Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзе, ки дунёро дигар кард. Рустами Эмомалӣ метавонад "қартаи бозсозӣ" гардад?


Михаил Горбачев ҳангоми таҷлил аз 89-солагияш. 3-юми марти 2020, Маскав
Михаил Горбачев ҳангоми таҷлил аз 89-солагияш. 3-юми марти 2020, Маскав

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

23-юми апрели соли 1985 Михаил Горбачёв – аввалину охирин президенти СССР, таъбиреро зимни суханрониаш истифода кард, ки то аввали солҳои 90-ум вирди забонҳо гашт. Ӯ он замон президент ҳам набуд. "Президент"-ро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳоло вожаи буржуазӣ ва бегона меҳисобиданд.

Аммо вазъи мамлакат рӯз ба рӯз бадтар мегардид. Гӯё Худованд ҳам парокандашавии СССР-ро башорат медод. Ба ҳар сурат, дар муддати хеле кӯтоҳ – 4 сол роҳбарони асосии КПСС, ки қудрати сиёсӣ дар дасти онҳо буд, пайиҳам фавтиданд: Брежнев – Андропов – Черненко.

Таҳлилгарон навиштанд, ки аз як сӯ "дабдабаҳои бемаънӣ" ва аз ҷониби дигар мотамгириҳои пай дар пай ба мудирияти давлат, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва иқтисоди мамлакат таъсири ошкору манфии худро гузошт.

Моҳи марти соли 1985 Горбачёв ба сифати котиби генералии Ҳизби коммунист дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур кард. Мардум қисман умед доштанд, ки ин роҳбари ҷавон (оре, дар муқобили роҳбарони барҷомондаи пешин Горбачёви 54- сола ҷавон ба ҳисоб мерафт) онҳоро аз вартаи мотамзодагӣ мебарорад.

Пас аз тақрибан як моҳи раҳбариаш, ӯ 23-юми апрел дар пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунист таъбири барои он замон нав ва ҳатто ғайриинтизор дар суханронии маъмулии роҳбарони аввали мамлакатро ҷо дод: "тезонидан" (ускорение).

Михаил Горбачев дар соли нави 1991
Михаил Горбачев дар соли нави 1991

Ҳадафи Горбачёв албатта дар аввал танҳо ислоҳоти иқтисодӣ буд ва "рушди сотсиализм"-ро дар назар дошт. Ҳатто ин гуна масъалагузорӣ дар муқобили “ура”-гӯиҳо дар ҷаласаву нишастҳо ва матбуоти Шӯравӣ нав ва аҷиб буд, чун мардумро то ин замон бовар кунониданӣ буданд, ки дар СССР мушкиле вуҷуд надорад, баръакс, мамолики капиталистианд, ки мушкилашон рӯзафзун аст.

Аслан, тавре таърихнигорон менависанд, ҳанӯз аз замони раҳбарии Андропов дар СССР ба хулосае омада буданд, ки мамлакат ба тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад, аммо умр ба ӯ вафо накард...

Дертар, аз январи соли 1987 вожаи дигаре дар лексикони сиёсии Шӯравӣ серистеъмол шуд: "бозсозӣ", ки онро баъзан "инқилоб аз боло" низ меномиданд. Ин аллакай маъноеро дошт, ки танҳо ислоҳот дар иқтисод мамлакатро аз бӯҳрон раҳо намесозад, балки ҳеч дигаргунии иқтисодӣ бе тағйироти сиёсӣ имконпазир нест. Аз ин ҷост, ки пайдо шудани мафҳуми нав – "ошкорбаёнӣ" аз заруратҳои дигари замон гардид.

Ин баъд буд, ки Горбачёвро дар суқути СССР муттаҳам карданӣ мешаванд. Аммо ӯ ҳоло ҳам мегӯяд кори баде накардааст ва ҳадафаш аслан барҳам задани ин кишвари абарқудрат набуд. Ӯ он замон ба иқдомоти пешгирифтааш сахт бовар дошт ва суханҳои писандидааш инҳо буданд: "Муҳим оғози кор аст" ва "раванд ба роҳ даромад".

Аз ҳама муҳим, даврони дурӯғу фиреб, ки дар минбару расонаҳо як чӣ мегуфтанду зиндагӣ воқеиятҳои дигар дошт, хотима ёфт.

Аз ин ҷост, ки Горбачёв имрӯз ҳам дар мусоҳибаву хотироташ барҳамхӯрии СССР-ро "мусибати бузург" маънидод намуда, зикр кардааст, ки айбро дар ӯ ҷустан хатост: Ҳизби коммунист дар имтиҳони демократӣ ва озодӣ ноком шуд ва ба бори озодиву демократия тоб наоварад!

Ба гуфти Горбачёв, ӯ медонист, ки "бозсозӣ" таваккал (риск)-ҳои худро хоҳад дошт, аммо бозсозиро муҳим медонист. Зеро, ба қавли ӯ, "ба таври пешин зистан аллакай номумкин буд. Ва қисми асосии бозсозӣ ақидаи сиёсати берунӣ буд, ки ҳам арзишҳои универсалӣ ва беяроқшавиро дар назар дошт ва ҳам интихоби озодро".

Ҳамин тавр, сиёсати нави раҳбари ислоҳотгарро коршиносон ба чаҳор давра тақсим мекунанд:

  • Давраи 1 (аз марти соли 1985 - то январи 1987), ки онро "тезонидан" ва "рушди сотсиалистӣ" мегуфтанд ва дар назари аввал аз худ иқдомоти ҷиддиеро нишон намедод;
  • Давраи 2 (январи 1987 - июни 1989), ки нишонаҳои ислоҳоти сиёсиро дар мисоли роҳандозии ошкорбаёнӣ, то ҷое кам кардани сензураи матбуот, пайдоиши мафҳуми "моликияти шахсӣ" ва мисли ин дошт. Зимнан, дар ин давра мушкилоти иқтисодӣ бештар шуда, аввалин нишонаҳои нооромӣ ва ҷудоихоҳӣ падид меояд (дар мисоли қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ);
  • Давраи 3 (июни 1989 - сентябри 1991), ки боис ба пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои нав гашта, норозигии сартосарӣ ва истиқлолхоҳии аксари ҷумҳуриҳоро ба вуҷуд овард;
  • Давраи 4 (сентябр - декабри соли 1991), ки онро давраи пас аз бозсозӣ ҳам мегӯянд. Шиддат ёфтани вазъ. ГКЧП ва ниҳоят 25-уми декабри ҳамон сол қатъи ваколати президентӣ аз ҷониби Горбачёву як рӯз баъдаш барҳам хӯрдани СССР.

Дар Тоҷикистон ҳам мисли баъзе кишварҳои Шӯравӣ ба ин ислоҳоти Горбачёв назари яксон вуҷуд надошта, то ҳанӯз ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифони худро дорад. Мухолифон маълум аст, ки чиро дар назар доранд ва аслан аз кадом қишри ҷомеа намояндагӣ мекунанд. Ҷонибдорон мегӯянд, агар бозсозӣ ва иқдомоти баъдӣ намебуд, на забони тоҷикӣ давлатӣ мешуд, на рукнҳои милливу давлатӣ шаклгирифта мешуданду ҳамин тавр соҳиби давлати мустақил набудем.

Ҳатто дар байни парчамдорони ҳукумати феълӣ иқдомҳои Горбачёв ҷонибдорони зиёд надошт. Дар майдони “Озодӣ”-и соли 1992, ки ҷонибдорони ҳукумати ҳозираро ташкил мекарданд, даъвоҳои барқарории СССР кам садо намедод. Ин баъд буд, ки бо сабабҳои маълум “раги худшиносӣ” ҷунбид. Дар ҳукумате, ки бо як раҳбар ду сол кам 30-сола мешавад...

Чизе монанд ба замони суқути СССР.

Дар Русияи феълӣ ҳам, ки гаҳвораи ин ҳама таҳаввулот ба ҳисоб меравад, ҳолат то сатҳи мо набошад ҳам, онро идеалӣ гуфтан имкон надорад. Ба ҳар сурат, Путин, ки 20 сол аст зимоми қудратро дар панҷаи худ сахт нигоҳ медорад, гоҳ-гоҳ демократияи зоҳирӣ нишон медиҳад ва тибқи бархе гуфтугузорҳо ба “раҳбарони дарозумр”-и осиёӣ баъзан машварат низ медиҳад, ки роҳи хатоеро интихоб кардаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Горбачёв, ки ҳоло ҳам зинда аст, худи ӯро баъзан сахт интиқод менамояд ва аз ҳузури аз ҳад беши амниятиҳо дар раъси Русия изҳори нигаронӣ мекунад. Бо ин вуҷуд, ҳукумати Путин ӯро таҳаммул намуда, ҳатто дар рӯзи 80-солагиаш Медведев, ки он вақт президент буд, Горбачёвро ба ҳузур хонд ва ӯро бо ордени Андрей Первозванний – олитарин нишони давлатии Русия қадр кард.

Путин, ки сарвазир буд, дар номае табрикӣ аз ӯ ба унвони "яке аз барҷастатарин мардони сиёсии муосир" ном бурд. Ҳарчанд ҷашни 80-солагии Горбачёв на дар Маскав, балки дар Лондон баргузор шуду инро беҳурматӣ гуфтанд.

Инро намешавад бо воқеиятҳои Тоҷикистон монанд кард, ки мисли “муҳаррики Истиқлол” – Тоҳири Абдуҷаббор дар хонаи иҷора ба сар барад ва дар рӯзи дафнаш ҳатто як сӯгворӣ аз номи ҳукумат навишта нашавад. Тоҳири Абдуҷабборе, ки аслан дар баробари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳарфи сахте надошт ва мегуфт, барои амалӣ намудани бархе хостаҳои ӯ аз ин ҳукумат ҷонибдорӣ мекунад...

Тоҳири Абдуҷаббор дар байн. Акс аз бойгонӣ
Тоҳири Абдуҷаббор дар байн. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон итминон дорад, ки роҳаш дуруст асту вуҷуди давлат аз онҳо сахт вобастагӣ мегирад. Аз ҳамин хотир, ба бозсозие ниёз нест. Аслан аз мантиқи амалкардҳо бармеояд, ки гӯё ислоҳоти ҷиддӣ мисли солҳои 90-ум норозигиву нооромиро ба миён меоранду бар зарари давлат тамом мешаванд.

Ҳарчанд мухолифонаш фикри дигаре доранд ва мегӯянд ин баҳонае беш нест ва ин ҳукумат аз ночорӣ ва беғоягӣ чунин мегӯяд. Бар илова, ин ҳукумат аз ибтидо бо идеяи хоси худ ва дар натиҷаи муборизаи сиёсӣ – идеологӣ пайдо нашудаасту ҳар чи ки анҷом медиҳад, ҳамон хостаҳоест, ки нерӯҳои миллӣ – демократӣ дар солҳои 90-уми асри 20 мегуфтанд.

Пас барои бозсозӣ дар Тоҷикистон чӣ намерасад?

Агар бозсозие пеш ояд, он бояд чиро фаро гирад?

Ё чунин зарурат, воқеан ҳам, нест?

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе

Рустами Эмомалӣ, ки элитаи ҳукмрон талош дорад, идораи давлатро ба ӯ биспоранд, "қартаи ислоҳот ва бозсозӣ" хоҳад буд?

Аз ҳама муҳимаш, ӯву командаи барояш интихобшаванда зарфияту иқтидори роҳандозии як ислоҳоти фарогири барои ҳама хушояндро доранд?

Мо ба посухи ин суолҳо ҳам бармегардем...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG