Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 муҳоҷири тоҷик аз зиндон озод шуданд, вале дар боздоштгоҳ монданд. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик дар як боздотгоҳи Мордовия

Беш аз 20 муҳоҷири зиндонии тоҷик, ки мӯҳлати тӯлонии ҳабсашон дар як зиндони Мордовияи Русия тамом шудааст, дубора ба боздоштгоҳи ноҳияи Рузаевка интиқол ёфтаанд ва моҳҳо боз дар интизори бозгашт ба ватан ҳастанд.

Ин муҳоҷирон дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе чор моҳ ва бархеи дигар ду моҳ боз дар боздоштгоҳ ҳастанд.

Маъмулан, бар асоси қонунҳои Русия пас аз озод шудани хориҷиҳо аз маҳбас онҳо аз қаламрави ин кишвар хориҷ мешаванд, вале бинобар баста будани роҳҳо ин муҳоҷирон дар боздоштгоҳ монданд.

Анваршо Носиров, муҳоҷири 33 солаи тоҷик 24 сол дошт, ки дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Ӯ мегӯяд, беш аз 9 сол дар зиндон буд.

Ҳарчанд, ин муҳоҷир то ҳол худашро бегуноҳ медонад, вале мегӯяд, дунболи “сафед” кардани худ нест, балки мехоҳад ҳарчӣ зудтар ба дидори наздиконаш бирасад, ки нӯҳ сол боз дар интизораш ҳастанд.

“Маро 23-уми март ба ин ҷо оварданд, ки ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд, вале як ҳафта пас роҳҳо баста шуд. То имрӯз 20 нафар будем, боз ду тоҷики дигарро низ меоранд. Мехоҳем, ки дар рейсҳои чартерӣ моро ба ватан баранд”,-гуфт ӯ.

Муҳоҷирони дигари тоҷик мегӯянд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ шароити хуб надоранд.

Муҳоҷири дигар тоҷик, ки аз худ Рафторбек ном бурд, гуфт, се моҳ боз дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Рафторбек панҷ соли умрашро дар маҳбас сипарӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд, бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуда буд.

Ин муҳоҷирон мегӯянд, дар тамосҳои батакрор масъулони сафорат ҳеҷ посухе барояшон надодааст.

Анваршо Носиров мегӯяд, дар рейсҳои чартерӣ, ки пас аз баста шудани роҳҳо анҷом шуд, онҳоро вориди рӯйхат накарданд.

Як масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия бидуни зикри номаш гуфт, аз вазъи ин муҳоҷирони аз зиндон озодшуда тоза хабар ёфтаанд ва бо даст додани имкон барои ба ватан баргардонидани онҳо талош мекунанд.

“Вазъиятро медонед, ки ҳоло парвозҳои доимӣ нест. Дар навбатҳои аввали парвозҳои чартерӣ занҳо ва маъюбонро фиристодем, ки хеле барои баргаштан ниёз доштанд. Шаҳрвандони мо, ки аз маҳбас озод шудаанд, ҳатман ба назар мегирем. Имконият шуд, барои баргаштанашон мусоидат мекунем”,-гуфт дипломати тоҷик.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкори бо кишварҳои дигар тавонист, дар ин шароити душвор 680 шаҳрванди боздоштшудаи кишварро аз Русия ва беш аз 300 нафари дигарро аз Туркия, Қазоқистон ва Қатар ба ватан баргардонад.

Барои баргардонидани муҳоҷирони тоҷик аз Русия аксаран, аз парвозҳои чартерии дутарафа истифода шуд, аммо асосан онҳое бозгардонида шуданд, ки дар шаҳрҳои марказии Русия ба сар мебурданд.

Мақомот гуфтанд, онҳоеро, ки баргардониданд, барои анҷоми карантин ба ҷойҳои алоҳида интиқол дода, аз ташхиси коронавирус гузарониданд. Маълум шудааст, ки бархе аз онҳо гирифтори коронавирус низ ҳастанд.

Ҳоло муҳоҷирони тоза аз маҳбас раҳо шуда мегӯянд, мақомот бояд ба боздоштгоҳҳои дури Русия низ таваҷҷӯҳ кунад ва барои баргардонидани онҳо кӯмак расонад.

Бар асоси гузоришҳо дар чанд маҳбаси Мордовия ҳудуди ҳазор муҳоҷири тоҷик дар зиндон қарор доранд. Борҳо зиндониёни тоҷик аз шиканҷа ва бадрафтории маъмурони зиндон дар ин минтақаи Русия шикоят карда буданд.

Теъдоди боздоштшудаҳо ва зиндониёни тоҷик дар Русияро наздики 10 ҳазор медонанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG