Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти тухм 90 фоиз кам шудааст


Воридоти тухми мурғ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 90 дар сад коҳиш ёфтааст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ба иллати банд мондани қаторҳои роҳи оҳан мӯҳлати истифодаи тухмҳои воридотӣ мегузашт. Сиҷоуддин Исроилов, ноиби вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тухми мурғ пас аз тавлид то панҷ рӯз бояд ба дасти истеъмолкунанда бирасад, дар сурати ғайр сифаташро аз даст медиҳад.

Ӯ мегӯяд, ҳоло корхонаҳои дохилӣ истеҳсоли тухми мурғро афзоиш додаанд ва дигар ҳоҷат ба воридоти бештари тухм ҳам намондааст: “Се сол пеш ин тасавурнокарданӣ буд, ки мо дигар тухм ворид намекунем. Ба соҳибкорон имконият дода шуд ва дар як муддати хеле кӯтоҳ бозори дохилиро ба даст гирфитанд. Ҳоло дар бозори кишвар фақат тухми мурғи дохилӣ дар фурӯш гузошта шудааст. Гӯшти мурғ ҳам дар ин баробар истеҳсолаш афзоиш ёфтааст ва солҳои наздик воридоти он аз хориҷи кишвар низ коҳиш хоҳад ёфт.”

То кунун ба Тоҷикистон аз Эрон тухми мурғ ворид мешуд. Тухми мурғ аз хӯроки аслии хонаводаҳои миёнаҳол дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳоло як дона тухм дар бозорҳои маҳаллӣ аз 70 то 85 дирам қиммат дорад.

XS
SM
MD
LG