Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нӯҳ моҳ маош нагирифта буд". Худкушии як корманди Фурудгоҳи Душанбе. ВИДЕО


Шерафган Хоҷақулов, корманди фурудгоҳи Душанбе, ки худкушӣ кардааст. Акс аз наздиконаш

Наздикони Шерафган Хоҷақулов, корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, гуфтанд, ки ӯ нисфирӯзии 26-уми октбяр худкушӣ кардааст. То ин дам масъулони Фурудгоҳ барои посух гуфтан дар ин маврид дастрас набуданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Хоҷақулов ба нишони эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Чаро корманди Фурудгоҳи Душанбе худкушӣ кардааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулов, рӯзи 26-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13-и рӯзи душанбе ба бародараш паёмак фиристодааст, ки "омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред".

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то ин дам ба зангҳои батакрори мо посух надоданд ва ҳодисаро шарҳ надоданд.

Умед Хоҷақулов, бародари Шерафган Хоҷақулов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ҳақи истифодаи манзили иҷора 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, бародараш баъд аз хизмати ҳарбӣ дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард, вале бо исрори батакрори ӯ роҳбарияти фурудгоҳ маошашро моҳҳо надодааст.

Бародари Шерафган гуфт, ҷасадро ба ӯ нишон доданд ва ӯ "осори тирро дар дили бародараш дидааст".

Ҷасади Шерафган Хоҷақуловро аввал ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе бурдаанд. Дар бинои Беморхонаи ёрии таъҷилӣ кормандони зиёди милиса ҳозир буданд ва ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи ворид шудан ба дохилро надоданд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.

Ҷасади Шерафганро шоми 26-уми октябр барои ташхис аз бемористони Ёрии таъҷилӣ ба шаҳраки тиббӣ бурданд. Дар назар аст, ки баъд аз он ҷасади ин корманди фурудгоҳро ба наздиконаш месупоранд.

Даст ба худкушӣ задани Хоҷақулов дар ҳолест, ки чанд моҳ қабл низ чандин корманди фурудгоҳи Душанбе аз нагирифтани маош шикоят карда буданд. Ин кормандон моҳи июли имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, аз 20-уми март инҷониб дастмузди худро гирифта наметавонанд.

Вокуниши маъмурияти Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ба ин қазия алҳол дастрас нашудааст.

Дар маъмурияти Фурудгоҳи Байнулмилали Душанбе се моҳ қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, бинобар қатъи парвозҳо ночор кормандонро ба рухсатии бемузд фиристоданд, аз ин рӯ, ба онҳо маош дода намешавад. Ҳарчанд хешовандони Шерафган Хоҷақулов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ дар рухсатӣ набуд ва барои таъмини амнияти фурудгоҳ сари кор буд.

Дар фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1500 нафар фаъолият мекунанд.

Дар пасманзари даст ба худкушӣ задани Шерафган Хоҷақулов корбарони зиёд дар Фейсбук навиштанд, чӣ гуна ҳамарӯза панҷ парвози чартерӣ аз Русия ба Душанбе парвоз мекунанд, вале масъулони фурудгоҳ маоши кормандонро намепардозанд.

Шарҳҳоро бинед (42)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG