Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони Булакдашт дар ҷашни Наврӯз ёди фарзандони муҳоҷир карданд. ВИДЕО


Наврӯз дар Булакдашт

Сӯҳбати аксари занони деҳаи Булакдашти шаҳри Леваканд дар ҷашни наврӯзӣ дар бораи фарзандони муҳоҷирашон буд, ки мегӯянд, “ду Наврӯз боз онҳоро надидаанд”.

Навор аз деҳаи Булакдаштро ин ҷо тамошо кунед.

Дуои модарони хатлонӣ ба фарзандони муҳоҷирашон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дӯрии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро бо пайвандонашон дар Тоҷикистон бештар кардааст.

Азизой Азизова, сокини деҳаи Булакдашт, ки ҳангоми сафари хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин деҳа суманак мепӯхт, гуфт, “орзу дорад, ки рафтуомад ба Русия осон шавад ва фарзандаш наздаш ояд”.

Парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта қатъ шуд. Тариқи парвозҳои чартерӣ теъдоде аз муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон омаданд, вале бештари онҳо ба хотири аз даст надодани кори доимӣ дар Русия монданд, чун ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, ҳаққи бозгашти дубора ба ин кишвар дода намешавад.

Бештари ҷавонони деҳаи Булакдашти шаҳри Леваканд дар муҳоҷиратанд. Дар гирди суфраи наврӯзӣ модарон дар ҳақи ноноварони хона даст ба дуо бардоштанд ва созу суруди онҳо бештар дар васфи фарзандони муҳоҷирашон буд.

Булакдашт, як деҳаи дурдаст дар вилояти Хатлон аст. Вилояти Хатлон, яке вилоятҳои бузургтарини Тоҷикистон аст, ки зиёда аз 3 миллион аҳолӣ дорад. Деҳае дар ин вилоят нест, ки дар Русия муҳоҷир надошта бошад.

Дар ҷашни Наврӯз ниқобу масофагирии иҷтимоӣ аз ёд баромад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

XS
SM
MD
LG