Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF ба Тоҷикистон 189 миллион доллар медиҳад, то COVID-19-ро сабуктар "гузаронад"


Табибони тоҷик ба васоили муҳофизатӣ эҳтиёҷ пайдо кардаанд.
Табибони тоҷик ба васоили муҳофизатӣ эҳтиёҷ пайдо кардаанд.

Сандуқи Байналмилалии Пул барномаи ихтисоси тақрибан 190 миллион долларро барои кумак ба иқтисоди осебдидаи Тоҷикистон аз бӯҳрони коронавирус тасвиб кард.

Дар баёнияи расмии созмон, ки рӯзи 6-уми май дар Вашингтон нашр карданд, омадааст, пули мазкур барои кумак ба буҷаи Тоҷикистон ва пардохтҳое ихтисос дода мешавад, ки ба сабаби пандемияи COVID-19 ба миён омадааст. Бино ба ин баёния кумаки ахир имкон медиҳад, "аз оқибатҳои бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешгирӣ шавад" ва Тоҷикистон имконоти молӣ барои арсаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.

Дар баёния омадааст, ки пандемия барои иқтисод ва вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон оқибатҳои бисёр манфӣ доштааст.

Ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул, пешбинӣ мешавад, ки имсол иқтисоди Тоҷикистон то 2 дарсад коҳиш ёбад ва касри буҷаи Тоҷикистон 7.7 дар сади Маҷмӯи Тавлидоти Дохилиро ташкил бидиҳад.

Тао Жанг, яке аз мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул баъди баррасии барномаи ихтисоси кумак ба Тоҷикистон гуфтааст: "Пандемияи COVID-19 барои Тоҷикистон оқибатҳои бисёр сахте доштааст. Қатъи тиҷорат ва ҳаракат сабаби коҳиши сахти интиқоли пули муҳоҷирон ва даромади ҳукумат шуда, эҳтиёҷоти фаврии буҷа ба маблағро ба вуҷуд овардааст.”

Дар баёния омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон барномаи амалкард ва табдир барои пешгирӣ аз пандемияро омода кардаанд ва маблағҳо маҳз барои хонаводаҳои фавқулода осебпазир ва мӯҳтоҷ ва кӯмак ба тиҷорат равона мешавад.

Тоҷикистон гуфт, нишон медиҳад, пул чӣ гуна сарф шуд

Азбаски ҳукумати Тоҷикистон барои адами шаффофият танқиди зиёд мешавад, Тао Жанг гуфтааст, “мақомот аҳд додаанд, ки дар харҷи маблағҳои ҷудошуда комилан шаффоф хоҳанд буд” ва ҳар се моҳ дар бораи харҷи пулҳо гузориш медиҳанд ва натиҷаҳои хароҷот баъд аз бӯҳронро нашр мекунанд.

Пуле, ки Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон медиҳад, ба гуфтаи ин муассисаи молӣ, эҳтиёҷоти қобили мулоҳизаи Тоҷикистон барои амалӣ кардани чораҳои зидди бӯҳронро бароварда месозад.

Айни замон ба гуфтаи созмон, кӯмакҳои дигари молӣ ва бахшидани қарзҳои Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ барои пур кардани норасоиҳо дар буҷаи давлатӣ фавқуллода муҳим хоҳад буд.

Иқтисоди заифи Тоҷикистон, ки пойбанди пули муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, айни замон аз ин манбаи аслии даромад маҳрум шудааст.

Ҳукумат ҳам пули кофӣ барои пешгирӣ аз густариши беморӣ надорад ва бино ба гузоришҳо мақомот, тамоми кормандони ниҳодҳои давлатиро маҷбур мекунанд, қисме аз музди кор ва ё тамоми онро барои кӯмак ба шифохонаҳо ва табибону хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ бидиҳанд.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон рӯзи 6-уми май эълон кард, ки то имрӯз 379 мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардааст ва 7 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Ҳукумат, ки то рӯзи 30-юми апрел мегуфт, дар Тоҷикистон беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳоло дар муқобила ба беморӣ ва қабули беморон даступо мезанад.

Гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG