Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Облава"-и сарбози собиқ бо ҷанҷол хотима ёфт. Аз додситонӣ кумак хостанд. ВИДЕО


"Облава"-и ҷавони 28-сола бо ҷанҷол хотима ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Як сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз додситони низомӣ хостааст, ки рафтори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияро таҳқиқ кунад.

Саъдулло Мирзоев мегӯяд, кормандони комиссариат писари 28-солаи ӯро, ки замоне дар сафи нирӯҳои умури дохилӣ хидмат карда ва соҳиби ду фарзанд аст, талош кардаанд, тавассути "сарбозшикор" ба артиш баранд.

Муовини раиси ноҳияи Восеъ ва айни замон раиси маъракаи баҳории даъвати имсола гуфт, дар бораи чунин ҳодиса хабар надорад.

Ҳар сол дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиш дар бораи мавридҳои "сарбозшикор" ё "облава" гузориш мерасад.

Мақомот вуҷуди ин ҳолатҳоро рад намекунанд, аммо мегӯянд, ҷавононро баъди саркашӣ аз хидмат ва нодида гирифтани даъватномаи расмӣ бо кумаки маъмурони милиса ва кормандони ҷамоат ба артиш мебаранд.

Саъдулло Мирзоев, сокини деҳаи Осмонбикаи Восеъ, мегӯяд, рӯзи 4-уми май бо писараш барои гирифтани гувоҳнома ба идораи ҷамоат рафта буд ва дар онҷо кормандони комиссариати ҳарбӣ писарашро ба артиш бурданӣ шудаанд.

"Гуфтам, писарамро сар диҳед. Маро сахт тела карданд. Ба замин афтодам. Аз ҷой бархоста дар назди мошини онҳо рост истодам ва гуфтам, ки маро зер мекунед ва баъд фарзандамро мебаред. Мошинро ба болои ман ронданӣ шуданд. Ин дафъа мошинро бо асо задам", - гуфт ӯ.

Хонаводаи Мирзоев дар даст ду навори кӯтоҳ доранд, ки дар яке нишон дода мешавад, Саъдулло Мирзоев дар назди мошине истодааст ва намегузорад он ҳаракат кунад. Дар навори дигар манзараи ҷанҷол ва кашмакаш сабт ёфтааст.

Маҳмадуллои Саъдулло, писари Саъдулло Мирзоев, рӯзи 6-уми май гуфт, солҳои 2010-2012 дар саффи нирӯҳои умури дохилӣ хидмат кардааст ва ҳоло соҳиби ду фарзанд мебошад. Ба ин далел ӯро ҷаовб додаанд, аммо дар талоши бурданаш ба комиссариати ҳарбӣ як дасташ лат хӯрдааст.

Натиҷаи ташхиси тиббӣ-додгоҳии Маҳмадуллои осебҳои бардоштаи ӯро дар рӯзи 4-уми май тасдиқ кардааст, вале пизишкон гуфтаанд, ба саломатиаш зарари ҷиддӣ нарасидааст.

Вай мегӯяд, ҳодиса дар замоне рух дод, ки дар назди ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабов истода буд ва чанд нафар баъд аз "амалиёти облава" дар хонае ба назди ӯ омаданд.

"Гуфтанд, ки ту моро ба навор гирифтӣ, посух додам, чунин коре накардаам ва агар бовар надоранд телефонамро бинанд. Вале ангушти маро тоб доданд ва як капитан бо мушт дар сарам зад. Тақрибан 12 нафари дигар омада, маро зӯран дар мошин савор карданд", - ба ёд овард ӯ.

Ин хонавода мегӯяд, ин ҳолат нисбат ба онҳо бори аввал нест, ки рух медиҳад. Дар даъвати гузаштаи тирамоҳӣ, ба гуфтаи онҳо, як писари дигарашонро бо ҳамин роҳ ба хидмати сарбозӣ бурдаанд.

Ин хонавода аз рӯйи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ ба додситонии ҳарбӣ шикоят карда, хостори таҳқиқи ҷиддӣ дар ин замина шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як хонаводаи дигар дар ноҳияи Восеъ аз латту кӯби фарзандонашон аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ шикоят мекунанд.

Аммо мақомоти ноҳияи Восеъ чунин рафторро рад мекунанд. Сабур Султонзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ ва раиси комиссияи даъвати баҳорӣ гуфт, "ин хел ҳолатҳо нест. Ин хел ҳолатҳоро мо ба қайд нагирифтем. Ин гапҳо дурӯғанд".

Моҳи январи имсол Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, мавриди натиҷагирӣ аз даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз кори комиссияҳои тиббӣ танқид карда, "сарбозшикор"-ро "амали номатлуб" номид.

Он замон 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазои интизомӣ гирифта, шаш нафар аз мансаб барканор шуданд, вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, вазъ ҳанӯз беҳтар нашудааст.

Онҳо пешниҳод доранд, ки муҳлати хидмати сарбозӣ аз ду соли ҳозира то як сол кам карда шавад, то ҷавонон барои рафтан ба артиш моил гарданд ва ҷое барои "сарбозишкор" намонад. Мақомоти Вазорати адлия мегӯянд, тарҳи тағийри қонуни хидмат дар артиш таҳия шудааст ва дар он муҳлати хидматро то якуним сол пешниҳод кардаанд, вале тарҳ ҳанӯз қабул нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG