Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишки узбекистонӣ: Тоҷикистон бояд ҳар рӯз то 4000 нафарро ташхис кунад. ВИДЕО


Пизишкони узбекистонӣ ҳангоми ҷаласаи онлайн

Як сироятшиноси узбекистонӣ пешниҳод кард, ки Тоҷикистон дар шабонарӯз на кам аз 3-4 ҳазор ташхиси коронавирус анҷом бидиҳад. ​Искандар Зоидов мегӯяд, бо ташхиси бештар мешавад миқёси бемориро мушаххас кард ва пеши роҳи густариши онро гирифт.

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 12-уми май хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 200 то 250 ташхиси коронавирус мегиранд ва ин кам аст.

Искандар Зоидов, сироятшиноси узбекистонӣ, ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин кофӣ нест. Ибтидо бояд дар шабонарӯз ҳадди ақал 3-4 ҳазор нафарро аз ташхиси коронавирус гузаронд. Ин бо назардошти аҳолии зиёди Тоҷикистон талаботи камтарин аст. Ташхиси саривақтии коронавирус нақши хеле муҳим дорад".

Зоидов бо ҳафт ҳамкораш барои кумак ба муқобила бо COVID-19 аз Узбекистон ба Душанбе омадааст. Онҳо мехоҳанд, таҷрубаи андӯхтаи худро ба пизишкони тоҷик бигӯянд.

Узбекистон дар нимаи моҳи март мавҷудияти коронавирусро эътироф кард. Мақомоти Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел сирояти коронавирусро ба сокинон таъйид намуданд.

Сироятшиноси узбекистонӣ мегӯяд, якҷо бо мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон тарҳи таъсиси озмоишгоҳҳои ташхиси коронавирус дар қаламрави кишварро низ тарҳрезӣ доранд. Искандар Зоидов афзуд, аз оғози пандемияи коронавирус дар Узбекистон беш аз 30 озмоишгоҳҳои ташхиси коронавирусро таъсис дода, беш аз 1 миллион нафарро санҷидаанд.

"Донишу таҷрибаи муайяне гирифтаем ва мехоҳем ин ҳамаро ба ҳамтоёни тоҷики худ бирасонем", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Табибони узбек ба мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Ҳамсӯҳбатамон таъкид кард, ки дар қадами аввал вазъияти ташхиси коронавирусро бевосита дар Душанбе ба эътидол меоранд "Дар даври дуюм бояд вазъи ташхис аз коронавирусро дар минтақаҳо, вилоятҳо ба эътидол дарорем, яъне дар тамоми минтақаҳои наздимарзӣ ташхис ба роҳ монда мешавад ва бо кумаки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон интиқоли саривақтии намунаҳои ташхис ба Душанбе расонида мешавад".

Мақомоти тоҷик мегӯянд, табибони узбекистонӣ корро аз омӯзиш додани ҳамшираҳои шафқат оғоз кардаанд, ки бо гирифторони коронавирус сарукор доранд.

Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, гуфт, аллакай ду давраи омӯзиш дар бораи тарзи дурусти пӯшидани либоси муҳофизатӣ аз сӯи мутахассисони узбек гузаронида шуд.

"60 корманди тиб ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва онҳо метавонанд ҳамшираҳои дигари тибро омӯзонанд, то гирифтори ин беморӣ нашаванд", - афзуд ӯ.

Табибони узбек барои ҳамтоёни худ ду дастурамали ташхис ва табобати бемории СOVID-19-ро низ пешниҳод кардаанд. Рӯзҳои 11 ва 12-уми май дар бинои Вазорати тандурустӣ онлайн бо табибони тоҷик аз манотиқи кишвар табодули таҷриба сурат гирифт.

Ба қавли муовини аввали вазири тандурустӣ, ташкили маркази зеҳнӣ аз ҳисоби сармутахассисони соҳа, ходимони илм яке аз тавсияҳои табибони Узбекистон мебошад.

Табибони узбек мегӯянд, онҳо мустақим бо беморони гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон сарукор намегиранд ва рисолати аслиашон додани тавсия, маслиҳат ва табодули таҷриба аст.

Бо дархости мақомоти Тоҷикистон 8 табиби узбекистонӣ рӯзи 8-уми май вориди Душанбе шуданд. Мақомоти Узбекистон ҳамзамон бо табибон 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дору ва маводи безараркунанда ва либосҳои ҳифозатӣ, инчунин 144 контейнери сайёри тиббӣ фиристодааст.

Ин дувумин кумаки башардӯстонаи Узбекистон ба Тоҷикистон пас аз оғози пандемияи коронавирус дар ҷаҳон аст. Моҳи апрел барои ҷилавгирӣ аз вуруди коронавирус ба Тоҷикистон, ин кишвар 18 вагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, василаҳои тиббии муҳофизатию безараркунанда ва маводи тиббӣ фиристода буд.

Бино ба омори расмӣ то 12-уми май дар Тоҷикистон 23 нафар аз бемории COVID-19 фавтида, 729 кас ба он гирифтор шудаанд. Аммо бино ба пойгоҳи интернетие, ки рӯйхати ғайрирасмии қурбониёни коронавирусро гирд меорад, то 12-уми май номи 149 нафар навишта шудааст. Бархе аз онҳо аз илтиҳоби шуш фавидаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (25)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG