Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз коронавирус. Ду ҷамоатро дар Суғд зери заррабин гирифтанд


Аксро корбарони хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 8-уми апрел фиристодаанд

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар марз бо Қирғизистон сахттар карда, ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро зери заррабин гирифтанд. Ҷое, ки дар як тарафи кӯча Тоҷикистон ва дар тарафи дигар Қирғизистон воқеъ аст.

То ин дам дар Қирғизистон 280 ҳолати олудагӣ ба коронавирус сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ягон мавриди гирифторӣ ба бемории КОВИД-19-ро дар кишвар ба қайд нагирифтанд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сахттар шудани назорат дар марз, аз ҷумла ташкили ихтиёриён, аз рӯзи душанбеи 6-уми апрел шуруъ шуд. Бархе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдоми мақомотро барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус нокофӣ мехонанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Овчӣ-Қалъача вохӯрда, аз онҳо талаб кардааст, ки ба ҳеч сурат марзро нагузаранд ва ба Қирғизистон нараванд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд кӯчае, ки аз ду тараф Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир шудаанд, марзбонон ва маъмурони милисаро гузоштаанд. Ба қавли Юнусов, "илова ба марзбонон ва кормандони милиса дружиначиёни ихтиёрӣ ташкил шудаанд, ки мардумро барои нагузаштан аз марз огоҳ мекунанд."

Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тасмими мақомоти тоҷик хабар надоранд. Вай афзуд, ин кори дохилии Тоҷикистон аст.

Ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар марзи Қирғизистон ҷойгир шудаанд. Дар ин минтақа сарҳад пурра аломатгузорӣ нашудааст ва чанд кӯчае ҳаст, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Ба гуфтаи масъулин, танҳо дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача 30 километр роҳ аст, ки аз ду тараф Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир шудаанд. Дар ҷамоати Хистеварз, ба гуфтаи сокинон, тақрибан 10 километр роҳ феълан ҳамчун марзи эҳтимолии ду кишвар аст. Инчунин ба гуфтаи сокинон, роҳҳои зиёди пинҳонӣ ҳаст, ки сокинони наздимарзӣ ба кишварҳои якдигар мегузаранд.

Қурбонҷон, сокини ҷамоати Хистеварз, мегӯяд, мақомот дар сари роҳҳои асосии ҷамоат постгоҳ гузошта, назоратро сахт карданд, аммо ба роҳҳои пинҳонӣ таваҷҷуҳ намекунанд.

"Дар ҷойҳое, ки аз як тарафи кӯча Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон аст, сарбозон дар миёни роҳ нестанд. Худашон дар роҳҳои асосӣ нишаста, назорат доранд, лекин он роҳҳои “пинҳонӣ”-ро дуруст назорат накарда истодаанд. Вақте назорат намекунанд, хавфи гузаштани беморӣ вуҷуд дорад", - гуфт мусоҳиби мо.

Мақомот чунин интиқодҳоро рад мекунанд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз аз марзбонон, шабона дар 9 нуқта дунафарӣ ихтиёриён истода, гузаштани одамонро назорат мекунанд.

Одинаев афзуд, ихтиёриён, ки аз ҳисоби аҳолӣ ташкил шудаанд, дар сурати мушоҳидаи афроди бегона ба марзбонон ва кормандони милиса хабар медиҳанд.

Гузоштани постгоҳҳо ва пурзӯр шудани назорат дар ду ҷамоати наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз он сурат гирифтааст, ки як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ба гуфтаи мақомот, аз илтиҳоби шуш даргузашт ва чандин нафари тамосдошта бо ӯ, аз ҷумла пизишконро ба "карантин" гирифтанд.

Назорат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки то ҳол аз 976 километр сарҳад танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудаасту бас.

Ҳарчанд марзи Қирғизистон аз ду ҳафтаи қабл бастааст, сокинонро ин чиз нигарон кардааст, ки тавассути нуқтаҳои муайяннашудаи марз мумкин аст сокинон рафтуо кунанд ва эҳтимоли паҳн шудани вирусро бештар намоянд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин нигарониҳо мегӯянд, назорат сахт ва ҳамаи нафарони аз Қирғизистон омада, ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳам ба сокинони ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача гуфтааст, "дар сурати убуру мурур намудани хатти сарҳад шаҳрвандон ба карантин фаро гирифта мешаванд".

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои камшуморест, ки ба гуфтаи мақомот то ҳол мавридҳои олудагии сокинон ба вируси нави корона ошкор нашудааст. Бархе аз мунтақидон ба ин гуфтаҳо бо шубҳа менигаранд, вале мақомот ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG