардани бемориҳои сироятӣ хеле душвор аст. "Хуб мешуд, ҳукумат зиндониёни аз 55-60-сола болоро афв кунад ва ё шакли ҷазоро муваққатан тағйир дода, ба ҳабси хонагӣ фиристад. Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон ҷазо дар шакли ҳабси хонагӣ бо завлона ва ё браслет дар даст ҷоиз аст. Ин иқдом ба обрӯи Тоҷикистон меафзуд", - мегӯяд Ёров.

Ҳуқуқшиноси тоҷик, афзуд дар ниҳоят ҳадаф аз зиндон кардан ислоҳ кардани муҷримон ва ба ҷомеа бозгардонидани як шахси бехатар аст, на азобу уқубат ва ба марг расонидани онҳо дар дохил.

Як ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки 1-уми май ба хотири ошноӣ бо густариши коронавируси нав вориди Тоҷикистон шуд, гуфта буд, аз зиндонҳои кишвар ҳам дидан намуда, бо вазъи саломатии маҳбусон ошно мешавад. Қарор аст, пас аз анҷоми ин сафар аъзои ҳайат дар бораи вазъи сиҳатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла зиндонҳо гузориш диҳанд. Айни замон ин гузориш дастрас нест.

Пас аз густариши короновирус дар ҷаҳон ва пандемия эътироф шудани ин беморӣ чанде аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои наздик ба Тоҷикистон маъракаи афви маҳбусонро эълон карданд. Аз ҷумла, Эрону Туркманистон ҳазорҳо маҳбусро муваққатӣ аз зиндонҳо ба хонаҳояшон ҷавоб доданд ё пурра афв карданд. Қирғизистон занони аз 55-сола боло ва мардони синнашон аз 60-сола болоро авф карданист.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG