Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳо билет мефурӯшанд, Тоҷикистон ҳанӯз ба парвозҳо иҷоза надодааст. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи оғози парвозҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ба самти Русия, рад карданд. Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ ва баръакс аз нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст. ​

Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ҳанӯз ба ҳавопаймоҳои ягон ширкат иҷозаи парвоз надоданд ва рафтуои ҳавоӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки чанд ширкати ҳавопаймоии русӣ ба фурӯши билет ба самти Тоҷикистон оғоз карданд.

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ рӯзи 4-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, парвозҳои маъмулии ҳавопаймоҳо ба Русия ва кишварҳои дигар "танҳо пас аз муътадил шудани вазъияти вобаста ба CОVID-19 ва эълони расмии мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад". Онҳо санаи дақиқеро ба забон наоварданд.

Изҳороти ахири мақомот дар пайи он садо дод, ки чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ муштариёни худро дар бораи фурӯши билетҳо ба самти Тоҷикистон огоҳ карданд. Хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз масъулони ширкати "Ют Эйр" навишт, ки барои парвоз ба Душанбе билет мефурӯшанд. Дар сомонаи ширкат навишта шудааст, парвозҳо ба тарафи Душанбе аз 30-юми июн оғоз меёбад.

Ҳамин тавр, ширкати "Уралские авиалини" ба муштариён билетҳоро ба самти Тоҷикистон баъд аз 13-уми июл пешниҳод кардааст. Ҳарчанд намояндагони ширкат дар Душанбе аз оғози парвозҳо изҳори бехабарӣ карданд.

Аз хабари гӯё оғози парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия бештар муҳоҷирон хурсанд шудаанд. Дар як рӯзи ахир чандин нафар ба Радиои Озодӣ нома навишта ва пурсидаанд, ки оё билет харанд ё не. Акрам, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, ду моҳ аст, ки интизори боз шудани парвозҳо ба Русия аст ва аз бекорӣ дар ватан "хаста шудааст".

Акрам ва садҳо муҳоҷири тоҷик ҳамасола бо оғози фасли баҳор барои кор ба Русия мерафтанд, аммо баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ нақшаи ҳарсолаашонро ба ҳам зад. "Ҳоло аз бекорӣ намедонам ба куҷо равам? Аз бонк қарздорам, пул барои деҳқонӣ нест. Рафиқони рус даъват доранд, ки биё, кор зиёд аст. Аммо чӣ хел равам?" - мепурсад ӯ.

Ширкатҳо билет мефурӯшанд, Тоҷикистон ҳанӯз ба парвозҳо иҷоза надодааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Ҳамагуна хабар дар бораи парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия ё баръакс дар миёни муҳоҷирон хуш қабул мешавад. Чун садҳо нафар мехоҳанд аз Тоҷикистон ба Русия раванд ё аз онҷо ба ватан баргарданд.

Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, феълан аз харидани билет худдорӣ кунанд, чун замони пурра бардошта шудани маҳдудиятҳои вобаста ба бемории ҳамагир дақиқ нест: "Айни замон парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст."

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ду ҳафта пеш ба иҷрои нақшаи марҳила ба марҳила овардани онҳо аз хориҷа оғоз кард. То ин дам бо парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ даҳҳо нафарро аз Русияву Ҳиндустону Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Олмон баргардонданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG