Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудиятҳо дар Душанбе то ним моҳи дигар мемонад, дар Хуҷанд "нармтар" шуд. ВИДЕО


Яке аз кӯчаҳои Душанбе. 2-юми июни 2020

Шаҳрдории Душанбе барои бардоштани маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории COVID-19 саросема нест ва то ним моҳи дигар дари бозорҳои либосу кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаву нуқтаҳои тиҷорати телефонро баст. Дар Хуҷанд маҳдудиятҳои марбут бо сирояти коронавирус коҳиш ёфтанд, аммо аз байн нарафтанд.

Тамдиди баста мондани кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо то 15-уми июн аксар мардҳоро дар Душанбе маҷбур кардааст, ки бо мӯйи дароз ин санаро мунтазир шаванд, ё сари худро покиза тарошанд. Зеро аксари мардон имконият ва ҳунари мустақилона кӯтоҳ кардани муйи сари худро надоранд.​

Раҷабалӣ Зоиров, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи дувуми июн гуфт: "Рости гап, дастгоҳ надорам. Худо мегӯям, зудтар беморӣ аз байн раваду дари сартарошхонаҳо кушода шавад".

Дари бастаи сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн дар Тоҷикистон як бахши пешгирӣ аз бемории ҳамагир аст. Ин шароит дар зиндагии натанҳо соҳибкорон, балки мардум мушкилотеро ба бор овардааст, вале монеи ороиши мӯй ва ҳусни баъзе аз сокинони Душанбе нашудааст. Баръакс, баъзеҳоро водор намудааст, ҳунари ороиш ва кӯтоҳ кардани мӯйи худро омӯзанд.

Заррина Холмуҳаммадова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар шаҳри Душанбе, мегӯяд: "Мешавад омӯхт, ки чӣ гуна мӯйи худро кӯтоҳ кунем ва ё нохунҳои дасту пойро ороиш диҳем. Барои ин айни замон вақти кофӣ ҳаст. Мо дар хона мешинем, карантинро риоят мекунем, аз ин рӯ ороиши мӯй, чеҳра ва нохунҳоро худамон анҷом медиҳем. Бисёр чизҳои дигарро меомӯзем."

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ду рӯзи ахир аз камшавии бамаротиби шумораи гирифторони бемории COVID-19 гузориш медиҳанд. Талошҳо барои дарёфти иттилои дақиқ дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то шоми 2-юми июн бенатиҷа буд. Дар маркази матбуоти вазорат дар суҳбати бе микрофон гуфтанд, ки Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ба муассисаву корхонаҳои кишвар дастур додааст, то 15-уми июн ба кори маъмулӣ оғоз кунанд.

Баъд аз эълони ошкор шудани нахустин мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон дар моҳи апрел мақомот баргузории маросими серодам, фаъолияти бозорҳои либосфурӯшӣ, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, театру синамохона ва устохонаҳои таъмири мошин ва фурӯшгоҳҳои телефонҳои ҳамроҳро муваққатан манъ карданд. Ҳамакнун, кормандони ин ҳама муассисаву фурӯшгоҳҳо дар интизори лағви маҳдудиятҳо ҳастанд, зеро маоши бештаре аз онҳо аз фаъолияти ҳаррӯзаашон вобаста мебошад.

Дар Душанбе кошонаҳои ҳусн боз нашуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ин дар ҳолест, ки рӯзи аввали моҳи июн карантин дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, нармтар шуда, бархе аз тарабхонавву корхонаҳои хурд дари худро кушоданд. Аз кабобпазиҳои назди "Чойхонаи адибон" дар маркази шаҳр баъди як моҳи танаффус боз дуд мехезад, вале мисли пештара серодам нест.

Амин, кабобпази ошхона мегӯяд, "ҳоло танҳо бар асоси фармоиши муштариён кор мекунем. Мепазем, омада мебаранд. Дар инҷо нишаста, хӯрок хӯрдан мумкин нест."

Дар даромадгоҳи тарабхонаву ошхонаҳо навиштаи қоидаҳои эҳтиёт аз вируси СOVID-19 ҳамоно пойбарҷост. Танҳо бо ниқоб ва баъди шустани даст бо маҳлули беҳдоштӣ ба дохили тарабхона барои гифтани фармоиш ворид шудан мумкин аст.

Шаҳрдории Хуҷанд аз 1-уми июн ба боз шудани баъзе аз корхонаҳои тавлидотӣ ва хидматрасонӣ низ иҷоза додааст. Аммо танаффуси бозору фурӯшгоҳҳои бузург ва мағозаҳои матоъву либос ҳамоно давом дорад.

Дар Хуҷанд маҳдудиятҳои марбут бо сирояти коронавирус коҳиш ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн хабар дод, ки "сирояти коронавирус дар байни аҳолии мамлакат ба маротиб коҳиш ёфта, ба сатҳи поин расидааст". Ба иттилои манбаъ, аксар шифохонаҳо, аз ҷумла Қарияи Болои Душанбе, баъди корҳои зиддиуфунӣ "бо тартиби муқаррарӣ кор мекунанд".

Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз ҳам беморони зиёде дар хонаҳои худ табобат мегиранд ва набояд холӣ шудани бемористонҳо ба маънои пурра аз байн рафтани хатари коронавируси нав маънидод шавад.

Тоҷикистон 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро эътироф кард. То он замон марги пайиҳами бархе аз сокинон ва афзоиши шумори беморонро дар шифохонаҳо ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, шумори умумии беморон то 2-юми июн ба 4100 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, беш аз 2200 нафар аз коронавируси нав шифо ёфта, 47 нафар фавтидаанд. Дар рӯйхатти алтернатвиии қурбониёни COVID-19 то 29-уми май номи беш аз чаҳорсад нафарро сабт кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG