Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо вирус – ҷабҳаи иттиҳоди миллат


Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор
Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор

Талабшоҳи Салом, рӯзноманигор

Чандест, ки бедодии вируси корона дар ҷаҳон ҷони беш аз 160 ҳазор нафарро рабуда ва ин мавзӯъ таркише дар расонаҳо барпо карда. Бинобар ин кишваре нест, ки омодагӣ барои мубориза ба ин балоро сарфи назар карда бошад. Тоҷикистон ҳам дар зумраи ин кишварҳост, ки дар ҳалқаи кишварҳои гирифтори ин вирус аст ва хушбахтона, мақомоти расмӣ ва зирабт иттилоот дар бораи вуҷуди ин вирус дар кишварро ҳамвора рад кардаанд.

Ин вирус фаротар аз як беморӣ шуд ва абъоди иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ низ касб кард, ки аз ин нигоҳ, ба он ба унвони манбаи як буҳроне низ нигариста мешавад. Маъмулан дар чунин буҳронро гурӯҳҳои фурсатталаб аз он истифода мекунанд ва мехоҳанд бо истифода аз вазъ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намоянд, ё нотавонии ҳукуматҳоро бештар ба намоиш бигузоранд, ки ин усул ҳам шевае аз ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти худи чунин гурӯҳҳост. Аммо вазъе, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, баръакс гунае аз иттиҳодро ба намоиш гузошт, ки бозгӯе аз мақоли “гӯштро аз нохун ҷудо карда намешавад” будааст.

Дар Эрон ба муборизаи якҷоя бо вируси корона ҳамвора таъкид мешавад, аммо дар миёни нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон ин иттиҳод ба шеваи худҷӯш ба миён омад, ки далеле бар адами душманӣ дар дохили як миллат аст. Агар бархе сӯистифодаҳо дар фурӯши коло дар бозорҳоро сарфи назар кунем, метавон гуфт, тоҷик бо вуҷуди доштани дидгоҳҳои мухталиф дар қиболи мушкилоти азиме, ки миллатро фаро мегирад, метавонад иттиҳодро ҳифз кунад.

Дар ин зимн муҳимтарин қишре, ки талош кард, нақши мусбате дар ин шароит дошта бошад, мухолифон ва мунтақидони ҳукумат ҳастанд. Ин ду гурӯҳ, ки дар шароити одӣ аз ҳукумат шадидан интиқод мекарданд, бо вуҷуди доштани тардид ба фошгӯиҳои ҳукумат ҳангоми ҳамагир шудани корона аз иқдомоти ҳукумат дар ҷиҳати пешгирӣ аз он ҷонибдорӣ ва ҳатто даъват карданд, ки ба факту арқоми ироашуда аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ҳукуматӣ бовар карда шавад. Ҳол он ки бовар доштан ба ҳукумат аз муҳимтарин шартҳои машрӯият ва вуҷуди он дар ҳама гуна ҷомеаҳост.

Мунтақидоне ҳам, ки аз ҳукумат шадидан интиқод мекарданд, дар шароити хурӯҷи корона дар ҷаҳон, бахусус дар Русия ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар ин кишвар ба тавзеи маводи хӯрока дар миёни муҳоҷирон машғул шуданд. Онҳо қисме аз масъулиятҳои ҳукуматро ба уҳда гирифтанд. Ҳол он ки ҳукумат метавонист дар ин вазъ аз Русия бихоҳад, ки имтиёз ва бурсияҳоеро ба муҳоҷирон бидиҳад.

Иқдоми баъзе аз ҳамватанон, бахусус афроде, ки ба унвони ҳомиёни ҳуқуқи коргарони муҳоҷир матраҳ ҳастанд, дар ростои тавзеи маводи ниёзи аввал беҳтарин иқдом ва паёми рӯшане аз ташаккули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ин иқдом агар аз як тараф ба ҳамбастагии афроди миллат далолат мекунад, аз тарафи дигар далолат бар шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ доранд, ки он дар таърифи кутоҳ ташаккули ҷомеа бидуни дахолати давлат будааст.

Чунин як муносибати мухолифин дар баробари ҳукумат дар шароите ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус ба кишвар талош мекунад, ҳокӣ аз он аст, ки касе душмани касе нест. Танҳо ин ҷо “масъала” дар дидгоҳҳост, ки роҳҳои мухталиферо барои ҳалли мушкили як миллат пешниҳод мекунанд. Ин равиш дар кишварҳои рушдёфта на танҳо саркӯб намешавад, балки аз он истифода мешавад.

Коронавирус танҳо масъалае нест, ки дар мубориза ба он ҳаръайӣ ба назар мерасад, балки ҳадди аққал ду рӯйдоди дигареро низ мушоҳида кардаам, ки аз чунин хусусият орӣ набуданд. Аввалӣ нармиш дар равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон буд ва дувумӣ баҳрабардорӣ аз чархаи аввали НБО-и “Роғун”. Он шабу рӯз гӯё Тоҷикистон мухолиф надошт, ҳама бо ҳама аз ин иқдомот ҷонибдорӣ мекарданд.

Ин гуна рӯйкардҳо ҳокӣ аз он аст, ки омилҳои ҳифзкунандаи иттиҳод дар миёни ҷомеа вуҷуд доранд ва танҳо онҳоро бояд тақвият дод. Истифодаи мусбат аз ин авомил ба суди миллат хоҳад буд. Аз ин рӯ агар интиқодҳои зимние дар бораи равишҳои кор сурат мегирад, на бояд ба масобаи душманӣ қаламдод шаваду аз он сӯистифода. Ба ҷойи ин гуна бархӯрд беҳтар аст, фазои гуногунандешӣ ба вуҷуд ояд, то ин ки миллат ба гурӯҳҳои мутахосим қисмат нашавад.Зеро ин гуна интиқодҳо вобаста ба интизориҳои ҷомеа аз ҳукумат рӯйи кор меоянд. Агар гӯянд, ки ҳукумат коре намекунад, камоли беинсофӣ хоҳад буд, аммо шароит, вазъ, замон ва арзишҳои замонӣ тақозо мекунанд, ки таваққӯъҳо низ тағйиру бузургтар шаванд. Дар ин зимн агар аз давлатҳо интиқод мешавад, ба ин маънист, ки он давлат на танвонистааст таваққӯоти нерӯҳои сиёсӣ ё нерӯҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро бароварда созад. Шояд ин гуна нерӯҳо зарфияти ҳукуматро шинохтаанд, аммо аз камкории он дар ростои истифода аз ин зарфиятҳо норозӣ ҳастанд, ба ин хотир аз тариқи интиқод роҳкорҳое пешниҳод мекунанд, ки истифода аз он бар салоҳи кор аст. Бинобар ин бузургнамоии ин таваққӯот ба ҳадди душманӣ на ба суди миллат аст ва на ба суди ҳукумат, вале шинохти онҳо ҳамбастагии миллатро тақвият хоҳад кард.

Таърихи на чандон дури Тоҷикистон собит кард, ки таъмин набудани фазои гуногунандешӣ ва фароҳам набудани шароит барои он фоҷеаҳоеро ба дунбол хоҳад дошт. Замон ва арзишҳо тағийр кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин наметавон пеши андешаву дидгоҳҳоро гирифт, бинобар ин салоҳи кор он аст, ки фазое барои ҳамзистии ин дидгоҳҳо ба вуҷуд оварда шавад. Ин фазо агар ба вуҷуд оварда нашавад, албатта, вазъ аз ҷониби нерӯҳое, ки хайри ҳеҷ як нерӯи тоҷикиро намехоҳанд, истифода мешавад. Ин таҷриба дар соли 1992 истифода шуд, вале ба он таваҷҷуҳи лозим зоҳир нашуд, ки хусумату кушторро дар пай дошт. Билахира бозигарони аслӣ баъди зери хатар қарор гирифтани манофеи эшон ҷонибҳоро боз ба ҳам оварданд.

Ёдоварӣ аз он солҳо ҳеҷ гоҳ ба манзури бозгашт ба он солҳо нест, балки таъкид болои он аст, ки агар пароканда ҳам бошем, нуқоте барои иттиҳоди мо вуҷуд доранд. КОВИД-19 инро собит кард. Пас бояд аз он истифода кард ва гуногунандеширо барои сарҷамъии миллати пароканда ба кор бурд. Бигзор андешаҳо мухталиф бошанд, аммо якҷову муттаҳид бошем, то дар рӯзҳои сахт андешаро канор бигузорем ва дунболи амал шавем.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG