Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири нахуствазири Покистон дастури Додгоҳи Олиро маҳкум кард


Раҷо Парвиз Ашраф
Раҷо Парвиз Ашраф
Додгоҳи Олии Покистон дастур додааст, ки Раҷо Парвиз Ашраф-нахуствазири Покистон барои даст доштан дар ришвахорӣ боздошт шавад. Раҷо Парвиз Ашраф дар робита бо тарҳҳои энержӣ ба ришвахорӣ роҳ додааст.

Додгоҳи Олӣ барои ҳабси вай ва 15 нафари дигар 24 соат вақт додааст.
Раҷо Парвиз Ашраф қабл аз расидан ба мақоми нахуствазирӣ вазири обу энержии Покистон буд. Вай инкор кардааст, ки дар соли 2010 ҳангоми имзои тарҳҳои энержӣ ришва наситонидааст.

Фавод Чоудрӣ-мушовири Ашраф дастури Додгоҳи Олдиро маҳкум кард ва гуфт, ки он аз чаҳорчӯбаи Қонуни Асосӣ берун аст.

Ин дар ҳолест, ки Мавлоно Муҳаммад Тоҳир Қадрӣ рӯҳонии кишвар ва яке аз мухолифони ҳукумат истеъфои ҳукуматро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG