Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фархундаро дар Кобул ба хок супурданд


Тобути Фархунда
Тобути Фархунда

22 март Фархунда-хонуме, ки гӯё барои оташ задани Қуръон дар Кобул аз тарафи гурӯҳе то дами марг лату кӯб шуд, дар қабристони Кобул ба хок супурда шуд. Тобути вайро то қабристон занони фаъоли ҳуқуқи башар рӯи даст бурданд.

Дар маросими ҷанозаи Фархунда мардум аз ҳукумат хостанд, ки қотилонро ба муҷозот кашад. Муҳаммад Зоҳир-мақоми баландпояи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон гуфт, ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки Фархунда Қуръонро оташ зада бошад.

Пулиси Кобул мегӯяд, Фархундаро шоми 19 март як гурӯҳи асосан иборат аз мардон лату кӯб карданд, ҷасадашро оташ заданд ва сипас онро ба соҳили рӯдхонаи Кобул партофтанд.

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур куштори Фархундаро маҳкум кард ва дастур дод, ки ба ин куштори фаҷиона расидагӣ сурат бигирад. Пулис мегӯяд, ки дар робита бо ин куштор 13 нафар богздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG