Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ки ҳатман ёфта мезанем". Тафсилоти ҳамла ба хабарнигори тоҷик. ВИДЕО


Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъд аз ҳамла ин аксро дар Фейсбук нашр кард
Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъд аз ҳамла ин аксро дар Фейсбук нашр кард

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс", дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Хабарнигор мегӯяд, ҳодиса шоми 11-уми май, замоне ки аз фурӯшгоҳ ба хона бармегашт, иттифоқ уфтод. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, агар хабарнигор ба онҳо муроҷиат кунад, "ҳатман чора мебинанд".

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 12-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса тахминан соати 21:20-и шаби гузашта рух дод ва ду нафар бе ягон гап ӯро латту кӯб карданд. Ба нақли хабарнигор, чеҳраи ҳамлаваронро надид, чун ҳарду ниқоби тиббӣ доштанд ва баъди фарёд задани ӯ аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

"Ҳангоми ба хона рафтан ҳис кардам, ки касе аз пасам медавад. Фурсат пайдо накардам, ки чеҳраашро бинам. Вақте ба қафо нигоҳ кардам, як нафар ба ман зарба зад. Рӯямро маҳкам карданд ва дунафара латту кӯб намуданд. Дод задам, гурехта рафтанд", - гуфт хабарнигор.

Ғурбатӣ афзуд, баъд аз латту кӯб шудан ба ҳамкоронаш занг зада, барои гирифтани ёрии тиббӣ ба бемористон рафт. Аммо дар шифохонаи "Истиқлол" ва "Қарияи Боло" гуфтаанд, бо сабаби карантин ӯро қабул карда наметавонанд. Дар ташхисгоҳи тиббиву додгоҳӣ низ ба хабарнигор гуфтаанд, аввал бояд ба мақомот муроҷиат карда, аз масъулини ВКД роҳхат бигирад, баъд ӯро месанҷанд.

Ғурбатӣ афзуд, дар ниҳоят ба бемористони бемориҳои сӯхта муроҷиат кард ва табибе дар онҷо ӯро муоина намуд. Ба таъкиди рӯзноманигори тоҷик, дар ин беморхона буд, ки кормандони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба наздаш рафта, аз ӯ дар бораи ҳодиса пурсиданд.

"Ҳодисаро нақл кардам, онҳо қабул карданд. Баъдан маълум шуд, минтақае, ки воқеа рух додааст, на ба ноҳияи Фирдавсӣ, балки ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешавад. Яке аз милисаҳо гуфт, дар маҳалли ҳодиса камера ҳаст ва ҳатман лаҳзаи ҳамла сабт шудааст ва онро дастрас мекунанд. Баъди ин кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ омаданд ва аз сари нав баёнот гирифтанд. То соати 3-и шаб дар дохили мошин ҳодисаро гуфта додам. Ваъда доданд, ки ба зудӣ ҳамлаваронро пайдо мекунанд", - таъкид кард Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ: "Агар хоҳанд масъулони латукӯби маро пайдо хоҳанд кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар хабарнигор ба кормандони милиса муроҷиат карда бошад, "ҳатман чора меандешанд."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ бовар дорад, ки ҳамлаи ахир ба кори хабарнигориаш рабт дорад. Чун бо "касе даъвое надорад" ва қаблан ҳам чандин зангҳои таҳдидомез гирифта буд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, "як моҳ пеш нафаре занг зада, хеле таҳқиру таҳдид кард, ки ҳатман туро ёфта мезанем ва бо ту ҳисобӣ мекунем".

"Гуфт, ки чаро дар Радиои Озодӣ мусоҳиба додӣ ва гуфтӣ, ки бояд рӯзи пойтахтро ҷашн нагирем? Тӯ мегӯӣ карантин шавад? Боз гапҳои зиёдеро ба сари ман бор кард. Ҳаминро далел оварда, хеле дашном кард. Сабт карда мондаму лекин ҷиддӣ нагирифтам, чун бо дашном омехта буд", - афзуд ӯ.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ афзуд, ба ғайр аз ин занги таҳдидомез ду рӯз қабл аз ҳодиса нафаре ба ӯ тамос гирифта, хостори вохӯрӣ шудааст: "Ин шахс аз куҷо буданашро нагуфт. Танҳо гуфт, ки “Суҳроб аз Кӯлоб аст” ва мехоҳад вохӯрад. Ҷойи вохӯриро шоми 9-уми май дар яке аз ошхонаи маҳаллаи 46-и Душанбе таъин кардам ва барои эҳтиёт рафиқамро ҳамроҳ гирифтам, аммо вақте ба ҷойи вохӯрӣ расидем, нафари ношинос дигар телефонро хомӯш кард."

Оҷонси хабарии "Азия-Плюс", ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар онҷо кор мекунад, дар як гузориш навишт, "вақтҳои ахир афроди ношинос ба Абдуллоҳ таҳдидҳо карда буданд". Мақомот ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Бархе аз хабарнигорон ҳамла ба Абдулло Ғурбатиро ҳамлаи ошкор ба озодии баён ва фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон донистанд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзҳои ахир фаъолона мушкили шифохонаҳо ва масоили вобаста ба бемории ҳамагирро бозтоб медод.

Чандин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нигаронӣ аз латту кӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ навиштаанд, ба пайдо шудани омилони латту кӯби хабарнигор шубҳа доранд. Чун ба таъкиди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳашт сол қабл Далер Шарифов, рӯзноманигори дигари тоҷик ҳам латту кӯб шуда буд ва то ҳол афроди ҳамлакунанда муайян нашудаанд.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгар ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, аз мақомот хостааст, дар наздиктарин фурсат вокуниш кунанд.

Ӯ дар Фейсбук навишт, "барои ин ҳамкасби мо табибонро муҳайё насозанду ҷинояткоронро пайдо накунанд, назару фарзияи мардум дигар хоҳад шуд ва ҳатман хулоса хоҳанд кард, ки ин ҳодисаи нангин ба хотири тарсзоӣ дар ҷомеа рух додааст."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ беш аз як сол инҷониб дар хабаргузории "Азия-Плюс" кор мекунад. Қаблан дар Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Вай бештар мушкилоти мардумро ба баррасӣ мегирад. Дар рӯзҳои ҳангомаи баландшавии нархи орд дар Тоҷикистон аз байни анбӯҳи одамон дар навбатҳо мепурсид, ки “барои чӣ орди зиёдеро харидан мехоҳед?” ё санҷидан хост, ки дар шароити пандемия тоҷикон омода ҳастанд, барои бехатарӣ аз баҳри саломи дастӣ бигзаранд. Дертар корбарони наздик ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз онҳо "фабрикаи ҷавоб" ном мебаранд, дар наворе ба ӯ "дарафтоданд".

Аз он пеш дар моҳи октябри 2019 дар ҳоле ки мақомот вуҷуди "облава"-ро рад карда, иддао доштанд, ки сафи довталабони хидмат дар артиш афзудааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ "сарбозшикор"-ро таҷруба кард ва аз ҷалби маҷбурӣ ба хидмати сарбозӣ гузориш дод.

Ҳамла ба хабарнигор дар ҳоле сурат гирифт, ки созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) моҳи апрел дар шохис ё индекси нави озодии матбуот Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод. Тоҷикистон соли 2018 дар ҷойи 149-ум буд. Дар ду соли ахир, ба қавли ин созмон, шароити кори матбуоти мустақил дар Тоҷикистон сангинтар шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG