Инсозмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо нашри изҳороте дар сомонааш мегӯяд, қарори мақомоти Олмон барои ба Тоҷикистон бозгардонидани Саидаъзам Раҳмонови 29-соларо маҳкум мекунад, ки дар натиҷа “боиси марги хушунатбори ӯ гаштааст”. Ин созмон гуфтааст, Олмон метавонад ба “кишвари кӯмакрасони диктатураи бераҳм” табдил шавад.
Радиои Озодӣ рӯзи сешанбе аз хабари даргузашти Раҳмонов баъди боздошти якҳафтаинааш аз ҷониби кормандони КДАМ дар Душанбе иттило дод. Ба қавли наздиконаш, ҷасади Раҳмоновро рӯзи 13-уми октябр бо нишонаҳои шиканҷаи шадид ба дасти онҳо супурданд.
Созмони “Озодӣ барои Авруосиё” менависад, Раҳмонов соли 2018 ба Олмон рафта, соли 2022 барои гирифтани ҳақи паноҳандагӣ дар ин кишвар ариза дод. Ҳамсари ӯ як зани олмонӣ мебошад. То замони фоҷеа Раҳмонов чор моҳ дар Тоҷикистон қарор дошт ва визаи Олмонро мунтазир буд.
“Мақомоти муҳоҷирати Олмон ҳушдорҳои ӯ дар бораи ноамн будани Тоҷикистонро нодида гирифтанд” ва ӯро водор карданд, ки ба Тоҷикистон баргашта, аз он ҷо тавассути сафорати Олмон барои гирифтани виза ариза бидиҳад,"-- мегӯяд ин созмон. Ба навиштаи муаллифони изҳорот, рӯзи 6-уми октябр, замоне, ки Раҳмонов “мехост ба маросими арӯсии дӯсташ дар Русия парвоз кунад, дар фурудгоҳ аз ҷониби афсарони КДАМ боздошт ва ба маҳалли номаълуме бурда шуд. Чанде баъд мақомот иддао карданд, ки ӯ рӯзи 13-уми октябр даст ба худкушӣ задааст. Манбаъҳои наздик ба ин қазия тахмин мекунанд, ки дар асл ӯро шиканҷа кардаву ҷасадаш таҳти чораҳои сахти амниятӣ ба хок супурда шуд,”-- омадааст дар изҳороти ин созмон.
Созмони “Озодӣ барои Авруосиё” аз мақомот дар Олмон интиқод карда гуфтаанд, ки “бо вуҷуди санадҳои исботшуда дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаи сартосарӣ ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, додгоҳҳои Олмон ва мақомот ба замонати дипломатии мақомоти тоҷик такя карда мегӯянд, онҳо кафолат додаанд, ки шахси бозгашта мавриди шиканҷаву рафтори ғайриинсонӣ қарор намегирад”.
Дар ниҳоят ин созмон мегӯяд, “агар ҳеҷ иқдоме гирифта нашуд, Олмон метавонад ба кишвари кӯмаккунандаи диктатории бераҳмона табдил шавад, чун сиёсати бозгардони маҷбурии шахсони мисли Саидаъзам Раҳмонов, ки баъди бозгашт бо шиканҷаву таъқиб ва марг рӯбарӯ ҳастанд, инро имконпазир мегардонад”.
Бо гузашти як рӯз аз нашри хабари даргузашти Раҳмонов дар Тоҷикистон ҳанӯз мақомот на дар Душанбе ва на дар Олмон ба ин хабар вокунише накардаанд.
Гуфтугӯ